Уммати васат кадом аст?
Андешаҳо
Уммати васат
Сайидюнус Истаравшанӣ
Медонед, мушкили бештари мо инсонҳо дар чист? Дар ин аст, ки гумон мекунем, вежа (особый) ҳастем. Ҳамаи мо бидуни истисно. Гумон мекунем, агар қарор аст “гумроҳе” дар ин дунё бошад, он “гумроҳ” мо нестем, ғайри мост, баъид аст, ки Худо “гумроҳ”-амон карда бошад ва агар хатое аз мо сар зада ва ё бизанад, Худо мебахшадамон. Хусусан ин гумон пеши мо мусалмонҳо барҷаста аст. Дар воқеъ, мисдоқи ин оят ҳастем, ки мегӯяд:
فَخَلَفَ مِنْ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ وَرِثُوا الْكِتَابَ يَأْخُذُونَ عَرَضَ هَذَا الْأَدْنَى وَيَقُولُونَ سَيُغْفَرُ لَنَا
“Сипас баъд аз онон, ҷонишиноне вориси китоб (-и осмонӣ) шуданд, ки матоъи ин дунёи пастро мегиранд ва мегӯянд: Худо моро мебахшад…” (Сураи Аъроф, ояти 169)
Ба ҳамин хотир аст, ки вақте бо ояте рӯбарӯ шавем, ки одамҳоро ба се гурӯҳ: роҳёфтаҳо, ғазабшудаҳо ва гумроҳон тақсим кардааст, яқин дорем, ки гурӯҳи роҳёфта ва ҳидоятёфта ин мо ҳастем ва аммо ғазабшудаҳо ва гумроҳон дигарон ҳастанд, мо нестем. Он гоҳ ба суроғи ғазабшудаҳо ва гумроҳон мешавем ва барои онҳо мисдоқ таъйин мекунем ва масалан мегӯем, ғазабшудаҳо яҳуданд ва гумроҳон насоро ва аммо худамон дар сироти мустақим ҳастем.
Ва ба сухани дигар, худро ва роҳи худро меъёр қарор медиҳем, ки дигар таъйини “уммати васат” бароямон хеле саҳлу осон мегардад. Суннӣ мегӯяд, уммати васат манам, шиъа мегӯяд, манам, ашъарӣ мегӯяд, ман ҳастам, мӯътазилӣ мегӯяд, ман ҳастам ва то охир… Мушкил дар ҳамин аст. Шумо ба тафсири нахустин сураи Қуръон яъне сураи Фотеҳа онҷо, ки сухан аз ин се гурӯҳ рафтааст муроҷеа кунед, мебинед ҳар муфассире бо таваҷҷӯҳ ба мазҳабу фирқае, ки дорад ин сураро тафсир карда; худашро роҳёфта медонад ва барои ғазабшудаҳо ва гумроҳон мисдоқ таъйин мекунад.
Мушкили мо дар воқеъ дар ин аст, ки аз аввал фарзро бар ин мегирем, ки роҳёфтаҳо ишора аст ба як фирқаи хосс бо ному унвони мушаххас, масалан аҳли суннат ва ҷамоат ё шиъа ва манзур аз ғазабшудаҳо як фирқаи хосс масалан яҳуд ва мурод аз гумроҳон насоро. Дар ҳоле, ки дар таъйини мисдоқ агар аз аввал ба худи Қуръон муроҷеа мекардем ва мурод аз уммати васатро на ишора ба як қолаби муайян, балки ба доро будан ба вежагиҳо ва хусусиёте, ки агар ҳар касе ба он вежагиҳо ороста шавад, уммати васат аст, медонистем, масъала бароямон ҳал шуда буд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн