Форобӣ ва фалсафаи ӯ

Таърих

Форобӣ ва фалсафаи ӯ

Зиндагинома

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ, файласуф ва донишманд, дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороб дар ҳудуди Қазоқистони кунунӣ, ки он айём ҷузъи Хуросони бузург маҳсуб мешуд ба дунё омадааст. Форобӣ дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ, яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст.

Форобӣ дар соли 338 ҳиҷрии қамарӣ (950 милодӣ) дар синни 80-солагӣ дар Димишқ вафот ёфт. Муаррихони исломӣ мӯътақиданд, ки Форобӣ фарде зуҳдпеша ва узлатгузин ва аҳли таъаммул буд. Рӯйгардонии ӯ аз умури дунявӣ ба ҳадде буд, ки бо он ки Сайфуддавла барояш аз байтулмол ҳуқуқи бисёр таъйин карда буд, ба чаҳор дирҳам дар рӯз қаноат меварзид.

Форобӣ дар анвоъи улум беҳамто буд, чунонки дар бораи ҳар илме аз улуми замони хеш китоб навиштааст. Аз китобҳои вай маълум мешавад, ки дар улуми забон, риёзиёт, кимиё, ҳайъат, улуми низомӣ, мусиқӣ, табииёт, илоҳиёт, улуми маданӣ, фиқҳ, мантиқ ва фалсафа дорои маҳорати бисёр будааст.

Дуруст аст, ки Кендӣ ба унвони нахустин файласуфи исломие шинохта мешавад, ки роҳро барои дигарон пас аз худ гушуд, аммо ӯ натавонист як мактаби фалсафӣ таъсис карда ва миёни масоиле, ки мавриди баҳс қарор додааст, ваҳдате эҷод кунад. Дар сурате ки Форобӣ тавонист як мактаби комили фалсафиеро бунён ниҳад.

Ибни Сино Форобиро устоди худ мешумурд ва Ибни Рушд ва дигар ҳукамои исломӣ барояш эҳтироми фавқулъодае қоил буданд. Дар суннати фалсафаи исломӣ, Форобиро баъд аз Арасту — ки мулаққаб ба “Муаллими Аввал” буд — “Муаллими Сонӣ” лақаб додаанд.

Фалсафаи Форобӣ

Фалсафаи Форобӣ омезае аст аз ҳикмати арастӯӣ ва навафлотунӣ, ки ранги исломӣ ба худ гирифтааст. Ӯ дар мантиқ ва табииёт арастӯӣ аст ва дар ахлоқ ва сиёсат афлотунӣ ва дар мобаъдуттабиа ба мактаби флутинӣ гароиш дорад.

Ваҳдати фалсафа

Форобӣ аз касоне аст, ки орои мухталифи фалсафиро бо ҳам вифқ дода. Ӯ дар ин роҳ бар ҳамаи гузаштагони худ низ сибқат гирифт. Ӯ дар ин роҳ то он ҷо пеш рафт, ки гуфт: “Фалсафа яке бештар нест ва ҳақиқати фалсафӣ (ҳарчанд макотиби фалсафӣ мутаъаддид бошанд) мутаъаддид нест.” Форобӣ ба ваҳдати фалсафа сахт мӯътақид буд ва барои исботи он бурҳон ва далелҳои бисёре зикр кард ва расоили мутаъаддид навишт, ки аз он ҷумла китоби ”Алҷамъ байна раъйяил-ҳакимайн Афлотунил-илоҳӣ ва Арастутолис” ба дасти мо расидааст.

Вай мӯътақид буд, ки агар ҳақиқати фалсафӣ воҳид аст, пас бояд битавон дар миёни афкори фалосифаи бузург бавежа Афлотун ва Арасту тавофуқе падид овард. Асосан вақте ғоят ва ҳадафи ин ду ҳакими бузург, баҳс дар бораи ҳақиқати якто будааст, чӣ гуна мумкин аст дар оро ва афкор бо ҳам ихтилоф дошта бошанд? Форобӣ миёни ин ду файласуфи юнонӣ порае ихтилофот ёфта буд, аммо мӯътақид буд, ки ин ихтилофот ихтилофоти сатҳӣ аст ва дар мавриди масоили асосӣ нест. Махсусан он ки онҳо падидоварандаи фалсафа буда ва ҳамаи ҳукамои баъдӣ каму беш ба ин ду такя доранд.

