Фатвои уламои аҳли суннати Ироқ

Фатвои уламои аҳли суннати Ироқ: “Ба ҷойи қурбонӣ кардан, мешавад ҳазинаи онро ба Ғазза фиристод”

Ахбори Ҳаҷ

Маҷмаи фиқҳии Ироқ ба унвони марҷаияти динии аҳли суннат дар Ироқ, дар фатвое иҷозаи ирсоли ҳазинаи қурбонии иди қурбон ё ирсоли гӯшти он барои аҳолии Ғаззаро содир кард.

Дар баёнияи ин маҷмаъ, ки дар ҳисоби корбариаш дар Х мунташир шуда омадааст:

“Ҳарчанд қурбонӣ кардан аз шаоири илоҳӣ ва анҷоми он шоиста аст, аммо ирсоли ҳазинаи он ба хориҷ аз кишвар ва ҷойе, ки мусалмонон ниёзи шадиде ба он доранд ҷоиз аст, чунонки дар мақоми қиёс, ҷавози интиқоли ҳазинаи закот аз кишваре ба кишвари дигар бар асоси маслиҳат ва ниёз содир шудааст.”

Бино бар ин фатво, мешавад гӯшти қурбонишударо ях кард ва барои аҳолии Ғазза фиристод.

Соли гузашта низ Маҷмаи фиқҳии Ироқ тайи фарохоне хостори баргузории намози ҷумъаи воҳид дар Бағдод барои эъломи ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин шуда буд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми Абӯубайда ба ба ҳоҷиён
Расонаи амрикоӣ: “Набард бо артиши Яман, шадидтарин мушкили Амрикост”

Матолиби пурбоздид