Корбарони фазои маҷозӣ ва коршиносон: Мавзӯи боздоштҳои ахир дар Русия ба сурати ҷиддитар пайгирӣ шавад!

Корбарони фазои маҷозӣ ва коршиносон: Мавзӯи боздоштҳои ахир дар Русия ба сурати ҷиддитар пайгирӣ шавад!

Ахбори минтақа

Корбарони фазои маҷозӣ ва коршиносон таъкиднамудаанд, ки мавзӯи боздоштҳои ахир дар Русия ба сурати ҷиддитар бояд пайгирӣ шавад!

Дар ҳамин маврид, ахиран мақомоти Тоҷикистон ва Русия дидор ва гуфтугӯ намудаанд.

Дар ин дидор нигаронии тарафи тоҷик дар мавриди иттилооти дарёфтӣ дар хусусибоздоштҳои дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоки Русия ба баҳонаҳои мухталиф, иброз ва бар лузуми вокуниши муштарак дар баробари мушкилоти муҳоҷиратии мавҷуд ва навзуҳур ва ҳамчунин аҳамияти анҷоми иқдомоти ҳамоҳанг барои тавсиаи тадобири муштараки эҳтимолӣ дар мавриди масоили муҳоҷиратӣ таъкид шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин ҳодисае, ки дар яке аз хобгоҳҳои донишгоҳи давлатии минтақаи Хабаровски Русия рух дод, ки дар ҷараёни он беш аз 100 донишҷӯи тоҷики ин донишгоҳ, тавассути неруҳои муҷрии қонуни ин кишвари боздошт ва мавриди бозҷӯӣ ва рафтори бераҳмона қарор гирифтанд, ба тафсил баррасӣ шуд.

Таъкид шуд, ки чунин ҳаводис барои руҳияи шарокати роҳбурдӣ ва равобити ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Русия муносиб нест ва мумкин аст ба талошҳои ду тараф барои тавсиаи бештари ҳамкориҳо дар заминаи омӯзиш, осеб бирасонад.

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 100 муҳоҷири тоҷик шомгоҳи 23-май дар пайи юришҳои пулиси Русия ба қаҳвахонаҳои мутааллиқ ба тоҷикҳо боздошт шудаанд.

Бо ин вуҷуд, бисёре аз корбарон ва коршиносон дар фазои маҷозӣ, зимни эъломи эътироз ва маҳкум намудани ин рафторҳо аз тарафи маъмурони русӣ, таъкид доранд, ки мавзӯъ ба сурати ҷиддитар аз ҷониби мақомоти расмии кишвар пайгирӣ бишавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Устод Мӯъмин Қаноат ниёз ба муаррифии бузургворона доранд…
Эҳёу улум-ид-дин

Матолиби пурбоздид