Уламои исломӣ: “Ҷаҳони ислом барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо муттаҳид шавад”

Уламои исломӣ дар нишасти Маскав: “Ҷаҳони ислом барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо муттаҳид шавад”
19-умин нишасти Маҷмаъи байналмилалии “Мусалмонони Русия ва ҷаҳони ислом” бо меҳварияти Ғазза ва идомаи ҷиноят ва наслкушии фаластиниён тавассути режими саҳюнистӣ дар Маскав баргузор шуд, ки тайи он, уламои аҳли тасаннун ва ташайюъ иттиҳоди ҷаҳони ислом барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Фаластинро хостор шуданд.
Ба гузориши Ирно, нишасти рӯзи сешанбе ба мизбонии масҷиди ҷомеъи Маскав ва бо ҳузури уламои исломӣ, суфаро ва мақомоти сиёсии шуморе аз кишварҳо баргузор шуд.
Шайх Равил Айнуддин, муфтии аъзам ва раиси Шӯрои муфтиёни Русия, дар оғози ин нишаст бо эъломи ҳимоят аз муқовамати мардуми Ғазза дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ, хостори ваҳдати ҷаҳони ислом барои таваққуфи наслкушӣ дар Фаластин шуд.
Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, ҳуҷҷатулислом Ҳамиди Шаҳриёрӣ низ дар суханони худ, бо ишора ба ин ки тибқи усули қуръонӣ, адолат болотарин ва муҳимтарин арзиши иҷтимоӣ аст, ки Худованди Мутаъол бар он таъкид кардааст, гуфт: “Гирифтани ҳаққ барои зиндагӣ, ҳаққи иқомат дар ватани худ ва ҳаққи озодӣ бузургтарин беадолатӣ аст.”
Ҳамиди Шаҳриёрӣ бо ишора ба бахше аз ҷиноёти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо дар 75 соли ишғолгарӣ гуфт: “Он чи имрӯз дар Ғазза шоҳид ҳастем, намунаи ҷиноёти мутаъаддид ва наслкушии фаластиниён ба дасти ғосибони ин сарзамин аст.”
Вай бо таъкид бар ин ки зулм ва беадолатӣ фаҷеътарин амале аст, ки инсон дар ҳаққи дигаре анҷом медиҳад, гуфт: “Акнун замони он фаро расида, ки аз милали сулҳталаб ва озодагони ҷаҳон барои ҳимоят аз фаластиниён мадад бихоҳем ва таъкид кунем, ки ин мавзӯъ авлавияти аслии ҷаҳони ислом аст.”
Уламои мсломӣ ва намояндагони сиёсии дигар кишварҳои ширкаткунанда аз ҷумла Алҷазоир, Фаластин, Қатар, Ӯрдун, Миср, Туркия, Лубнон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қирғизистон зимни ҳимоят аз муқовамати мардуми Ғазза, бар гомҳои муҳками ҷаҳони ислом барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид карданд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маҷмаи байналмилалии “Мусалмонони Русия ва ҷаҳони ислом”
Бурҳонов – номзади раёсати ҷумҳурии Амрико

Матолиби пурбоздид