Фасоди ахлоқӣ – омили нобудии қавмҳост

Таърих

Фасоди ахлоқӣ – омили нобудии қавмҳост

Нигоҳе гузаро ба таърихи Андалус

“Таърихчаи Андалусро бихонед, лоақал китоби “Таърихи Андалус”-и дӯсти бузургвори мо марҳум Оятиро мутолиа кунед ва китобҳои дигаре, ки дар ин замина навиштаанд ва шояд дар баъзе қисматҳо аз он китоб муфассалтар бошанд.

Андалуси исломӣ як маҳди бузурги тамаддуни исломӣ аст. (Ба навиштаи нависандаҳои масеҳӣ аз ҷумла Густав Лебон, ки фаронсавист), дунёи масеҳият худашро дар муқобили ин маҳди тамаддун нотавон мебинад, вале чашм ба он дӯхтааст. Наметавонад коре аз пеш бибарад, чун инсонҳояш инсонҳои дурусте ҳастанд. Нақша мекашад; нақшаи фасоди ахлоқ: агар коре бикунем, ки ахлоқи ҷавононашонро фосид кунем, муваффақем. Аз роҳи зан ва шароб ворид мешаванд. Шурӯъ карданд васоили машрубсозӣ фароҳам кардан ва машруби ройгон дар ихтиёри мусалмонон қарор додан. Токистонҳо ба вуҷуд оварданд барои машруб ва шаробашро вақф (-и мусалмонон) карданд.

Духтарони масеҳӣ, ки қаҳран аз ҳамон вақт беҳиҷоб буданд ва ба сурати як ақаллият зиндагӣ мекарданд, маъмур шуданд рӯз ба рӯз худашонро лухттар кунанд, худашонро дар ҳадди аъло ороиш кунанд ва ба дилрубоӣ бипардозанд. Ин нақша, яъне нақшаи фосид кардани инсонҳо хеле хуб кори худашро кард. Тадриҷан ҷавонони исломӣ ба шароб ва қимор ва маҷолиси айёшӣ ва духтарбозӣ ва амсоли инҳо одат карданд. Тӯле накашид, ки ҳар ҷавони мусалмон як рафиқи духтари масеҳӣ дошт.

Дар китобе хондам, ки рӯзе яке аз ҳокимони мусалмон дар қасри худаш канори дарёе нишаста буд ва дошт хиёбон ва бозорро тамошо мекард. Як духтари бисёр зебои масеҳӣ – ва шояд ба қасди дилрубоӣ аз шахси ҳоким – бо таннозии фавқулода аз он ҷо убур кард. Ӯ миқдоре тамошо кард, ончунон фирефта шуд, ки бе ихтиёри худаш аз қаср берун давид, дигар маҷол ба ғуломҳо ва навкарҳо надод, ки биравед ӯро биёваред, худаш паррид ва шахсан ӯро бағал зад ва овард дохили қаср. Ин воқеа гузориш шуд ба марказе, ки ин тавтиаро иҷро мекард. Мегӯянд, вақте ба он ҷо гузориш шуд, онҳо аз шодӣ ба рақс омаданд, гуфтанд, дигар мо фотеҳем.

Ҷомеае, ки афродаш аз назари ахлоқ фосиданд, дигар барояш ирода, ҳисси силаҳшӯрӣ ва ғайрат боқӣ намемонад, мегӯяд, хуш бош! Як калима бештар сараш намешавад: хуш бош! Миллате сохта шуд ба номи хуш бош!

Ҳамин, ки ахлоқи мусалмононро фосид карданд ва ин миллатро аз дарун фосид карданд, ҳуҷум оварданд. Қатли омме аз мусалмонон карданд, ки Густав Лебон, ки худаш фаронсавӣ аст, мегӯяд: Чунин фоҷеае дунё ба худаш надидааст. Бар сағиру кабир, бар зану мард раҳм накарданд. Бо як қасовате мусалмононро қатли омм карданд, ки Худо медонад! Мегӯянд, алъон исмҳои испониёиҳо исмҳои масеҳӣ монанди Жоку Жон аст, даҳ насл болотар мерасад ба Аҳмад, Маҳмуд, Абулқосим; ҳамаи аҷдоди инҳо мусалмононад.

Ончунон ихтиноқе ба вуҷуд оварданд, ки агар бӯ мебурданд, ки фарде мусалмон аст, хонадонаш қатли омм мешуд. Навиштаанд, навзоди писаре дар хонаводаи мусалмоне, ки исломи худро кетмон карда буданд, ба дунё меояд. Баъд, ки бистсола ва ҷавоне рашид ва қобили эътимод мешавад, падараш ё яке аз хешовандонаш, ӯро мебарад дар як хилвате, баъд аз савгандҳои зиёде, ки ба ӯ медиҳад, розро барояш фош мекунад ва мегӯяд, ҳақиқат ин аст, ин динест, ки мо доштаем, инҳо чунину чунон карданд. Агар коре метавонӣ анҷом бидиҳӣ, анҷом бидеҳ, ки баъд ин ҷавон билохира бо заҳмат ба кишварҳои исломӣ меравад.

Ғаразам ин ҷиҳат аст, ки фасоди ахлоқӣ омили фано ва измиҳлоли як қавм аст…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Понздаҳ гуфтор)

Qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарди дил
Чаро ин донишмандон аз мафохири исломӣ ҳастанд?

Матолиби пурбоздид