Тромп: “Агар ман раъй наоварам, Исроил вуҷуд нахоҳад дошт”
Ахбори байналмилал
Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури собиқи Омрико ва номзади кунунии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар, гуфт, чунончи рақибаш ба пирӯзӣ даст пайдо кунад, Исроил вуҷуд нахоҳад дошт.
Ба гузориши Ожонсии Anadolu, Тромп дар ҳамоиши солонаи “Эътилофи яҳудиҳои ҷумҳурихоҳ” дар Лас-Вегас гуфт: “Чашминтизорам соли оянда ба унвони 47-умин раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба ҷамъи шумо баргардам.”
Вай бори дигар муддаӣ шуд, чунончи ӯ раиси ҷумҳур мебуд, ҳамлаи 7-октябр ҳаргиз ба вуқӯъ намепайваст.
Тромп дар бахши дигаре аз иддаоҳои худ гуфт: “Вақте ман сари кор будам, Эрон ҳеч пуле надошт. Зарфи ин се сол, 530 миллион доллар ба даст овардаанд”.
Тромп ҳамчунин гуфт, дар сурате, ки Камала Ҳаррис, номзади Ҳизби демукрот ба унвони раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида интихоб шавад, “Исроил дигар вуҷуд нахоҳад дошт”.
Ӯ дар идома хитоб ба ҳозирон дар ин маросим тасреҳ кард: “Агар ба Тромп раъй надиҳед, кишваре нахоҳед дошт”.
Қаламонлайн