Тотураи туркӣ
Ва ё аз Димишқ то Душанбе масофа чанд аст?
То имрӯз ҳамин қадар маълум аст, ки дар паси «оппозитсияи Сурия», ки барқосо чанд минтақаи ин кишвари ҷангзадаро тасарруф кард Анқара меистад. Бархе аз таҳлилгарон изи Телавивро ҳам мебинанд. Оё шамоли ин ҳодисот ба Душанбе ҳам мерасад ва аз Димишқ то Душанбе масофа чанд аст?
РӮБОҲ БА ГАРДУН ГИРИФТАН
Рӯбоҳи пир – Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки худ як диктотур аст, аз Башор Асад камӣ надорад. Ҳам ину ҳам он душмани демукросӣ ва мардумсолориянд. Танҳо яке соддалавҳу дигаре маккортар. Эрдуғон вақте Сурияро фурӯ бурдан хост, ки ҷаҳон гирифтори ҷанги Фаластину Исроил, Русияву Укроин аст. Бойден «мурғобии ланг» асту бози ҷангӣ – Тромп дар боми Кохи сафед нанишастааст.
Бо «амалиёти Сурия» Эрдуғон ҳам дили миллатгароёни Туркияро ба даст меоварад, ҳам Исроилу Амрико сано мехонанд, ки фоҷиаи Ғазза фаромӯш мешавад ва ҳам пои Эрону Русия аз Сурия канда мегардад. Муҳим аз ҳама ҳалқаро ба гирди душманони ҳамешагияш – курдҳо танг мекунад.
ИМПЕРАТОР Ё ПАНТУРКИСТ?
Эрдуғон на танҳо мехоҳад унвонҳои «султони мусалмонон», «пуштибони ислом»-ро нигоҳ дорад, инчунин чун эҳёгари империяи усмонӣ ҳокимиятро аз даст надиҳад ва дар таърих бимонад.
Иваз кардани номи «Осиёи Миёна» ба «Туркистон», таъсиси «Созмони Кишварҳои Туркӣ», даъвати ин кишварҳо ба гузаштан ба хатти лотинӣ чизе чуз миллатгароӣ номе дигар надорад.
Эрдуғон мегӯяд:
«Мо шона ба шонаи ҳамдигар талош хоҳем кард, то марҳилаи ояндаро ба даврони туркҳо табдил ва назарияи «Қарни Туркия»-ро ба Cозмони Кишварҳои Туркӣ густариш диҳем».
ИНТЕРНАТСИОНАЛИ ИСЛОМӢ
Оппозитсияи Сурия ҳолиё номи «Таҳрир-аш-Шом»-ро гирифтааст. Аммо дар асл аз ҳамон пайравони ДОИШ ва Ал-Қоида аст. Дар сафи он арабҳо, чеченҳо, ӯйғурҳо, ӯзбекҳо ва тоҷиконе, ки дар Ироқу Сурия меҷангиданд, бо ҳам омадаанд. Баъди танаффуси иҷборӣ як бахши онҳо ба Афғонистон фирор карданд, бахши дигаре дар Туркия паноҳгоҳ ёфтанд ва баъди аз ғалбери мақомоти қудратии Туркия гузаштан ба Абумуҳаммад Ҷулонӣ – роҳбари мухолифони Сурия пайвастанд.
«БАЧЧАҲОИ ХУДӢ»
Дар байни ҷангиёни Ҷулонӣ бисёр тоҷиконеро мебинем, ки аз корномаҳои худ ҳикоят мекунанд: «тарафдорони Башшор Асадро куштем», «сурати Хоманаӣ ва байрақи Русияро оташ задем», «рофизиҳоро (хонда шавад шиаҳоро) куштем»…
Ба чунин наворҳо ҷавонони дигари тоҷик ошиқона шарҳ менависанд: «ваҳ, баччаҳои худамонэ, офарин!» «мо бо шумоем!», «чӣ хел бо шумо ҳамроҳ шавем?», «муҷоҳидони ҳақиқӣ», «биёед, баъди Сурия Ватани худамонро аз мушрикон ва кофирон озод кунем!»
Ду нукта:
Яке. Бо даъвати ҳамин ҷангиёни зархарид муҳоҷирони тоҷик ба онҳо пул мефиристанд.
Дигаре. Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари наҳзатиён ошкору ниҳон аз он «муборизон» ҳимоят мекунад ва дар пайи ёрҷӯиву дилёбӣ бо онҳост.
БА ҶОИ ХУЛОСА
«Мапурс, зангҳо барои КӢ ба садо медароянд?»
Ва КӢ кафолат медиҳад, ки фардо Эрдуғоне пайдо намешаваду бо ин ҷангиёни абедониш ва беҳувийят роҳ ба сӯи Тоҷикистон намегирад?!
Худо ба ҳамроҳ!
То дидор дар Душанбе!
Додоҷон Атовуллоев
Қаламонлайн