Фарз кунед, ин фоҷеа дар як нуқтаи дигар аз олам иттифоқ меафтод, на дар Фаластин
Ёддоште аз Сайидюнуси Истравшанӣ
То ба имрӯз, беш аз 15 ҳазор одам дар Ғазза ба дасти саҳюнистҳо шаҳид шудаанд, ки бештари онҳо кӯдак ва зан ҳастанд, 78 тан хабарнигор дар байни онҳо ҳастанд, гузашта аз харобиҳо ва вайрониҳое, ки дар ин борика ба вуқӯъ пайваста.
Аммо бо ин ҳама, ҷаҳони ба истилоҳ, “мутамаддин”, хомӯш аст; “мутамаддин”-ҳое, ки агар аз сад яки ин ҳодисаҳои фоҷеаомез дар ҷойе дигар иттифоқ меафтод, гӯши ҳамаро пур карда буданд, ки ин кишвар ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил нест, ки қатъан аз тариқи СММ таҳрим мешуд.
На танҳо “мутамаддин”-ҳо мисли Омрико, Олмон, Фаронса, Ангилис ва назири онҳо, ки ҳатто созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, фаъолони маданӣ, хабарнигорон ва рӯзноманигорон ва ғайра низ сокитанд; кулӯх бар лабонашон гирифтаанд.
Ин сукут ва ин хомӯшӣ ва ин сардӣ аз сӯйи онҳо, агар ба чизе далолат мекунад, қатъан далолат бар ин дорад, ки ҳамаи он чи дар бораи ҳуқуқи башар, риояти ҳуқуқи занон, озодӣ ва ғайра мегуфтаанд, ҳама ва ҳама дурӯғ будааст, дар воқеъ як мушт афроди бевиҷдон, безамир, бетафовут будаанд.
Имрӯзҳо беш аз дигар одамҳо, аз касоне бештар бадам меояд ва нисбат ба онҳо – ки ҳамеша дар канорашон будам – як эҳсоси танаффур дар назди ман эҷод шуда, ки ҳамвора дам аз ҳуқуқи инсон, мубориза барои эҳқоқи ҳуқуқи аз даст рафтаи шаҳрвандон, озодӣ, иззат ва сарбаландӣ, мубориза бо диктотурҳо ва худкомаҳо мегуфтанд. Ин одамҳо то кунун ҳатто “лом” нагуфтанд!
Шояд агар ба ҷояшон мебудам, ман ҳам вазъияте шабеҳи онҳоро доштам, ба ин хотир, ки дар кишварҳое сокинанд, ки ҳомии “Исроил”-анд, ки агар мавзее бигиранд, ихроҷат мекунанд. Магар намебинед, ки чӣ балое ба сари ҳунарпешаҳои Ҳоливуд, ҳатто ситораҳояш ба хотири ҳимоят аз Ғазза ва мазлум оварданд?! Ва ё шояд ба ин далел бошад, ки мӯътақиданд, Фаластин аз они фаластиниҳост, на тоҷикҳо ва мо тоҷикҳо масоиб ва гирифториҳои худамонро дорем, ки бояд ба он расидагӣ шавад! Шояд чунин бошад, намедонам.
Аммо росташ ҳаргиз мӯътақид ба “кишвари ман” ва “кишвари ту” набудаам; ҳаргиз мӯътақид ба ин марзҳои ҷаълӣ, ки байни кишварҳо ба хусус байни кишварҳои исломӣ эҷод шудааст набудаам. Барои ман, як фаластинӣ, як ироқӣ, як ниҷерияӣ, як турк, як ӯзбак ва як масалан филиппинӣ, ба ҳамон андоза арзиш дорад ва дилам барояш метапад, ки барои як тоҷик дилам метапад, кучактарин фарқ байни ин ду намегузорам. Касе, ки фарқ мегузорад, ин кори ӯст, ихтиёри ӯст, ман аз худам мегӯям.
Хулоса, ҳаводиси Ғазза на танҳо воқеияти кишварҳои ба истилоҳ “мутамаддин”-ро ошкор сохт, балки воқеияти одамҳоро низ бармало сохт.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн