Тоҷикистон ба дигар кишварҳо таҷҳизоти низомӣ ирсол намекунад

Тоҷикистон ба дигар кишварҳо таҷҳизоти низомӣ ирсол намекунад

Ахбори Вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом намудааст: “Тоҷикистон  ба дигар кишварҳо таҷҳизоти низомӣ ирсол намекунад!”

Ин раддия дар паи изҳороти Дмитрий Гордон, рӯзноманигори украинӣ дар бораи монтож ва ҳамли паҳподҳои эронӣ барои амалиёти низомӣ дар Украина мунташир шудааст.

Дар ин баёния омадааст:

Мо таъкид мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти низомиро ба кишварҳои дигар содир намекунад. Инчунин аз Дмитрий Гордон рӯзноманигори украинӣ, ки чунин иттилоотеро мунташир мекунад, хоста шудааст, ки дар мавриди сиҳҳати иттилоот ба диққат баррасӣ кунад то барои мухотабон қобили бовар бошад.
Ҳамчунин таъкид шудааст: Мо ба шумо иттилоъ медиҳем, ки Тоҷикистон ҳеч дархост ё паёме аз Киев, дар ин замина дарёфт накардааст.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Ба ҷавонмардӣ кӯш”
Эъломи омодагии Тоҷикистон бар густариши равобити фарҳангӣ бо Эрон

Матолиби пурбоздид