Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ

Фарҳанг

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ

Мактаби инсоният

Муаллим ба шогирд гуфт: Шеъри Банӣ Одамро бихон.

Шогирд шурӯъ кард:

Бани Одам аъзои якдигаранд

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

Ҷу узве ба дард оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор…

Муаллим гуфт: Идомаашро бихон!

Шогирд гуфт: Ёдам намеояд.

Муаллим гуфт: Чаро?! Ин шеъри содаро ҳам натавонистӣ азёд кунӣ?!

Шогирд гуфт: Дар хонаамон мушкиле доштем. Модарам дар хона дар бистари беморӣ афтодааст. Падарам сахт кор мекунад, аммо харҷи зиндагиро наметавонад таъмин кунад. Ман бояд корҳои хонаро анҷом диҳам ва ба хоҳару бародари кучакам расидагӣ кунам… Бубахшед.

Муаллим гуфт: Танҳо бубахшед? Ҳамин? Мушкил дошта бошӣ ба ман чӣ?! Мушкили ту ман рабте надорад! Ту бояд шеърро ҳифз мекардӣ!

Дар ин лаҳза шогирд нигоҳе ба муаллим андохт ва боқии шеър ёдаш омад:

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ

Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ!

Qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли бозгашти Амрико ба Афғонистон
Рознигаҳдорӣ

Матолиби пурбоздид