Тунели Қатар-Эрон

 

Тунели Қатар-Эрон

 Тӯлонитарин тунели зердарёии ҷаҳон сохта мешавад

Байналмилал

Имрӯз Шайх Тамим, амири Қатар дар дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, ба эҳдоси тунеле дар зери об миёни ду кишвар ишора кард.

Ба гузориши пойгоҳи эронии TINN, ин тасмим дар соли 2022 зимни тавофуқе байни вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон ва вазири ҳамлу нақли Қатар гирифта шудааст.

Бар пояи ин гузориш, ин тунел ҳудуди 200 км буда ва аз зери халиҷи Форс убур мекунад; роҳе, ки метавонад Қатарро ба Эрон ва сипас Евросиё ва Аврупо бирасонад. Бо эҳдоси ин роҳ, Қатар метавонад вобастагӣ ба Арабистони Саудиро аз ин назар қатъ кунад ва аз масири тунел ба Эрон ва сипас ба соири нуқоти ҷаҳон дастрасии мустақилле дошта бошад.

Бар асоси ин гузориш, сармоягузор ва муҷрии ин тарҳ қатариҳо ҳастанд; зеро ба ин роҳ ниёз доранд. Ин амалиёт манофеи бисёр хуберо насиби Эрон мекунад ва дар муқобил, илова бар боз кардани роҳи Қатар ба самти Евросиё, қатъи вобастагии Қатар ба масири хушкии Арабистонро муяссар месозад.

Қаламонлайн

 

 

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

600 асири фаластинӣ озод мешаванд
Аёдати вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон аз устод Фарзона

Матолиби пурбоздид