Фарҷоми нобаҳангоми Ӯлҷабоев

Таърих

Фарҷоми нобаҳангоми Ӯлҷабоев

Салими Аюбзод

Торих

Бахши аввал

Турсун Ӯлҷабоев дар моҳи майи соли 1956, баъд аз он ки Бобоҷон Ғафуров раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии СССР таъйин шуд, дар ҷои ӯ ба курсии раҳбари Тоҷикистон нишаст. Ҳарчанд даврони раҳбарии Улҷабоев ҳамагӣ панҷ сол давом кард, пас аз барканорияш низ солҳои зиёде номи ӯ сари забонҳо монд. Ҳоло, бо гузашти зиёда аз ним қарн Турсун Ӯлҷабоев ба як симои наҷибу нодири таърих табдил ёфтааст.

Бархе бар инанд, ки бештар моҷарои истеъфои ӯ сабаби шӯҳраташ гашт, то фаъолияташ ҳамчун сарвари мамлакат, зеро бисёриҳо Ӯлҷабоевро “қурбонии бегуноҳ” мешуморанд. Худи шеваи барканории ӯ, аз ҷумла ихроҷ шуданаш аз сафи Ҳизби коммунист дафъатан хотираи ҳанӯз сарзиндаи таъқибҳои сталинии солҳои 1937-40-ро зинда кард ва ҷомеаро ба ҳарос андохт. Аз сӯе ҳам баъд аз ронда шуданаш аз ҳизбу ҳукумат овозаҳои зиёди беобрӯкунанда ва гӯшношунид гирди номаш ба гардиш даромад. Мисли он ки гӯё Ӯлҷабоев сутуни хонаҳояшро аз тилло сохта буд, аҳли байташ дар шир оббозӣ мекарданд ва монанди инҳо.

Ба эҳтимоли зиёд ин овозаҳоро КГБ – Кумитаи амнияти давлатии СССР паҳн мекард, то барканории Улҷабоевро ҷомаи қонунӣ пӯшонад ва аз ҳама гуна норозигиҳои мумкин чӣ дар сатҳи ҳукумат ва чи мардум пешгирӣ кунад. Чунин овозаҳо пештар ҳангоми барканории раҳбари вақти Қирғизистон Исҳоқ Раззоқов низ паҳн шудаанд. Хрушев соли 1961 ба ҷои ӯ Турдакун Усубалиевро раҳбари аввали ин кишвар таъин кард. Агар ба назар гирем, ки ҳамон солҳо сарвари Қазоқистон ҳам аз мақомаш барканор шуд, метавон ҳадс зад, ки Хрушев зидди раҳбарони ҷумҳуриҳои миллӣ як маъракаи ба таври худ “поккорӣ”-ро дар пеш гирифта буд. Бино бар он сарварони барояш нофорам, зиёда аз ҳад ғаюр, ҳақталош ва ҳатто комёбро бо баҳонаҳои гуногун аз мақомашон барканор мекард ва афроди содиқи худро ба қудрат мерасонд. Барои “задан”-и Ӯлҷабоев парвандаи “изофанависӣ ё тағйири амдии навъи пахта”-ро ба миён гузоштанд, ки бо ёрии мухолифони дохилии Ӯлҷабоев сохта шуд.

Султон Мирзошоев, шоҳиди ҷаласаҳои барканории Ӯлҷабоев, ки он вақт раҳбари созмони ҷавонони коммунисти Тоҷикистон буд, мегӯяд, ягон нуктаи айбномаи зидди Ӯлҷабоев ҳақиқат надошт ва далеле пеш оварда нашуд, ки даст доштани ӯро дар ин ҷиноятҳо исбот кунад. Аммо рӯзноманигор Федор Раззоқов дар китоби “Коррупция в Политбюро. Дело красного узбека” (Москва, Алгоритм, 2010) менависад, айбномаи Улҷабоев, бино бар асноди мавҷуда воқеият дошт ва як падидаи барои тамоми Шӯравии вақт муқаррарӣ буд. “Вале, — менависад Раззоқов, — адл ин хоҳад буд, ки гуфта шавад, бо чунин айбнома мебоист худи Хрушев барканор карда мешуд, чунки маҳз ӯ сабабгори густариши изофанависиҳо дар ҳамаи Шӯравӣ буд. Ин қазия аз суханронии Хрушев дар анҷумани XXI-уми ҲКИШ дар аввалҳои соли 1959 маншаъ гирифт, ки амр дод, мамлакат бояд дар кӯтоҳтарин фурсат “аз лиҳози тавлиди саронаи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба сатҳи кишварҳои асосии капилатистӣ, аз ҷумла ИМА расад ва аз онҳо гузарад” (“догнать и перегнать”).

Аз сӯи дигар Хрушев, бино бар ёддоштҳои сиёсатмадорони шӯравӣ, онҳоеро дӯст намедошт, ки дастурҳои ӯро зери суол мебурданд. Чунончӣ сабаби асосии барканории раҳбари вақти Қазоқистонро ба мухолифташ бо як нақшаи Хрушев пайванд медонанд, ки мехост, ду ноҳияи вилояти Чимканди ин кишварро ба Узбакистон диҳад. Барои раҳбари шӯравӣ, ки чанде пеш Қримро аз Русия гирифтаву ба Украина “тақдим” карда буд, марзи байни ҷамоҳир маъние надошт. Вай ҳамчунин бовар дошт, ки раҳбари аввали ин ё он ҷумҳурӣ метавонад намояндаи он ҷумҳурӣ ва қавме, ки ҷумҳурӣ ба номаш аст, набошад. Бино бар ёддоштҳои котиби дуюми КМ ҲКИШ Фрол Козлов, Хрушев мегуфт: “Ба зудӣ дар Иттиҳод як забони умумӣ мемонад. Марзҳо барҳам мехӯранд. Муҳим нахоҳад буд, ки дар садри ҷумҳуриҳо киҳо таъйин мешаванд.”

Зоҳиран, Хрушев бо раҳбари Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев низ “ҳисобу китоб”-е дошт, Ӯлҷабоев ҳарчанд замоне раҳбар шуда буд, ки Хрушев се сол ба ин сӯ сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ба гуфтаи шоҳидон, худро аз шогирдони Бобоҷон Ғафуров медонист ва роҳи ӯро идома додаву аксари барномаҳои асосии худро бо Ғафуров ҳамоҳанг мекард. Дар навбати худ Ғафуров аз раҳбарони мавриди иштиёқи Хрушев набуд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Эрон ба Амрико
Ҳаёт – амри маънавист

Матолиби пурбоздид