Узви аршади эътилофи пирӯзи Фаронса: “Бояд кишвари Фаластинро ба расмият бишносем”

Узви аршади эътилофи пирӯзи Фаронса: “Бояд кишвари Фаластинро ба расмият бишносем”

Ахбори байналмилал

Lecourrier

Яке аз аъзои барҷастаи эътилофи пирӯз дар интихоботи порлумонии Фаронса таъкид кард, ки кишвари мустақилли Фаластин бояд ба расмият шинохта шавад.

Ба гузориши пойгоҳи фаронсавии Lecourrier, Жан-Люк Меланшон, раҳбари ҳизби чапгарои “Фаронсаи таслимнопазир” ва аз аъзои эътилофи ҷабҳаи мардумии ҷадид, ки дар интихоботи порлумонии Фаронса пирӯз шудааст, бар ба расмият шинохтани кишвари Фаластин таъкид кард.

Меланшон пас аз пирӯзии эътилофи ҷабҳаи мардумии ҷадид дар даври дуввуми интихоботи порлумонии Фаронса, ки ба кӯтоҳ шудани дасти ҳизби рости ифротии “Ралли / Иҷтимои миллӣ” аз қудрат дар ин кишвар мунҷар шуд, гуфт, ки эътилофи онҳо ба бузургтарин блоки порлумонии Фаронса бадал шуда ва қодир ба интихоби нахуствазири баъдӣ хоҳад буд.

Вай изофа кард, ки нахуствазири баъдии Фаронса аз эътилофи ҷабҳаи мардумии ҷадид интихоб хоҳад шуд ва ин эътилоф қонунан қодир ба тасмимгирӣ дар бораи бисёре аз мавзӯъот аст.

Ин сиёсатмадори кӯҳнакори фаронсавӣ таъкид кард:

“Дар арсаи байналмилалӣ, бояд бо ба расмият шинохтани кишвари Фаластин мувофиқат кунем.”

Бар асоси эъломи Вазорати кишвари Фаронса, натоиҷи ниҳоии шумориши орои интихоботи порлумонии ин кишвар нишон медиҳад, ки эътилофи ҷараёнҳои чапгаро ба номи “Ҷабҳаи мардумии ҷадид” бо касби 182 курсӣ, дар ҷойгоҳи нахуст қарор гирифтааст.

Бар асоси додаҳои Вазорати кишвари Фаронса, эътилофи аҳзоби миёнарав ба раҳбарии Макрон бо касби 168 курсӣ ва эътилофи аҳзоби ростгаро ба номи “Ралли / Иҷтимои миллӣ” бо касби 143 курсӣ, ба тартиб дар ҷойгоҳи дуввум ва севвум қарор гирифтаанд.

Lecourrier

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таммулоте дар бораи Ғазза
Ҳодисаи Карбало (1)

Матолиби пурбоздид