Фалсафаи ахлоқ – IX

Фалсафаи ахлоқ 

Бахши нуҳум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Назарияи виҷдонӣ

Назарияи виҷдонӣ, ахлоқро на отифа медонад ончунон, ки ахлоқи ҳиндӣ ва ахлоқи масеҳӣ медонанд ва на ақлу ирода медонад ончунон, ки файласуфони исломӣ гуфтаанд, балки ахлоқро иборат медонад аз илҳомоти виҷдонӣ.

Калимаи “виҷдон”-ро зиёд шунидаед. Гурӯҳе мӯътақиданд, ки Худои Мутаъол нерӯе дар даруни инсон қарор додааст, ки он нерӯ ғайр аз ақл ва отифа аст; нерӯе аст, ки ба инсон таклиф илҳом мекунад, яъне аз даруни инсон ба инсон фармон медиҳад; мегӯяд: чунин бикун, чунон накун! Ин нерӯ ба ақл марбут нест. Ақл бештар як амри иктисобӣ аст ва ин як амри фитрӣ аст.

Худои Мутаол ҳар инсонеро бо як виҷдон офарида ва он виҷдон дар бисёре аз масоил — на ҳама чизро — ба инсон илҳом мекунад. Дар корҳое, ки исмашро кори ахлоқӣ мегузорем, виҷдон ба инсон илҳом мекунад; мегӯяд: ин корро бикун, он корро накун!

Кори ахлоқӣ коре аст, ки аз виҷдон илҳом гирифта шуда бошад. Кори табиӣ коре аст, ки ба виҷдон марбут нест, ба табиат иртибот дорад, мисли ғизо хӯрдан, об нӯшидан ва амсоли инҳо. Вале кори ахлоқӣ ба табиати инсон иртибот надорад, ба виҷдони инсон иртибот дорад, ба фармоне аст, ки инсон аз замири худ мегирад.

Назари Қуръон дар бораи виҷдон

Қуръон дар мавриди ин ки инсон муҷаҳҳаз ба як силсила илҳомоти фитрӣ аст сукут накардааст. Дар сураи муборака “Вашшамс” мехонем:

وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا. وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا. وَالنَّهَارِ إِذَا جَلَّاهَا. وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَاهَا. وَالسَّمَاءِ وَمَا بَنَاهَا. وَالْأَرْضِ وَمَا طَحَاهَا. وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا

(Шамс/1- 8 ) Охирин савганд ин аст: савганд ба руҳи башар ва эътидоли он, ки Худои Мутаъол ба руҳи башар корҳои фуҷур ва корҳои тақворо илҳом кард, ки чӣ фуҷур аст, чӣ фусуқ аст, чӣ зишт ва набояд карданӣ аст ва чӣ тақво ва покӣ аст ва бояд анҷом бишавад.

Вақте ин ояти Қуръон нозил шуд:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

(“Бар корҳои нек ва бар тақвоҳо ҳамкорӣ кунед, вале бар исм (гуноҳ)-ҳо ва корҳои душманихез ҳамкорӣ накунед…” (Моида/2)), марде ба номи Вобиса омад хидмати Расули Акрам ва гуфт: ё Расулаллоҳ! Суоле дорам. Фармуд: ман бигӯям суоли ту чист? Бифармоед. Омадаӣ, ки бирру тақво ва ҳамчунин исму удвонро бароят таъриф бикунам. Гуфт: бале, ё Расулаллоҳ! Барои ҳамин омадаам. Навиштаанд, Пайғамбар се ангушти худро ҷамъ карданд, заданд ба синаи Вобиса ва фармуданд:

یا وابِصَةُ! اسْتَفْتِ قَلْبَكَ، اسْتَفْتِ قَلْبَكَ، اسْتَفْتِ قَلْبَكَ

(Маҳаҷҷатул-байзо, ҷ.1, с.58) Ин истифто (пурсидан)-ро аз дили худат бикун, аз қалбат истифто кун, яъне Худо ин шинохтро ба сурати як илҳом ба қалби ҳар башаре илҳом фармудааст. Ин шеъри Мавлавӣ, ки:

Пас паямбар гуфт: “истафтул-қулуб…

— ҳамин ҳадисро баён мекунад.

Ё ояти дигари Қуръон мефармояд:

وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ

(Анбиё/73) Дар тафсири “Алмизон” истинботи хеле ширине доранд, мефармоянд: нафармуд:

وَأَوْحَیْنا إِلَیْهِمْ أَنِ افْعَلُوا الْخَیْراتِ

Ваҳй кардем, ки корҳои хайрро анҷом диҳанд. Агар ин ҷур буд, ҳамин ваҳйи оддӣ мешуд, яъне ба онҳо дастур додем. Балки мефармояд:

وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ

Худи корро ваҳй кардем, яъне худи корро ба онҳо илҳом кардем.

Назари Кант

Дар дунё будаанд касоне дар машриқ ва мағриб (дар машриқи исломии худамон зиёд ва дар машриқи ғайри исломӣ ва дунёи мағриб ҳам касоне), ки ба чунин виҷдони мустақилле дар башар имон ва эътиқод доранд, ки воқеан Худо ба башар чунин виҷдоне иноят фармудааст. Яке аз онҳо, Кант (Иммануил Кант), файласуфи маъруфи олмонӣ аст, ки дар дунё ӯро яке аз бузургтарин фалосифаи ҷаҳон ва ҳамрадифи Арасту ва Афлотун дар нубуғ медонанд ва файласуфи хеле фавқулъодае аст. Кант китобе дорад дар боби ақли назарӣ ва китобе дар боби ақли амалӣ. Ва дар ақли амалӣ, дар боби ахлоқ ва решаи ахлоқ ва фалсафаи ахлоқ баҳс кардааст ва бештари аҳаммияти ҳарфҳояш ҳам дар масоили ҳикмати амалӣ ва ахлоқи амалӣ аст. Ин мард дар фалсафаи худаш мӯътақид аст, ки феъли ахлоқӣ яъне феъле, ки инсон онро ба унвони як таклиф, аз виҷдони худаш гирифта бошад. Феъли ахлоқӣ яъне феъле, ки виҷдон гуфта: бикун ва инсон ҳам бидуни чуну чаро — на барои ҳадаф ва ғаразе — сирфан ва сирфан барои итоати амру фармони виҷдон, онро анҷом медиҳад. Пас, феъли ахлоқӣ яъне феъле, ки ношӣ аз фармони виҷдон аст. Ӯ дар бораи виҷдон ва замири инсон хеле ҳарфҳо дорад. Ҷумлае дорад, ки онро — ё ба васияти худаш ва ё ба интихоби дигарон — бар лавҳи қабраш навиштаанд. Ҷумлае бисёр олӣ аст. Гуфтааст:

“Ду чиз аст, ки инсонро ҳамвора ба эъҷоб вомедорад ва ҳар чи онҳоро мутолеа мекунад, бар эъҷобаш меафзояд: яке, осмони пурситорае, ки болои сари мо қарор гирифтааст ва дигар, виҷдоне, ки дар замири мо қарор дорад.”

Асосан дар ин мактаб, ахлоқ, виҷдони фитрии инсонӣ аст, ки Худои Мутаъол ба ҳар инсоне додааст.

Дар равоншиносӣ баҳсе аст тӯлонӣ роҷеъ ба виҷдон ё виҷдонҳои инсон ва ба таъбире, ки муносиб бо ҳарфҳои худамон бошад, роҷеъ ба умури фитрии инсон, ки чӣ чизҳое дар фитрати инсон аст. Рӯйи чаҳор чиз ин баҳс ҳаст: яке, виҷдони ҳақиқатҷӯӣ ё виҷдони илм: оё инсон илмро ба хотири худи илм дӯст дорад, яъне ба ҳасби фитрат ва ғариза ковишгар офарида шудааст? Дигар, ҳамин виҷдони ахлоқӣ аст: оё инсон ба ҳасби фитрат некӯкор офарида шуда? Ба ӯ виҷдоне дода шуда, ки ӯро даъват ба некӯкорӣ мекунад ва фармон ба некӣ медиҳад? Севвум, виҷдони зебоӣ аст: оё ҳар касе ба ҳасби виҷдони худаш ва билфитра зебоишинос ва зебоихоҳ офарида шудааст? Ва чаҳорум, виҷдони парастиш, яъне виҷдони динӣ ва мазҳабӣ, ки оё ҳар инсоне ба ҳасби хилқат ва фитрат, парастанда ва Худохоҳ ва Худодӯст ва Худопараст офарида шудааст ё на? Кант рӯйи масъалаи виҷдони ахлоқӣ такя кардааст.

Бинобар ин, тибқи ин назария, ахлоқ яъне дастурҳои сареҳ ва қотеъе, ки виҷдони инсон ба инсон илҳом мекунад. Агар бипурсед: чаро инсонҳо эсор мекунанд? Мегӯяд: ин амри виҷдон аст, чаро надорад, далел надорад, виҷдон амр карда. Чаро инсонҳо ҳақшиносанд? Мегӯяд: ҳақшиносӣ илҳоми виҷдон аст. Чаро инсонҳо аз афв бештар лаззат мебаранд, то интиқом ва ба ҷойи интиқом афв мекунанд? Мегӯяд: фармони виҷдон аст. Чаро инсон тан ба зиллат доданро сахттар аз ҷон додан медонад ва мегӯяд, зери бори зиллат намеравам? Мегӯяд: фармони виҷдон аст ва ҷуз фармони виҷдон, чизи дигаре нест.

* * *

Чанд калимае зикри мусибат мекунам. Мукаррар шунида ва медонед, дар ҳодисаи Карбало яке аз шохисҳои ахлоқӣ, ки дар шахси муқаддаси Сайидушшуҳадо ва ёрон ва аҳли байташ намудор аст, ин ҳолати ахлоқӣ аст, ки мо тан ба зиллат намедиҳем; мо асир мешавем, тани мо мумкин аст дар занҷир қарор бигирад, гарданҳои мо мумкин аст дар зери ғуллҳои сангин хурд бишавад, маҷрӯҳу хунрезон бишавад, вале руҳи мо ба ҳеч ваҷҳ зери бори зиллат намеравад, ҳарчанд зане асир бошем.

Асиронро вориди маҷлиси писари Зиёд мекунанд. Занони аҳли байт ва занони баъзе аз асҳоб ва хидматкорон ва канизон, ҳама гӯӣ даври Зайнаб ҳалқа зада буданд. Ба ин вазъ ҳазрати Зайнаб вориди маҷлиси Ибни Зиёд шуд ва Зайнаб зане қандбаланд буд. Дар он миён, ӯ, ки қаддаш баландтар буд, намоён буд. Зайнаб ворид шуд ва салом накард. Ибни Зиёд таваққӯъ дошт баъд аз ин ҳодиса — ки ба хаёли худаш, инҳоро хурд карда ва тамоми нерӯҳояшонро гирифтааст — дигар бояд инҳо таслим шуда бошанд, фикр мекард, акнун вақти хоҳишу илтимос аст ва интизор дошт Зайнаб лоақал саломе ба унвони ришва ба ӯ бидиҳад, вале чунин ришваеро ҳам Зайнаб надод. Нороҳат шуд, намедонист, ки руҳи онҳо хурдшуданӣ нест. Вақте Зайнаб нишаст, ӯ бо таҷаббур ва такаббуре гуфт:

مَنْ هذِهِ الْمُتَكَبِّرَةُ

Ё:

