Тромп: “Музокироти мустақим бо Эрон шурӯъ шуд”
Ахбори байналмилал
Тромп: “Шанбе, гуфтугӯи “сатҳи боло” бо Эрон дорем”
“Макони музокиротро намегӯям”
“Эҳтимоли тавофуқ вуҷуд дорад”
Тромп гуфт, ки музокироти мустақим бо Эрон оғоз шудааст.
Ба гузориши “Асри Эрон”, раиси ҷумҳури Омрико гуфт, рӯзи шанбе эҳтимолан музокироти сатҳи боло бо Эрон баргузор хоҳад шуд.
Ӯ ин суханонро душанбешаб дар дидори Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед матраҳ кард.
Мақомоти эронӣ қабл аз ин гуфта буданд, бо Омрико вориди музокироти ғайримустақим хоҳанд шуд. Ба гуфтаи онон, Уммон гузинаи аслии мизбонӣ аз музокироти Эрон ва Омрикост. Теҳрон гуфтааст, музокирот бо Омрико бар сари масъалаи ҳастаиаш аст.
Тромп ҳамчунин гуфт, ин бадеҳӣ аст, ки ӯ тарҷеҳ медиҳад, ба тавофуқ даст ёфта шавад.
Вай афзуд, ки наметавонад бигӯяд, музокирот бо Эрон куҷо анҷом мешавад, аммо музокирот маҳрамона ва мустақим ҳастанд.
Тромп гуфт, шанбе нишасте дар сатҳи боло бо Эрон хоҳем дошт. Агар музокирот ба натиҷа нарасад, Эрон дар хатари бузурге хоҳад буд. Агар музокирот шикаст бихӯрад, ин барои Эрон хеле бад аст.
Ӯ идома дод: “Эрон наметавонад силоҳи ҳастаӣ касб кунад. Музокирот бо Эрон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бархӯрд аст. Муваффақияти ин музокирот ба суди Эрон аст.”
Тромп идома дод: “Баъзеҳо мегӯянд, бо восита хоҳад буд, аммо ман мегӯям, на. Мо мустақиман бо онҳо (эрониҳо) дар тамос ҳастем ва эҳтимоли тавофуқ вуҷуд дорад. Ин тавофуқ барои Эрон бисёр хуб хоҳад буд. Бояд мунтазир бимонем ва бибинем чӣ мешавад.”
Гуфтанист, Тромп пеш аз ин гуфта буд, барои Оятуллоҳ Хоманаӣ номае ирсол карда ва дар он хостори музокирот бо Эрон шудааст. Ин нома тавассути фиристодаи давлати Аморот ба Теҳрон мунтақил ва таҳвили Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон шуд.
Эрон ҳам посухи номаро тавассути Ироқчӣ ба Уммон таҳвил дод.
Қаламонлайн