Форсиситезӣ; чаро ва ба чӣ манзур?
Афғонистон яке аз кишварҳоест, ки мисли Тоҷикистон ва Эрон, забони форсӣ дар он, ба унвони забони расмӣ, ҷойгоҳ ва мақом дорад.
Аммо баъд аз бар сари қудрат омадани толибон, мутаассифона талошҳое барои ҳазфи ин забон дар ин кишвари форсизабон мушоҳида мешавад. Ба ҳадде ки толибон саъй намудаанд, вожаҳои форсиро аз лавҳаҳои донишгоҳҳо, идораҳои давлатӣ ва маконҳои умумии Афғонистон ҳазф кунанд.
Бархе аз устодони донишгоҳҳо ва донишҷӯён ва аҳли фарҳанг, аз паёмади манфии ин иқдом ҳушдор додаанд. Онҳо гуфтаанд, агачӣ имконпазир нест, ки ҳазфи забони форсӣ дар ин кишвари форсизабон амалӣ гардад, аммо ин амали толибон, сабаби шӯълавар шудани таассуботи забонӣ ва пуртаниш сохтани муносибатҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон мешавад.
Устодони донишгоҳҳо ва соҳибназарон ҳазфи вожаҳои форсӣ аз овезаҳо дар Афғонистонро форсиситезии толибон ва доман задани ин гурӯҳ ба таассуботи қавмӣ тавсиф карда аз толибон хостаанд, ба ҷои ҳазфи забони форсӣ, дар паи тақвият ва рақобати солим байни забонҳо бошанд, то ин амр сабаби ҳамдигарпазирӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон бишавад.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн