Умари Хайём дар Самарқанд

Таърих
Умари Хайём дар Самарқанд
Адаш Истад
Чанд сол пеш аз навиштани ин мақола дар Самарқанд овозае паҳн шуд, ки дар майдони Регистон америкоиён оид ба Хайём филми бадеи ба сурат мегиранд. Вақте ки ба Регистон расидам, дидам, ки паёмнигори тошкандии “Би-Би-Си” низ ин хабарро шунавида расида омадааст. Эчодгарони филм оиди рўзгори самарқандии Хайём дақиқан чизе нагуфтанд ва фақат ҳаминро фаҳмидам, ки аз рўи як романе, ки оиди рўзгори Хайём аст, филм мегиранд ва он роман ба қалами адиби араб Амин Маълуф тааллуқ дошта дар ғарб пурхонандатарин (бестселлер) будааст. Аҳд кардам, ки рўзе аз рўи китобҳои дастрас ба рўзгори самарқандии Хайём назаре андозам. Инак, як чашмандоз оиди ин мавзўъ.
Аз Умари Хайёми Нишопури, ки имрўз мо ҳамчун муаллифи рубоиҳои дар тамоми чаҳон машҳур мешиносем, понздаҳ рисолаи илми то ба замони мо расидааст. Ин рисолаҳо доир ба илмҳои риёзиёт (математика), геометрия, мусиқи, физика, фалсафа, география, астрономияанд. Абулҳасан Байҳақи, ки аз муосирони Умари Хайём будааст, таъкид мекунад, ки Хайём ба ғайри илмҳои табии донишманди забон, фиқх (ҳуқуқшиносии дини) ва таърих буд. Фаъолияти Умари Хайём ба замони ҳукмронии султони салчуқи Алп Арслон ва писари ў Чалолиддин Маликшоҳ рост омадааст, ки давраи вазирии Низомулмулк (1017-1092) аст. Дар ин давра Низомулмулк аз як чониб ба алломаи ислом имом Ғаззоли ғамхори кунад, аз чониби дагар Умари Хайёмро зери ҳимояи худ гирифта роҳ надодааст, ки таассуби дини монеи афкори хирадварзи ва хирадгарои (ақлчиги)-и Хайём шавад. Замони ноороме будааст ва Низомулмулк аҳли сунна вал-чамоаро аз ҳучумҳо ҳимоя мекардааст. Ин замонаи хунине буд, ки гурўҳҳои террории Ҳасани Саббоҳ дар кўҳҳо фаъолият доштанд. Талош барои ҳокимият, дурўяги (солуси) барин хислатҳои зоҳидон воқеияти рўз буд ва метавон гуфт, ки рубоии зерин зодаи чунин давр аст:
Як чуръаи май зи мулки Ковус беҳ аст,
В-аз тахти Қубоду маснади Тўс беҳ аст.
Ҳар нола, ки ринде ба саҳаргоҳ занад,
Аз тоати зоҳидони солус беҳ аст.
Дар вақте ки мансабталошон барои тахту точ аз рехтани хуни ноҳақ намеҳаросиданд, касе онҳоро масхаракунон мегўяд, ки “як чуръаи май зи мулки Ковус беҳ аст”. Ба монанди он ки Ҳофизи Шерози дертар Самарқанду Бухороро ба холи ҳиндуе бахшид. Сипас оиди дурўягиву риёкории диндорони мутаассиб ҳарф мезанад. Аз ёд набарем, ки ў бо машҳуртарин уламои исломи он замон Имом Ғаззоли низ баҳсе доштааст. Албатта, чунин донишманде, ки дар ҳама кор ҳақиқатро пеш мегузошт, ба террорчиёни Ҳасани Саббоҳ низ душман ҳисоб меёфт. Сипас Хайём мегўяд:
Чун чарх ба коми як хирадманд нагашт,
Ту хоҳ фалак ҳафт шумар, хоҳи ҳашт.
Чун бояд мурду орзуҳо ҳама ҳишт,
Чи мўр хўрад ба гўру чи гург ба дашт.
“Гург ба дашт”, яъне мусофири роҳи шаҳрҳои дурро пеш гирифта дар назар аст. Самарқанд дар он замон яке аз марказҳои илмиву адабиву тичоратии Варорўд (Мовароуннаҳр) буд ва эҳтимоли қави меравад, ки ба Самарқанду Бухоро омадани Хайём сабабҳои илмомўзи низ дошт. Дар боби истиқомати Хайём дар шаҳри Бухоро далелҳо дар ягон манбаъ будагист, аммо он чиз барои муаррихони муҳаққиқи тарчумаи ҳоли Хайём рўшан аст, ки он замон Самарқанд пойтахти сулолаи қарохониҳо будааст ва шоҳи қарохони Шамсулмулк Умари Хайёмро хуш пазируфта барои ў шароити хубе муҳайё мекунад. Соли 1072-и мелоди дар чанги байни қарохониён ва салчуқиён подшоҳи салчуқи Алп-Арслон кушта шуд. Ба чои ў чиянаш Маликшоҳ ба тахт нишаст ва Шамсулмулкро тобеи худ кард. Маликшоҳ талаб мекунад, ки Умари Хайём, Абулмузаффар Исфизори, Начиб ал-Восити ва дигар донишмандон дар Исфаҳон расадхона бисозанд. Баъзе муаллифон таъкид кардаанд, ки баъди вафоти Шамсулмулк дар Бухоро соли 1074 султони салчуқи Маликшоҳ Хайёмро зери ҳимояти худ гирифт. Худи Умари Хайём дар рисолаи оид ба алгебра навистааш таъкид мекунад, ки қозикалони Самарқанд Абўтоҳир Абдураҳмон ибн Алак кўмаки модди ва маънавии худро аз ў дареғ намедошт. Агар ба назар гирем, ки соли таваллуди Хайём соли 1040 аст, пас ў дар Самаріанд дар 20-34-солаги зиндаги ва эчод кардааст. Ин синни толибилми аст ва синнест, ки чун Хайём мутафаккирон мударрис буданд. Аммо аз он мадрасаҳои якқабатаи хиштихомии замони Хайёми Самарқанд чизе боқи намондааст. Чизе ки боқи мондааст, кашфиётҳои илмиест, ки ба Хайём дар Самарқанд даст додааст. Ба фикри донишмандони риёзидон, Хайём бисёр муодилаҳоро пеш аз олимони аврупои кашф кардааст, аммо олимони Аврупо бехабар аз осори ў кашфиёти ўро такроран кашф кардаанд. Вақте ки сабабҳои ба Бухоро ва Самарқанд омадани Хайёмро барраси мекунем, набояд факти пайрави Ибни Сино будани ўро канор гузошт. На танҳо дар эчоди рубоиҳо, балки дар тариқи хирадварзи.
Чои шакке нест, ки имкониятҳои зиёди жанри рубоиро бори аввал Рўдакии Самарқанди кушода дод ва ин байти Одамушшуароро бо рубоиҳои Хайём муқоиса кунед:
Бо дода қаноат куну бо дод бизи,
Дар банди такаллуф машав, озод бизи!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизи!
Ҳар як эчодкор сабаби ба Самарқанд омадани Хайёмро ба тариқи хос тасаввур мекунад. Шоира Парисо мегўяд, ки номи деҳаи ў Хаймар аз “Хаймаи Умари Хайём” ихтисоран ба вучуд омадааст ва шеъри “Хаймаи Умар”-и ў чунин оғоз ёфтааст:
Ровие мегуфт: Хайём
Аз Бухорои Шариф омад ба деҳоти Самарқанд,
Аз паи овозаи ангур бо номи биҳишти,
Тай намуда роҳ аз садҳо биёбоневу даште
Худ Самарқандро биҳиште ёфт,
Хуштарин майхонаву беҳин куниште ёфт…
Хирадгароии Хайём ва нооромиҳои даврро дар ин ду рубои метавон ҳис кард:
Таркиби пиёларо, ки дар май пайваст,
Бишкастани он раво намедорад маст.
Чандин сару пои нозанинони чаҳон,
Аз меҳри ки пайвасту ба кини ки шикаст?
Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест,
Рав, шод бизи, агарчи бар ту ситамест.
Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту,
Гардеву насимеву шарореву дамест.
Донишманди донишгоҳи Қазвин доктор Муҳаммад Ҳусайн Муҳаммади навиштааст: ”Тафаккури ашъарии Ғаззоли садди бузург дар баробари хирадгарои ва пешрафти улуми ақли ва истидлол (такя бар далелҳо кардан) эчод мекунад… асри Хайём, поёни асри заррини дониши исломи аст”. Яъне Хайём тавонистааст бо вучуди бузургиву таъсири муассири Ғаззоли ба табақаҳои ҳукмрону афкори чомеа чароғи хирадварзии Абўали ибни Синоро фурўзон нигоҳ дорад. Ба сабаби он ки айнан ба маънии рўякиаш, яъне зоҳири фаҳмидан ва талқин кардани шароб барин калимаҳои рубоиҳои Хайём ба идеологҳои аттеизми коммунисти хуш омада буд, таваччўҳ ба нашру тарғиби шеърҳои ў зиёд шуд. Дар Самарқанд ба девори корхонаи шароб (арақзавод) рубоиҳои Хайёмро ба забони ўзбеки ва оригинал бо тасвирҳои минётури насб карда буданд. Бархе ҳанўз ҳам чунин мешуморанд, ки чои пайкараи Хайём дар корхонаи шароб ё атрофи он аст. Эҳтимол ба ин хотир як пайкараи сангини ў, ки дар гулзори чойхонаи гузари Қўшҳавз меистод, ба ҳавлии корхонаи шароби “Зарафшон” интиқол дода шуд. Ин асари пайкаратарош Туркман Эсанов аст ва дар жанри “ҳайкалтарошии парк” эчод шуда, шаҳомату файласуфиву хирадварзию донишмандии Хайёмро пурра ифода накардааст. Баъди он ки кўчаи Регистон васеъ гардид, деворҳои корхонаи шароб якчоя бо он осори нотакрор шикаст ва имрўз аз он нишоне нест. Дар Самарқанд ба номи Хайём як кўчаро гузоштаанд, ки он рў ба рўи Регистон аст, дарозиаш қариб сад метр. Боиси ифтихори мардуми Самарқанду Бухорост, ки Умари Хайёми донишманд ва шоирро дар оғўши худ чой дода буд. Ба ҳамин сабаб, камина ҳам дар қасидаи “Самарқанду Бухоро” аз Умари Хайём ба ин тариқ ёд кардааст:
Ба каф чон нақши Хайём андар ин ду шаҳр мегардад,
Ва ин дуро зиёратгоҳи риндон метавон гуфтан.
Яъне, сурати Хайём чон рўи каф ниҳода дар ин ду шаҳр то ҳанўз мегардад. Ба қавли доктори илмҳои таърих М.Абрамов Хайём дар гузари Ғотифари Самарқанд зиндаги кардааст. Дар Самарқанд як ибораи хайёми – “дам ғанимат аст” машҳуртарин ибораи халқи гардидааст. Чунин ақидаҳои ўро дар байни халқ метавон дучор шуд. Дар Самарқанд хонае нест, ки дар он китоби рубоиҳои Хайём набошад. Чое, ки Хайём ҳаст, шеъри Хайём ҳаст, ба ақидаҳои экстремисти, таассуби дини чой нест. Мо бояд ба қадри ў бирасем, рубоиҳояшро дар ягон боғ ба санг ҳаккоки кунем, ки ҳеч ҳаводиси рўзгор онро нест карда натавонад. Хайём дар Самарқанд нисбат ба шаҳрҳои дигар зиндагии бароҳаттаре доштааст. Албатта, ин чо нисбат ба Эрон, ки зери тасарруфи ақидаҳои имом Ғаззоли қарор мегирифту поягузори терроризм Ҳасани Саббоҳ фаъолияташро густариш медод, чойи оромтаре бу. Ба мардуми Самарқанд фанатизми дини бегона буд, урфу одатҳои зардуштиро зинда нигоҳ медоштанд ва ба қавли Хайём “як даст ба мусҳафу як даст ба чом” буданд, дар ҳар ҳавли воиши ангурҳо буду ҳар тирамоҳ дегҳои мусалласпази мечўшид. Ҳамасри ў Манучеҳри гуфтааст:
Хуррам бувад ҳамеша бад-ин вақт одами,
Бо бонги зеру савти баму қиҳфи дарғами.