Масоиле, ки ба унвони ихтилофи мабонии Афлотун ва Арасту матраҳ буд ва Форобӣ дар садади ҳамоҳанг сохтан байни онҳо баромад, иборат буданд аз: равиши зиндагии Афлотун ва Арасту, равиши фалсафии Афлотун ва Арасту, назарияи мусул, назарияи маърифат ё тазаккур, ҳудус ва қидам, назарияи одат. Албатта тардиде нест, ки Форобӣ дар ин амр ранҷи бисёре мутаҳаммил шудааст, аммо нуктаи муҳим дар ин робита он аст, ки яке аз манобеъи ӯ барои анҷоми ин мақсуд, китоби “Усулуҷиё” ё “Рубуият” буд, ки яке аз бахшҳои китоби “Тосуъот”-и Флутин мебошад.

Форобӣ фикр мекард, ки ин китоб мутаъаллиқ ба Арасту аст ва чун дар он ба як силсила орои афлотунӣ бархӯрд карда буд, ҳамин амр ӯро бар ин кор ташвиқ мекард. (Дар ҳоле ки матолиби ин китоб иртиботе бо Арасту надошт). Бинобар ин, агарчӣ Форобӣ дар кори худ ба тавфиқи комил даст наёфт, вале роҳро барои дигар фалосифаи исломӣ гушуд. Ва ҳамчунин Форобӣ тавонист миёни орои фалсафии Арасту ва ақоиди исломӣ як навъ ҳамоҳангӣ эҷод кунад ва фалсафаи Арастуро ҷузъи сарчашмаҳо ва усули фалсафаи исломӣ қарор бидиҳад.

Осори Форобӣ

Осори Форобӣ аз ин қарор аст:

  1. “Мо янбағӣ ан таълама қаблал-фалсафа” (Он чи шоиста аст қабл аз фалсафа фаро бигирӣ). Дар ин китоб Форобӣ мантиқ, ҳандаса, ахлоқи некӯ ва канорагирӣ аз шаҳавотро пешниёзи пардохтан ба фалсафа зикр мекунад ва дар бораи ҳар як матолибе баён менамояд;
  2. “Ассиёсатул-мадания” (Кишвардорӣ). Ин китоб дар бораи иқтисоди сиёсӣ аст;
  3. ”Алҷамъ байна раъйяил-ҳакимайн Афлотунил-илоҳӣ ва Арастутолис” (Ҷамъ байни орои ду ҳакими бузург Афлотуни илоҳӣ ва Арасту). Форобӣ дар ин китоб мекӯшад байни назариёти Афлотун ва Арасту ҳамоҳангӣ барқарор созад;
  4. “Рисолатун фи моҳиятил-ақл” (Рисолае дар бораи моҳият ва чистии ақл). Дар ин рисола ақсоми ақлро таъриф ва маротиби онҳоро баён мекунад;
  5. “Таҳсилус-саъода” (Роҳи ба даст овардани саодат). Дар ахлоқ ва фалсафаи назарӣ;
  6. “Аҷвиба ъан масоила фалсафия” (Посухҳое ба масоили фалсафӣ). Посухҳое аст ба бархе пурсишҳо ва масоили фалсафӣ;
  7. “Рисолатун фи исботил-муфориқот” (Рисолае дар исботи вуҷуди мавҷудоти ғайри моддӣ). Дар ин рисола, Форобӣ дар бораи мавҷудоти ғайри моддӣ баҳс мекунад;
  8. “Ағрозу Арастутолис фи китоби мобаъдуттабиа” (Мақосиди Арасту дар китоби Метафизик). Ин китоб яке аз муҳимтарин китобҳои Форобӣ аст, ки мавриди истифодаи Ибни Сино ҳам қарор гирифт;
  9. “Рисолатун фис-сиёса” (Рисолае дар сиёсат). Форобӣ дар ин рисола бораи сиёсат сӯҳбат мекунад;
  10. “Фусулул-ҳикам” (Ҷудокунандаҳои ҳикмат). Ин китоб дар мавриди ҳикмати илоҳӣ ва шомили 74 баҳс дар ин замина ва мабоҳиси нафс мебошад.

Таҳиякунанда: Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти ҳокими худкома
Ҳазм шудани муғулҳо дар тамаддун ва фарҳанги эронӣ

Матолиби пурбоздид