Мақомоти Тоҷикистон Дафтари Ҷабҳаи Миллии Афғонистонро таътил кардаанд
Ахбори минтақа
Бархе расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки мақомоти тоҷик, Дафтари Ҷабҳаи Миллии Афғонистон дар Душанберо бастаанд.
Гуфта мешавад, ахиран мақомоти Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти ин дафтар тардид карда онро таътил карданд. Аммо бархе расонаҳо таътилии онро ба далели адами фаъолияти Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон нисбат додаанд.
То кунун раҳбарии ин ҷабҳа ба таври расмӣ дар мавриди таътилии давтари худ дар Душанбе изҳори назаре накардааст.
Дар ин миён бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки аз он ҷое ки Русия робитаи хубе бо толибон дорад, Тоҷикистон наметавоад сиёсати Путинро дар ин замин нодида бигирад; аз ин рӯ маҷбур шудааст фаъолиятҳои мухолифони толибонро дар Душанбе мутаваққиф кунад.
Қаламонлайн