Тоҷикистон бо ҷазои дастаҷаъмона тааҳҳудномаҳои байналмилалиро зери по кардааст

Таҳлили хабарӣ

Тоҷикистон бо ҷазои дастаҷаъмона тааҳҳудномаҳои байналмилалиро зери по кардааст

Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Бунёди Бузургмеҳр: Тоҷикистон бо ҷазои дастаҷаъмона тааҳҳудномаҳои байналмилалиро зери по кардааст

Номаи саркушода

Ба;

Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди СММ

(United Nations Human Rights Council)

Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо. (Organization for Security and Co-operation in Europe )

Созмони Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee)

Дидбони ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch)

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC)

Намояндаи Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон ( Delegation of the European Union to Tajikistan)

Сафоратхонаҳои муқими кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон

Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Бунёди Бузургмеҳр диққати шуморо ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳассоси ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷалб мекунад. Новобаста аз он, ки ҳукумат ва мақомоти қудратии Тоҷикистонро ҳамавақта шадидан аз тарафи мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ барои поймол намудани ҳуқуқи инсон танқид карда мешаванд, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар Тоҷикистон на танҳо давом дорад балки рушду тақвият меебад ва инчунин як амали оддӣ ва маъмулӣ шудааст.

Масъалае, ки мо мехостем диққати шуморо ба он ҷалб кунем ин масъалаи ҳарчи бештар истифода намудани ҷавобгарии дастаҷаъмона мебошад.

Новобаста аз оне, ки қонунгузории дохилии кишвар ва ҳам байналмиллалӣ ин гуна чавобгариро ғайриқонунӣ дониста онро шадидан маҳкум мекунад мақомоти қудратии Тоҷикистон аз он барои мубориза бо мухолифини сиёсӣ васеъ истифода мебарад.

Тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахс дорои ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Моддаи 17-и ин санад таъкид менамояд, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробар мебошанд ва давлат кафолати ҳимояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро медиҳад.

Ҷавобгарии инфиродӣ яке аз принсипҳои асосии қонунгузории ҷиноятӣ ҳисобида мешавад. Дар моддаи 7 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оварда шудааст, ки ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори шахсии худ.

Инчунин, қонунгузории байналмиллали низ истифодаи ҷавобгарии дастаҷаъмонаро ғайриқонунӣ меҳисобад. Ин нуқта дар бисёр ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ оварда шудааст, аз он ҷумла дар Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон узви он мебошад, дар моддаи 26 таъкид карда мешавад, ки ҳар як давлат барои ҳама шахсон бояд бе ҳеҷ гуна табъиз, баробарии пурраи ҳуқуқ ва ҳимоя аз қонунро таъмин намояд. Ин меъёрҳои байналмилалӣ бори дигар таъкид мекунанд, ки ҷавобгарии дастаҷаъмона амали ғайриинсонӣ ва ғайриқонунӣ мебошад, зеро он ҳуқуқ ва озодиҳои шахсиро поймол мекунад.

Новобаста аз ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтааш ҳукумати Тоҷикистон ин амали зишту ғайриқонуниро баҳри мубориза ба муқобили мухолифини сиёсиашон ва ҳатто мардуми одди васеъ истифода бурда истодааст.

Аз маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои наздикони ин гуна шахсон ба мисоли аз кор рондан, маън кардани ҳама гуна муомилоти молияви, набаромадан аз минтақаи зист, манъи муошират бо наздикон ва рузноманигорон ва болотар аз ин то ҳабси наздикони мухолифин бо парвандаҳои бофта ва ҳатто куштор расидааст.

Барои фишор овардани болои мухолифин ва шахсони таҳти ҳабс буда мақомотҳои қудратии Тоҷикистон нисбати хешу табор ва наздикони ин шахсон парвандаҳои бофта омода намуда онҳоро таҳти шиканҷа ва ҷазо қарор медиҳанд, дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, бо пешниҳоди далелу санадҳо қалбаки писарону бародарон ва наздикони мухолифинро аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон истирдод намуда барои амалу кирдори нокардаашон ва маҳз ба хотири фаъолияти сиёсии наздиконашон ҷазо медиҳанд.

Бунёди Бузургмеҳр ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ руйхати мукамали ин гуна ашхосро тартиб додаанд ва инҷо фақат кисмате аз онро овардаем:

1.Аслиддин Шарипови 37 сола бародари Шавкати Муҳаммад сардабири барномаҳои “Паём ТВ”, як расонаи наздик ба гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст. Аслиддин Шариповро дар Руссия моҳи сентябри 2022 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва якуми октябри соли 2023 ба Тоҷикистон истирдод карда ӯро бо қисми дуи банди 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор карданд. моҳи марти соли 2024 аз ҷониби додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба 12 сол зиндон шуд.

  1. Абдуллоҳи Шамсиддин 33-сола ва аз соли 2009 дар Олмон мезист. Моҳи январи соли 2023 аз Олмон ихроҷ карданд Ӯ писари Шамсиддин Саидов узви раесати Олии ҲНИТ. Абдуллоҳи Шамсиддинро моҳи марти соли 2023 бо гуноҳи “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.
  2. Шоҳида Маҳмадҷонова, модари 47-солаи Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи “Абдураҳмон 09” дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад. Муҳаммадҷонова моҳи апрели соли 2022 ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст
  3. Муслим Шерзамонов 56-сола, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ. Муслим Шерзамоновро моҳи июли 2022 ба ҷурми узви “гурӯҳи муташакили ҷиноӣ” ба 18 сол маҳкум ба зиндон кардаанд
  4. Ёқубова Очахон соли таваллуд 1949 модари Ёқубов Илҳомҷон. Ёқубов Очахон ,ки ба синни 75 расидааст ба хотири фаъолиятҳои сиёсии фарзандаш Илҳомҷон Ёқубов бо ҷурми ифротгароӣ бо моддаи ҷиноии 307 қисми 2 гунаҳкор дониста додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2023 ғоибона ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст ва ҳамчунин молу амволашро ҳукумати Тоҷикистон мусодира кардааст.
  5. Ҷӯраева Мунира соли тавалудаэ 1971, хоҳари Ёқубов Илҳомҷон.

Ҷӯраева Мунира

ба хотири фаъолиятҳои сиёсии бародараш Илҳомҷон Ёқубов ӯро додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ҷурми ифротгароӣ бо моддаи 307 қисми 2 ба панҷ сол дар ғоибияш маҳкум ба зиндон кардааст ва ҳамчунин молу амволашро ҳукумати Тоҷикистон мусодира кардааст

  1. Ёқубов Фаррух , соли таваллуд 1975 бародари Илҳомҷон Ёқубов.

Илҳомҷон Ёқубов узви Шурои ПМТ ва раиси Анҷумани мухочирони Осиёи Маркази аст. Ёқубов Фаррухро моҳи ноябри соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи 18-ум дар назди қатораи гаражҳо мармузона ҳалок шуда ёфтанд ва баъдан аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар қабристони ” Нури Ислом” ба хок супориданд.

  1. Комилов Раҷабалӣ соли таваллуд 1971 бародари Ҷаннатуллоҳ Комилов. Ҷанатуллоҳ Комилов узви раесати Олии ҲНИТ ва дар Олмон зиндаги дорад . Комилов Раҷабалиро моҳи январи соли 2023 дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расониданд.
  2. Бегмурод Холов соли таваллуд 1982. Хешованди фаъоли сиёсӣ Муҳаммадраҷаб Шоҳимӣ аст ва барои лайк ва комент навиштан дар фейсбук бо моддаи 307 қисми 2 ба

10 сол зиндон маҳкум шудааст.

  1. Саидумар Саидов хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов узви раесати Олии ҲНИТ. Саидумар Саидов ба хотири кумак ба Абдуллоҳи Шамсиддин ва комент навиштан дар фейсбук дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин бар асоси моддаи 307 иловаи қисми 2 ба 5 сол зиндон маҳкум шудааст.

11.Ҳукми панҷ хешованди , Муҳаммадҷон Саидов фаъоли сиёсӣ ва узви раёсати Олии ҲНИТ Онҳоро бо ҷурми гирифтани “маблағҳои ғайриқонунӣ аз хориҷа” гунаҳкор карданд. Дар асл онҳо аз хешовандонашон,ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд маблағ гирифтаанд.

Бино ба ҳукми додгоҳ

Нурулло Саидов (бародари С. А. Нурӣ) 5,5 сол;

Муҳибулло Нуриддинов (бародарзода) 5,5 сол;

Нусратулло Саидов (бародарзода) 5 сол;

Сайвалӣ Ризоев ( ним сол;)

Зуҳурбек Хоҷаев ( ним сол) зиндонӣ шудаанд.

12 Шералиев Мубориз соли таваллуд 1978 ва моҳи августи соли 2018 боздошт шуд ва бо моддаи 307 қисми 2 барои се сол зиндон шудаст . Шералиев Мубориз бародари Рӯзноманигор ва роҳбари портали ” Паём нет” Абдуманон Шералиев аст.

13.Шералиев Дилмурод 1980 , бо моддаи 307 қисми 2 ба се сол маҳкум ба зиндон шудааст ва ӯ писарамаки Шералиев Абдуманон аст.

  1. Рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоеваи 68 сола фаъоли ҷамъиятӣ барои 21 сол ва ба хотири фаъолиятҳои ҳуқуқӣ ва ҷаъмиятии Мамадшоева бародараш Хурсанд Мамадшоевро дар як ҳафта додгоҳ уро ба 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.Ӯ ба ташкили гирдиҳамоиҳо ва таъсиси созмони ҷиноӣ муттаҳам шудааст.

15.Холбаш Холбашев ба ҳукми абад маҳкум шудааст ва додситонӣ ӯро ба куштору терроризм муттаҳам карда дар баробари у бародарон ва хешовандони генералӣ нерӯҳои марзбонии КДАМ Холбаш Холбашовро маҳкум ба зиндон шудаанд

Сарбаланд Холбашов ба муддати 9,6 сол

Саидаброр Шодавлатов ба муддати 26 сол

Иброз Шодавлатов барои 10,5 сол

Азиз Шодавлатов ба 9,6 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ҷавобгарии дастаҷаъмона, яъне ҷазо барои амал ва ё барои пешгирии иҷрои ягон амал хилофи тамоми принсипҳои адолати судӣ ва ҳуқуқи инсон мебошад. Ин навъи ҷавобгарӣ на танҳо ҳуқуқ ва озодиҳои шахсиро поймол мекунад, балки ба беадолатӣ ва зӯроварии ҳуқуқии давлатӣ сабаб мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҳамаи ҳолатҳо ҷавобгарии ҳуқуқӣ танҳо ба шахсе, ки қонунро вайрон кардааст, татбиқ карда шавад.

Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ ва Бунёди Бузургмеҳр аз ҳама шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, ташкилот ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалӣ даъват мекунад, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷавобгарии дастаҷаъмона ҳамроҳ шаванд. Мо бояд якҷоя кӯшиш кунем, то ки адолат дар ҷомеаи мо ҳукмрон бошад ва ҳар як шахс ҳуқуқҳои худро муҳофизат карда тавонад.

Мо аз Шумо талаб дорем:

  1. Аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда шавад, “ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва иқдомоти иҷроиши онҳо дар дохили кишвар”-ро бе чуну чаро амалӣ кунад;
  2. Ҳукумати Тоҷикистон бегуфтугӯ ҳамаи онҳоеро, ки беадолатона зиндонӣ шудаанд, озод кунад.
  3. Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони сафоратхонаҳо дар Тоҷикистон дар зуддтарин фурсат аз вазъи зиндонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон дидан ба амал оранд.

1 Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ

2. Бунёди Бузургмеҳр

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Террори раҳбарон ва фармондеҳони Муқовимат дар ҳоли меҳмонӣ
Натонёҳу: “Рӯзҳои сахте дар интизори мост”

Матолиби пурбоздид