Шароби беҳтарин аз ангури соҳили рўди Дарғами Самарқанд буд. Чунин зиндагии озодона ба Хайём, ки кеши хирадварзии Абўали ибни Синоро довом медод, хеле писанд омада буд. Аммо Шамсулмулк баъди тобеи Маликшоҳ гардиданаш фармон мегирад, ки Хайёмро ба Исфаҳон фиристад. Хайём дар Исфаҳон расадхона месозад ва ба корҳои илмию тадқиқотии он роҳбари мекунад. Маҳсули ин амали ў тақвимест, ки то ба ҳол дар чаҳон аз дақиқтарин тақвимҳо ҳисоб мешавад. Хайём баъди панч соли кор дар расадхона соли 1079 тақвими нави худро эълон кардааст, ин тақвим аз тақвими ҳозираи григориани, ки тамоми дунё кор мебарад, саҳеҳтар ва аниқтар мебошад. Хайём дар охири умр ба Нишопур бармегардад ва соли 1123 дар зодгоҳи худ вафот мекунад. Шўҳрати чаҳонии Хайёмро ягон донишманд ва шоири дигари самарқанди надорад. Теъдоди китобу мақолаҳои дар бораи Хайём то соли 1965 дар дунё чопшуда аз 2000 зиёд аст. Танҳо то соли 1930 рубоиҳои Хайём ба забони англиси 16 бор, фаронсави 16 бор, ба урду 11 бор, ба олмони 12 боор, ба араби 8 бор, ба итолиёви 5 бор, ба турки 4 бор, ба руси 8 бор чоп шудааст. Тарчумаи ўзбекии рубоиҳои Хайём бо қалами Шоислом Шомуҳаммадов он қадар равон ва рехта баромадааст, ки ҳамчун нусхаи асл пазируфта мешавад.
Ифтихор дорам, ки чанд сол пеш ба зиёрати қабри Хайём мушарраф шудам. Мақбараи боҳашам ва зебои ў дар чорбоғи зебои Нишопур дар наздикии мақбараи Аттор аст. Он рўз дар назди қабри Хайём ба ғайри камина, шоир Зафари Сўфии Фарғониву аҳли байташ каси дигар набуд. Аммо панчоҳ қадам дуртар мақбараи кадом як имомзода хеле серодам буд. Арафаи Наврўз буд, сабзаҳо ҳатто аз байни сангфарши атрофи мақбара зада баромада буданд. Аз китоби рубоиёти Хайём фол кушодам ва ба ин рубои чашмам афтод:
Чун абр ба Наврўз рухи лола бишуст,
Бархезу ба чоми бода кун аҳд дуруст.
К-ин сабза, ки имрўз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
Аз адибон ва олимони машҳури Самарқанд муаллифи асари дар тамоми чаҳони адаб машҳури “Чаҳор мақола” Низомии Арўзии Самарқанди худро шогирди Хайём шуморида дар бораи ў дар ин асараш ҳикояте овардааст. Яъне дар Бухоро ё Балху Нишопур не, маҳз дар Самарқанд шогирди содиқу вафодор доштани Хайём худ гувоҳи аз худ дар илму фарҳанги Самарқанд нақши бузурге гузоштани Умари Хайём аст.
Дар Самаріанди асри ёздах мақому мартабаи Хайём бисёр баланд буд, шоҳ дар мачлисҳои дарбори Умари Хайёмро дар паҳлґи худ сандалие баробари тахти худ гузошта ба он мешинондааст. Дар ин бора тазкиранависон бисёр навистаанд. Оё баъди қариб ҳазор сол дар асри бисту як Хайём дар Самарқанд чунин мартаба дорад? Бешак, дар байни мухлисони адабиёт дорад. Аммо бояд муваффақ бар он шуд, ки дар доираҳои ғайриадаби низ мақому манзалати волои ўро бифаҳманд. Ва ифтихор кунанд, ки “Хайём рисолаҳои илмии худро аввал дар Самарқанду Бухоро навиштааст. Самарқанду Бухоро ба ў шўҳрати олими дод, сипас ба Исфаҳон даъват шуд, ки расадхона бисозад ва тақвими аниқтарини чаҳонро тартиб диҳад. Мактаби илмии Самарқанду Бухоро барои кашфиёти илмии ояндаи ў таҳкурсии мустаҳкаме гардид”.
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Адаш Истад

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Артиши Яман барои аввалин бор тасовире аз мушаки болистики “Фаластин” мунташир кард
Ҳикояти марди кафшдӯз

Матолиби пурбоздид