مَنْ هذِهِ الْمُتَنَكِّرَةُ

(Ду ҷур навиштаанд.) Ин зани пуртакаббур кист? Яъне чаро ба мо салом накард? Ё: ин зани ношинос кист? Касе ба ӯ ҷавоб надод. Суолашро такрор кард. Боз ҳам касе ҷавоб надод. Дафъаи севвум ё чаҳорум яке аз занҳо гуфт:

هذِهِ زَیْنَبُ بِنْتُ عَليِّ بْنِ اَبی طالِبٍ

Ин Зайнаб духтари Алӣ аст. Ибни Зиёд шурӯъ кард ба разолат ва пастӣ нишон додан, гуфт:

الْحَمْدُ لِلّهِ الَّذي فَضَحَكُمْ وَأَكْذَبَ أُحْدوثَتَكُمْ

Худоро сипос мегӯям, ки шуморо расво ва дурӯғи шуморо ошкор кард, Худоро сипос мегӯям, ки уқда ва кинаи маро нисбат ба бародарат шифо дод. Аз ин ҷур захми забонҳо. Зайнаб ба сухан даромад, фармуд: Худоро сипос мегӯям, ки иззати шаҳодатро насиби мо кард, Худоро сипос мегӯям, ки нубувватро дар хонадони мо қарор дод,

إِنَّما یَفْتَضِحُ الْفاسِقُ وَیَكْذِبُ الْفاجِرُ وَهُوَ غَیْرُنا، ثَكلَتْكَ أُمُّكَ یَا ابْنَ مَرْجانَةَ

Расвоӣ моли фосиқу фоҷирҳост, шаҳодат ифтихор аст, на расвоӣ, дурӯғро фосиқу фоҷирҳо мегӯянд, на аҳли ҳақиқат, дурӯғ аз соҳати мо ба дур аст! Худо марг бидиҳад туро писари Марҷона! Зери ин калима — “писари Марҷона”, як китоб ҳарф буд, чун Марҷона зани бадноме буд. Бо гуфтани ин ки ту писари Марҷона ҳастӣ, як китоб матлаб ба ёди Ибни Зиёд ва ҳамаи ҳуззори маҷлис овард. Ибни Зиёд гуфт: шумоҳо ҳанӯз забон доред?! Ҳанӯз доред ҳарф мезанед?! Ҳанӯз сари ҷойи худатон нанишастаед?! Кор ба ҷойе мерасад, ки мегӯяд: ҷаллод! Биё, гардани ин занро бизан! Бо Зайнулобидин сӯҳбат мекунад. Ӯ низ айнан ҳамин ҷур ҷавоб медиҳад. Ибни Зиёд мегӯяд: ҷаллод! Биё, гардани ин ҷавонро бизан!

Ногаҳон Зайнаб аз ҷо ҳаракат мекунад ва Зайнулобидинро дар бағал мегирад, мегӯяд: ба Худо қасам, гардани ин зада нахоҳад шуд магар ин ки аввал гардани Зайнаб зада бишавад. Ибни Зиёд нигоҳе кард ва гуфт:

عَجَبا لِلرَّحِمِ، سُبْحانَ اللّهِ

Ман алъон мебинам, ки агар бихоҳам гардани ин ҷавонро бизанам, аввал бояд гардани ин занро бизанам.

ولا حول ولا قوة الاّ باللّه العلي العظیم وصلّی اللّه علی محمّد وآله الطاهرین، باسمك العظیم الأعظم الأعزّ الأجلّ الأكرم یا اللّه

Парвардигоро! Дилҳои моро ба нури имон мунаввар бигардон!

Ахлоқи моро ахлоқи қуръонӣ қарор бидеҳ!

Дилҳои моро аз разоили ахлоқӣ пок бигардон!

Ба ҳама мусалмонон иззат ва ошноии комил бо таъолими Қуръон иноят бифармо!

Падарҳо ва модарҳои мо, ки аз дунё рафтаанд, ғариқи раҳмати худ бифармо!

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Масали шер ва ромкунанда
Китоби “Шифо”-и Бӯалӣ чӣ китобе аст?

Матолиби пурбоздид