Фалсафаи ахлоқ – (3)

Фалсафаи ахлоқ
Бахши севвум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Фалсафаи бардагӣ
Шумо мебинед, инсоне ғуломе дорад, ки ба ҳасби равобити зоҳирии иқтисодӣ, ӯ мамлук аст ва ин молик, вале рафтораш бо ин мамлук аз ҳадди рафтор бо як рафиқ хеле болотар аст ва он мамлук, мамлукияти ӯро бар ҳар озодӣ тарҷеҳ медиҳад. Бо арбобаш ду нафарӣ ба бозор мераванд, либос, ки мехаранд, бо ҳам мехаранд, вале либоси навро медиҳад ба он мамлук, ки ҷавон аст, либоси кӯҳна ва арзонтарро худаш мепӯшад, мегӯяд, ман пирамардам, ту ҷавонӣ; либоси нав ва олӣ ба ту мезебад, на ба мани пирамард. Ғизои беҳтарро ба ӯ мехӯронад. Барои ӯ бештар аз худаш осоиш металабад. Амалан фарқе миёни худаш бо ӯ қоил нест. Ӯ аз мамлукият ҳаминро эҳсос мекунад, ки дар мактаби ин шахс тарбият мешавад. Ин мамлукият фақат як даврони мадраса аст, ки дар ин даврон, ӯ камол меёбад.
Асосан фалсафаи бардагӣ дар ислом ҳамин аст, на баҳракашии иқтисодӣ. Бардагӣ яъне як тадриси иҷборӣ, як тарбияти хоҳ нохоҳ. Исми ин амал чист, ки Алӣ ибни Абӯтолиб бо Қанбараш ба бозор меравад, ду пероҳан мехарад, навро ба ӯ медиҳад, кӯҳнаро худаш интихоб мекунад?
Заҳрои Марзия бо Физза, ходимааш, тавре рафтор мекунад, ки ин зан то охири умр, ки озод зист мекунад, даврони пурифтихораш ҳамон даврони чандсолае аст, ки дар хидмати Заҳро будааст. Заҳро ӯро дар хона, хоҳари худаш қарор медиҳад, корҳоро бо ӯ тақсим мекунад: як рӯз ман кор мекунам, ту истироҳат кун, як рӯз ту кор кун, ман истироҳат мекунам. Чӣ касе ҷилавашро гирифта буд, ки ҳар рӯз ӯ кор бикунад ва худаш осоиш дошта бошад? Вале ӯ онро намеписандад. Он чи ӯ меписандад ин аст: ман инсонам, ту ҳам инсонӣ. Ман ҳаргиз ҳозир нестам, ки ту кор кунӣ, заҳмат бикашӣ ва ман дар осоиш бошам, ранҷ аз ту, осоиш аз ман, ранҷ агар ҳаст, мутасовӣ (баробар) миёни мо тақсим мешавад, осоиш ҳам агар ҳаст, ба таври мутасовӣ миёни мо тақсим мешавад.
Ин амалро чӣ мешавад номид? Ҳар чи биномед, амале аст қобили ситоиш, офаринталаб ва бузургворона. Оё бо мантиқи судҷӯӣ ва манфиатталабии башар ҷур дармеояд? На, бо ин мантиқҳо ҷур дарнамеояд. Ҳатто ҳанӯз башар натавониста мантиқи ин гуна корҳоро кашф бикунад ба тавре, ки фарангиҳо — албатта ҳарфашон ғалат аст – гуфтаанд, корҳои ахлоқӣ ғайри мантиқӣ аст, яъне башар анҷом медиҳад, вале бо мантиқ ҳам ҷур дарнамеояд; кори ахлоқӣ бо мантиқ ҷур дарнамеояд. Мантиқ ҳамон нафъталабиро иқтизо мекунад. Инҳо корҳое аст ғайри мантиқӣ, ё агар хеле барояш эҳтиром қоил бошанд, мегӯянд, корҳои фавқи мантиқ аст. Ин ҳамон таъбири мӯҳтарамонае аст аз ин ки “бо мантиқ ҷур дарнамеояд”. На, бо мантиқ ҷур дармеояд, вале бо мантиқи бартар ва олитар ҷур дармеояд, на ин ки бо мантиқ ҷур дарнамеояд.
Мо мешунавем, ки марде нисбат ба инсонҳои дигар ончунон аст, ки мегӯяд, бар ман гуворо нест, ки ман шикамам сер бошад ва — на дар ҳамсоягӣ, балки дар дуртарин нуқот — дар Ҳиҷоз ё Ямома, шиками гуруснае бошад. Ҳоло, ки дар он сарзаминҳо шиками гуруснае аст, ки ман наметавонам онро сер кунам, ман инҷо шиками худамро сер намекунам. Аслан бар ман гуворо нест, дард аст, барои ман ранҷ аст, ки дар як гӯшаи дунё шикамам сер бошад ва дар гӯшаи дигари дунё шиками гуруснае вуҷуд дошта бошад.
هَیْهاتَ أَنْ یَغْلِبَني هَوايَ وَیَقودَني جَشَعي اِلی تَخَیُّرِ الاْطْعِمَةِ وَلَعَلَّ بِالْحِجازِ أَوِ الْیَمامَةِ مَنْ لا طَمَعَ لَهُ فِي الْقُرْصِ وَلا عَهْدَ لَهُ بِالشِّبَعِ! أَوْ أَبیتَ مِبْطانا وَحَوْلي بُطونٌ غَرْثی وَأَكْبادٌ حَرّی، أَوْ أَكونَ كَما قالَ الْقائِلُ:
وَحَسْبُكَ داءً أنْ تَبیتَ بِبِطْنَةٍ
وَحَوْلَكَ أَكْبادٌ تَحِنُّ اِلَی الْقِدِّ
(“Наҳҷул-балоға”, номаи 45) Дар Кӯфа нишаста, ба ӯ гузориш мерасад, ки намоянда ва волии ту дар Басра, дар маҷлиси меҳмонии яке аз ҷавонон ва пулдорони аҳли Басра ширкат кардааст.
Оё дар он маҷлиси меҳмонӣ луқмаи ҳаром аз моли ҳаром будааст? На.
Шаробе бар сари суфра будааст? На.
Қиморе кардаанд? На.
Лаҳву лаъибе будааст? На.
Рақсу овозе буда? На.
Пас, гуноҳи он маҷлис чӣ будааст? Маҷлисе буда, ки ихтисосан аъёну ашроф ширкат доштаанд ва аз фуқаро ва гуруснагон касе дар он маҷлис набудааст. Вақте, ки гузориш мерасад, ӯ дар Кӯфа оташ мегирад. Номае менависад, ки ин нома аз ифтихороти башарият аст, на аз ифтихороти мо, мусалмонон. Аз ифтихороти башарият аст, ки башар ин қадр олӣ, роқӣ ва латиф сухан гуфта бошад ва эҳсосоти роқии инсоният ин қадр авҷ гирифта бошад!
یَا ابْنَ حُنَیْفٍ! فَقَدْ بَلَغَني أَنَّ رَجُلاً مِنْ فِتْیَةِ أَهْلِ الْبَصْرَةِ دَعاكَ اِلی مَأْدُبَةٍ فَأَسْرَعْتَ إِلَیْها تُسْتَطابُ لَكَ الاْلْوانُ وَتُنْقَلُ اِلَیْكَ الْجِفانُ، وَما ظَنَنْتُ أَنَّكَ تُجیبُ اِلی طَعامِ قَوْمٍ عائِلُهُمْ مَجْفُوٌّ وَغَنِیُّهُمْ مَدْعُوٌّ
(“Наҳҷул-балоға”, номаи 45) Писари Ҳунайф! (1) Гузорише ба ман расид, яке аз ҷавонони аҳли Басра суфрае ташкил додааст ва аз ту ҳам даъват кардааст ва ту низ дар онҷо ширкат кардаӣ, аммо суфрае, ки:
عائِلُهُمْ مَجْفُوٌّ وَغَنِیُّهُمْ مَدْعُوٌّ
(2) Дар бораи ту бовар намекардам, ки даъватеро бар суфрае бипазирӣ, ки фуқаро пушти дару деворҳо шикамашон гурусна монда ва ағниё будаанд, ки даъват шуда буданд. Ту ҳам омадӣ сари чунин суфраи ашрофи ҳозир шудӣ. Ин ҷост, ки дарди дилаш боз мешавад. Мегӯяд ва мегӯяд, қисмате аз он ҳамонҳое аст, ки барои шумо хондам, баъд мефармояд:
أَأَقْنَعُ مِنْ نَفْسي بِأَنْ یُقالَ: هذا أَمیرُ الْمُؤْمِنینَ وَلا أُشارِكُهُمْ في مَكارِهِ الدَّهْرِ
(Ҳамон манбаъ) Оё ман ба ному унвон қаноат кунам? Ба олитарини унвонҳо, ки рӯйи ман гузоштаанд — амирулмӯъминин, фармондеҳи кулли ҳамаи мӯъминони олам, халифаи кулл дар кулл — ва ба унвон қаноат кунам? Унвонам амирулмӯъминин бошад, вале бо мӯъминин дар сахтиҳо ҳамдард набошам? Шарики дарди мӯъминин набошам ва амирулмӯъминин бошам? Ин чӣ амирулмӯъминине шуд, ки аз унвони “амирулмӯъминин” дорад истифода мекунад, аммо дар дардҳо бо мӯъминин шарик нест?!
Ҳол, ман мепурсам: оё чунин чизе, ки дар дунё вуҷуд доштааст ва вуҷуд дорад — ҳол дар ин ҳадд на, як дараҷа пойинтар — ин ҳамдардӣ, ҳамдил будан ва ҳамдард будан бо дардмандони олам чӣ гуна коре аст?
Инро мешавад феъли табиӣ номид? Он майлро мешавад майли табиӣ ва он андешаро мешавад андешаи табиӣ номид? Ё коре аст дар як сатҳи болотар, ҳамаи инсонҳо ҳатто инсонҳое, ки дар умрашон як бор ҳам чунин коре накардаанд, виҷдонашон ситоиш мекунад, мегӯянд, мо ин гуна нестем ва ҳиммати чунин кореро надорем, аммо ба он касе, ки чунин мекунад, офарин ва аҳсант мегӯем.
Ҳар чи авҷаш болотар бошад, ин офарин ва таҳсин ва ситоиш бештар аст; баъд ба ҷойе мерасад, ки тамоми башарият ӯро ситоиш мекунанд.
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَيَجْعَلُ لَهُمُ الرَّحْمَنُ وُدًّا
(Марям/96) Қуръон мегӯяд, онҳо, ки аҳли имон ва кори шоистаанд, Худованд муҳаббати онҳоро дар дили мардум қарор медиҳад. Худо кораш бидуни ҳикмат нест; подоше, ки бихоҳад барои коре бидиҳад, ба дили мардум кор надорад, балки инҳо касоне ҳастанд, ки бисёр нек ва олианд; дилҳоро ҳам Худо бо фитрате сохта, ки наметавонанд дар муқобили фазилатҳо ва некиҳо ва покиҳои онҳо хозеъ набошанд, эҳтиром нагузоранд ва дӯст надошта бошанд.
Иброҳими Халил он вақте, ки Каъбаро бино кард ва барои аввалин бор Ҳоҷар ва фарзанди кучакаш Исмоилро дар онҷо гузошт, дуояш ин аст:
رَبَّنَا إِنِّي أَسْكَنْتُ مِنْ ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيْرِ ذِي زَرْعٍ عِنْدَ بَيْتِكَ الْمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُوا الصَّلَاةَ فَاجْعَلْ أَفْئِدَةً مِنَ النَّاسِ تَهْوِي إِلَيْهِمْ
(Иброҳим/37) Худоё! Дилҳоро ба гунае қарор бидеҳ, ки муҳаббати инҳо дар он дилҳо қарор бигирад. Имом ҳам фармуд:
نَحْنُ دَعْوَةُ ابراهیم
Моем дуоҳои мустаҷобшудаи Иброҳим. Иброҳим мехост дилҳо конуни тавҳид ва конуни инсоният бошад. Ҳатто онҳое, ки инсонияташон коҳиш ва каср ёфта ва ноқис аст, наметавонанд инсони мутаолӣ ва инсони комил ва инсони ахлоқиро ситоиш ва таъзиму такрим накунанд, ҳатто душманонашон. Инсон гоҳе ба худаш яъне бар виҷдони худаш таҳмил мекунад, фазоили душманро махфӣ мекунад, аммо виҷдон ва ташхис ва ақлаш, ки ҷойе нарафта; мураттаб махфӣ мекунад, баъд мешунавем ё мебинем, ки якдафъа виҷдони ҳамин душмани қасиюлқалби палид аз пушти ин ҳама пардаҳои нифоқ буруз мекунад ва ҳақиқат ба забонаш ҷорӣ мешавад.
Эътирофи Муовия дар бораи Алӣ
Ҷаноби Удай ибни Ҳотам — писари Ҳотами Тоии маъруф — дар охирҳои ҳаёти Расули Акрам мусалмон шуд, ки достони исломаш ҳам достони ҷолибе аст ва дар китоби “Достони ростон” овардаем. Аз касоне аст, ки ба Алӣ алайҳис салом пайваст ва аз он шиъаёни бисёр холис ва мухлиси мавло Алӣ алайҳис салом аст ва дар ҷангҳо дар рикоби оқо буд. Дар ҷанги Сиффин се писараш — Турайф ва Турфа ва Ториф — дар рикоби мавло шаҳид шуданд. Баъд, ки амирулмӯъминин аз дунё рафтанд ва шаҳид шуданд, ӯ солҳо зинда буд.
Як вақте иттифоқ афтод, ки ӯ бо Муовия мулоқот кард. Муовия, ки аз он найрангбозҳои аҷиби дунё ва мунофиқ ва касиф ва палид ва душмани дараҷаи аввали мавлост, хост бо як ҳарфе бибинад метавонад Удайро нороҳат кунад, як табаррии (безории) ҳарчанд зоҳирӣ аз Удай нисбат ба Алӣ бигирад. Бо худаш фикр кард, як падари писаркушта, ки доғи се писар дида билохира ҳар чи бошад, аз ин ки баччаҳояш аз даст рафтаанд, нороҳат аст. Лобуд бо худаш фикр мекунад, ки эй кош мо ҳамроҳи Алӣ нарафта будем, ба Алӣ напайваста будем ва се писари инчунин дар роҳи Алӣ аз даст надода будем!
Ин нуқтае буд, ки Муовия ҳисс кард дар руҳи ӯ вуҷуд дорад, аз ҳамин ҷо балки битавонад ӯро ба тарафи худаш биёварад. Гуфт:
یا عدي! أین الطُرُفات
Писаронат Турайф ва Турфа ва Ториф куҷо ҳастанд?
Гуфт: дар рикоби Алӣ ибни Абӯтолиб дар Сиффин, ки бо ту меҷангиданд шаҳид шуданд.
Гуфт: Удай! Алӣ дар бораи ту инсоф надод, беинсофӣ кард, баччаҳои худаш Ҳасан ва Ҳусайнро солим нигаҳ дошт, баччаҳои туро ба куштан дод, баччаҳои туро ҷилав фиристод ва баччаҳои худашро ақиб нигаҳ дошт.
Гуфт: хайр, баръакс аст, ман дар бораи Алӣ инсоф надодам. Ин инсоф нест, ки Алӣ имрӯз дар зери хокҳо бошад ва Удай рӯйи замин зинда роҳ биравад. Муовия вақте дид, матлаб болотар аз ин ҳарфҳост, якмартиба гуфт: Удай! Алиро ончунон, ки дидӣ ва шинохтӣ, барои ман тавсиф кун.
Удай гуфт: маро муъоф кун.
Гуфт: на, ин ҳарфҳо гузашт, ман мехоҳам ҳақиқатро аз ту бишнавам, мехоҳам Алиро ончунон, ки дида ва шинохтаӣ, тавсиф кунӣ.
Удай шурӯъ кард ба тавсифи Алӣ кардан, симои ахлоқӣ ва руҳии Алиро баён кардан, ки муошираташ бо дӯстон чӣ тавр буд, ибодаташ чӣ гуна буд, тақвояш чӣ тавр буд, эсораш чӣ гуна буд, гуфт ва гуфт то ба ибодати Алӣ расид. Гуфт: Муовия! Ман худам дар шабҳои тор Алиро дар меҳроби ибодат дидам, ки ашк мерехт ва қатароти ашк бар маҳосини муборакаш ҷорӣ буд ва монанди моргазида ба худаш мепечид. Вақте ба инҷо расид, Удай нигоҳ кард, дид, Муовия дорад гиря мекунад ва ашкҳояш мерезад. Баъд бо остинаш ашкҳояшро пок кард. Гуфт: ба Худо, дигар дунё ақим аст, ки мисли Алӣ ибни Абӯтолиб бизояд, яке буд ва ӯ ҳам рафт.
Ин чист? Ин ситоиши душмантарини душманони дунёст аз як мард. Ин кор дар чӣ сатҳе қарор гирифта? Аз кори оддии ҳамаи инсонҳо ва аз ҳар чи кори ҳайвонот аст, болотар.
Инро кори инсонӣ, кори ахлоқӣ, феъли ахлоқӣ ва сифати ахлоқӣ мегӯянд. Кори Алиро кори ахлоқӣ мегӯянд, тамоюлот ва эҳсосоти Алиро тамоюлот ва эҳсосоти ахлоқӣ мегӯянд ва андешаи Алиро андешаи ахлоқӣ мегӯянд. Оё башар метавонад инҳоро нафй кунад?
Достоне аст аз достонҳои Алӣ алайҳис салом, ки шояд мукаррар шунидаед ва ман дар “Достони ростон” онро нақл кардаам. Яке аз дӯстонамон барои худи ман нақл кард, гуфт, ман китоби “Достони ростон”-ро ба як одам чапӣ ва коммунист додам; вақте ба ман пасдод, гуфт, ҳақиқаташ ин аст, ки он достон охир як ашке аз мо гирифт. Инро як одами материалист мегӯяд. Достоне аст, ки дар он каму зиёд нашудааст.
Алӣ алайҳис салом ҳамеша худаш дар кӯча ва хиёбон роҳ меравад, ба маъмурин сад дар сад эътимод намекунад, худаш ҳам аҳёнан меояд мустақим мебинад.
Манзараҳое ҷилави чашмаш меояд, гоҳе аз як манзара нороҳат мешавад, ки чаро ин гуна аст? Рӯзе занеро мебинад, ки мушки обе ба дӯш кашида. Бо худ гуфт, як зан ба чӣ муносибат машки об ба дӯш кашида? Ҷараён бояд ғайри оддӣ бошад. Ба фалон шурта намегӯяд бирав таъқиб кун, бибин қазия чист, балки худаш фавран пеш меравад, вале мехоҳад, ҳақиқати қазияро бифаҳмад. Намеояд дар ҳоле, ки ӯ зери бори сангин аст, аз ӯ истинтоқ ва бозпурсӣ кунад. Аввал пеш меояд, ба ӯ салом мекунад:
Хонум! Иҷоза медиҳед, ман ба шумо кӯмак кунам ва ин машки обро ман ба манзил бирасонам? Мегӯяд бисёр хуб. Халифа аст, машки обро ба дӯш мегирад ва мебарад, вале касе аз дили ӯ бохабар нест. (Ҳоло агар касе мисли мо ин корро бикунад, мураттаб худамонро ситоиш мекунем; ӯ баръакс аст.) Меравад, то он зан ба хонааш мерасад. Хонаи занро ёд мегирад. Машкро ба замин мегузорад. Баъд, бо камоли адаб мепурсад: эй зан! Маълум аст, ки ту марде надорӣ, агар марде медоштӣ, ки лобуд худат ин корро намекардӣ.
Бале, шавҳарам фалон кас дар рикоби Алӣ ибни Абӯтолиб дар Сиффин кушта шуд. Баъд аз ӯ манам ва чанд ятим, ночорам кори берун ва дохил ҳар дуро худам анҷом бидиҳам ва касе ҳам ба мо расидагӣ намекунад.
Навиштаанд, Алӣ бармегардад ва ба хона меравад. Вале шаб хобаш намебарад. То субҳ аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ мехобад мисли одаме, ки таби 41 дараҷа дошта бошад.
Мунтазир аст, ки субҳ шавад. Субҳ, ки мешавад — боз ҳам на фардеро маъмурият бидиҳад, фақат шахси худаш — занбилро бармедорад, пулу гӯшту хурмо ва орд дар он қарор медиҳад ва ба аҷала худашро ба дари ҳамон хона мерасонад. Дар мезанад. Зан мегӯяд, кист? Мегӯяд, ман ҳамон мусалмони дирӯзӣ ҳастам, барои ин баччаятимҳо ҳадияе овардаам, агар иҷоза медиҳед, дохил шавам.
Ин зан вақте эҳсос кард, як марди ғариба ба ӯ расидагӣ мекунад ва Алӣ, ки масъул будааст, бояд зудтар расидагӣ мекард гуфт: Худо доди дили моро аз Алӣ бигирад, чаро Алӣ ба мо расидагӣ намекунад? Алӣ алайҳис салом ҳеч ба рӯйи худаш наовард. Эҳсос мекунад, баччаҳо гуруснаанд. Ба аҷала ва шитоб гӯштҳоеро кабоб мекунад ва ба онҳо мехӯроанд, хурмо ба онҳо медиҳад. Фавран ба зан мегӯяд: эй зан! Ё ту баччаҳоро нигаҳ дор, ман хамир бикунам ва нон бипазам ё ман баччаҳоро нигаҳ медорам ва ту ин корро бикун. Мегӯяд, ман барои кор нон пухтан беҳтар ҳастам, ту баччаҳоро нигаҳ дор. Фармуд, ман танӯрро равшан мекунам. Худаш танӯрро равшан кард. Баъд шурӯъ мекунад ба сер кардани баччаҳо ва бозӣ кардан бо онҳо ва мураттаб мегӯяд: баччаҳо! Алиро бибахшед, аз гуноҳони Алӣ бигузаред, Алӣ дар бораи шумо кӯтоҳӣ кардааст. Он зани бечора ҳам намедонад, ки ӯ кист. Дар ҳоле, ки Алӣ алайҳис салом танӯрро равшан мекунад, зани ҳамсоя меояд аз девор сар мекашад. Мебинад, марде ҳам онҷост; мешиносад. Мегӯяд, эй зан! Ин кист, ки ту овардаӣ? Мегӯяд, одами хубе аст, дирӯз дар кӯча моро дид, машки обро ба манзил расонд, имрӯз ҳам бароямон пулу ғизо овардааст.
Гуфт: оё медонӣ ин кист, ки ту ба хидмат гирифтаӣ? Ин Алӣ ибни Абӯтолиб, халифа аст.
Ин зан маъзарат хоҳӣ мекунад. Фармуд, ман бояд аз ту маъзарат бихоҳам, на ин ки ту аз ман маъзарат бихоҳӣ.
Феъли ахлоқӣ ва инсонӣ яъне ин, яъне коре, ки аз ҳадди корҳои табиии инсон болотар аст.
