«Фарҳанги Онандроҷ»

Фарҳанг

 

«Фарҳанги Онандроҷ» – Оинаи муҳаббати Онанда Роҷ ба форсӣ

«Фарҳанги Онандроҷ» дар замони худ ҷомеътарин ва муназзамтарин фарҳанги забони форсӣ ба шумор рафтааст.

Нигорандаи ин фарҳанг Муҳаммадподшоҳ, мутахаллис ба Шод, фарзанди Ғуломмуҳйиддин, муншии фармонравои Виҷи Нагар аз иёлати Дакани Ҳинд аст.

Дар кори таҳия ва тадвини китоб, ӯро ду бародараш дастёрӣ карданд. Муҳаммадподшоҳ барои нишон додани ҳақшиносии худ, номи ҳамон Маҳороҷаро бар фарҳанги худ гузошт ва китобро ба вай туҳфа кард.

Нигорандаи «Фарҳанги Онандроҷ» илова бар овардани вожаҳои тозаву куҳани форсию арабӣ, аз забти луғоти бегонаи туркию ҳиндӣ ва санскриту румию юнонии роиҷ дар тадовули омма ғафлат накардааст.

Зикри мутародифот, ташбеҳот таркибот ва маонии маҷозии луғоту мусталаҳоти улуми адабӣ, монанди арузу қофияву бадеу бархе донишҳои дигар, аз қабили мантиқ, мусиқӣ нуҷум ва риёзиёт аз дигар фавоиди фарҳанг аст.

Муҳаммадподшоҳ ба пешниҳоди Маҳороҷ Онанд Роҷ тарҳи аслии кори худро аз фарҳанги инлисии Вебстер (Webster) иқтибос кард.

Муҳаммадподшоҳ бо таълифи ду асари муҳимм – «Мутародифот» ва «Фарҳанги Онандроҷ» дар арсаи фарҳангнависӣ ба забони форсӣ хидмати намоён кард, зеро ҳар як аз ин ду фарҳанг вижагиҳое дорад, ки пеш аз он дар фарҳангҳои форсӣ собиқа надоштааст.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Обид Шакурзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ як саги ҳор ва гурги хунхор аст”
Фоҷиаи «Луғати тоҷикӣ-русӣ»

Матолиби пурбоздид