Наҳзати Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис салом наҳзате аст ахлоқӣ ва инсонӣ, яъне барои наҷот додани инсонҳо (мо мегӯем барои ислом; ислом барои чист? Барои наҷот додани инсонҳо). Аз ин ҷиҳат аст, ки муқаддас ва мутаъолӣ ва дар ҳадди аъло қобили ситоиш аст.
Марде, ки дар байни роҳ вақте бо душман бархӯрд мекунад ва эҳсос мекунад душманаш ташна аст, фавран мегӯяд, машкҳоро боз кунед, аспҳои инҳоро об бидиҳед, мардонашонро ҳам об бидиҳед; ва тамоми корҳое, ки дар онҷо дошт, аз ин қабил буд.
Ҳаракат додани аҳли байт ба сӯйи Кӯфа
Шаби 12-ум Муҳаррам ва шаби дуввуми азодории аҳли байт аст. Дуввумин шабе аст, ки инҳо азодоранд. Тибқи ривоятҳои “Мақотил” дар мисли имшабе инҳо ба суръат дар дасти он ҷаллодҳо, ки инҳоро савори шутурҳои бе ҷиҳоз кардаанд, дар ҳаракатанд ва инҳоро ба тарафи Кӯфа меронанд; на мулоҳизаи хоби инҳоро мекунанд, на мулоҳизаи хӯрок ва на мулоҳизаи осоиши инҳо, барои ин ки инҳоро сари мавқеъ ба Кӯфа бирасонанд, ки онҷо барнома танзим шуда ва қаблан шаҳрро ба ифтихори пирӯзии халифаи мусалмонон бар як душмани хориҷӣ, ки хуруҷ кардааст, зинат кардаанд ва барнома барояш танзим кардаанд. Аз як тараф, шаб сарҳоро ҷудогона фиристодаанд; ҳоло дигар инҳо ҳеч фикре надоранд ҷуз ин ки асиронро сари мавъиди муайян бирасонанд. Худо медонад бар аҳли байти пайғамбар чӣ гузашт!
Асри Ошӯро, ки ғоила поён ёфт ва Имом Ҳусайн шаҳид шуданд, писари Саъд чанд кор кард. Аввалин кораш ин буд; дилам намехоҳад аслан исми ин кори зишту палиди инҳоро бибарам; он коре, ки он лаъини азалу абад гуфта буд, агарчӣ ман медонам барои як шахс баъд аз мурдан ранҷе нест, вале ман қасам хӯрдаам бояд анҷом диҳам. Дигар ин ки дастур дошт, хаймаҳои ҳусайниро оташ бизанад. Албатта ибтидо рехтанд дар хаймаҳо ғорат карданд.
Кори дигаре, ки барои худашон хеле лозим мешумурданд, дафн кардани куштаҳои худашон буд. Куштаҳояшон зиёд буд. Ин буд, ки асри Ошӯро ва шаб ва фардоро то зуҳри он рӯз — яъне то зуҳри мисли имрӯз, ки рӯзи ёздаҳум буд — монданд ва ҷасадҳо ва куштаҳои худашонро дафн карданд, вале аҷсоди мутаҳҳари шуҳадоро ба ҳамон ҳол гузоштанд ва чӣ беҳтар, ки гузоштанд ва дасти палиди онҳо тамос нагирифт. Ҳамин ки аз корҳо фориғ шуд, дастур дод, сарҳои муқаддасро буриданд ва гурӯҳи дигаре бурданд. Ҳамчунин дастур дод, ки аҳли байтро савори шутурҳо бикунанд. Омаданд, ки онҳоро савор кунанд. Зайнаб — Саломуллоҳи алайҳо! — ки қофиласолор буд, чун инҳо иддае зану бачча буданд, фармон дод, ки касе ҳақ надорад ҷилав биёяд. Агар биност мо савор бишавем, худамон савор мешавем, мардҳо номаҳраманд, бираванд. Вақте, ки корвон хост роҳ биафтад, таъбире Сайид ибни Товус дар “Луҳуф” овардааст:
وَقُلْنَ
— намегӯяд, Зайнаб ё Сакинахотун танҳо фармуд,
قُلْنَ
— яъне занон гуфтанд; мисли ин ки ба сурати як тақозои ҳамагонӣ буда –
وَقُلْنَ بِحَقِّ اللّهِ إِلاّ ما مَرَرْتُمْ بِنا عَلی مَصْرَعِ الْحُسَینِ
Гуфтанд, шуморо ба Худо қасам, ҳоло, ки моро ба Кӯфа мебаред, хоҳиши мо ин аст, ки моро аз қатлгоҳ бибаред, барои ин ки мехоҳем бо азизони худамон охирин дидорро анҷом бидиҳем.
Онҳо ин тақозоро пазируфтанд. Вақте, ки инҳоро оварданд аз канори шуҳадо убур бидиҳанд, чашми инҳо, ки ба ин баданҳои мутаҳҳар афтод, фарёдашон баланд шуд ва ҳама худашонро аз рӯйи маркабҳо ба рӯйи замин андохтанд ҷуз Зайнулобидин — Саломуллоҳи алайҳи! — ки бемор буд ва поҳои муқаддасашро баста буданд. Ҳар кас азизеро дар бағал гирифт, ҳар касе канори азизе аз азизони худаш қарор гирифт. Зайнаб, ки ҳафт бародар ва як писар дар Карбало дода фақат як азиз ва маҳбуб дорад. Ҳол, дар миёни он шамшери шикастаҳо, сангҳо ва кулӯхҳо Худо медонад чӣ ҳоле дорад! (Шоир гӯяд):
Гуле гум кардаам, меҷӯям ӯро,
Ба ҳар гул мерасам, мебӯям ӯро.
Рафт ва рафт, то бадани Ҳусайнро пайдо кард ва худашро рӯйи ин бадан андохт…
Ин ҷост, ки нақл кардаанд, Зайнаб шурӯъ кард ба навҳасаройӣ; як навҳасаройӣ кард, ки дӯсту душман гиристанд, ҳатто ҳамон ҷаллодҳои маъмур ҳам гиристанд. Садояшро баланд кард:
بِأَبِي الْمَهْمومُ حَتّی قَضی
بِأَبِي الْعَطْشانُ حَتّی مَضی
لا حول ولا قوة الاّ باللّه العلي العظیم وصلّی اللّه علی محمد وآله الطاهرین باسمك العظیم الأعظم الأعز الأجلّ الأكرم یا اللّه
Худоё! Дилҳои моро ба нури имон мунаввар бигардон!
Моро бо ҳақоиқи ислом ошно бифармо!
Моро пайрави воқеии таъолими олияи исломӣ қарор бидеҳ!
Моро аз ахлоқи макруматӣ ва макорими ахлоқ баҳраманд бигардон!
Ниятҳои моро холис бигардон!
Амвоти мо ғариқи раҳмати худат бифармо!
Худоё! Моро қадрдони ислом ва Қуръон қарор бидеҳ!
Қадрдони пайғамбар ва Ол қарор бидеҳ!
Ҳоҷоти машрӯъаи моро баровар!
وعجّل في فرج مولانا صاحب الزمان
* * *
(1) Ибни Ҳунайф марди бузургворе буд. Ӯ агар алъон мебуд, одилтарини одамон дар замони мо буд.
(2) Чӣ гуноҳе муртакиб шудааст?! Агар чизи дигаре мебуд, Алӣ мегуфт. Агар сари суфраи ҳароме ширкат карда буд, як он ӯро сари кори худаш боқӣ намегузошт.
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пайдо шудани маъдани алмос дар даруни ҳавлӣ
Созмони Ҳамкории Исломӣ хостори иқдом алайҳи иҳонаткунандагон ба Қуръон шуд

Матолиби пурбоздид