Форсӣ ва аҳамияти он барои Тоҷикистон

Фарҳанг

Форсӣ ва аҳамияти он барои Тоҷикистон

Камалиддин Кабир

Пеш аз дохил шудан ба асли масъала чанд натиҷа аз мақолаи нахустро ёдовар мешавам, то хонанда бо огоҳии бештар ворид гардад ва нависанда такрори ҳарфи гузашта накунад.

– Натиҷаи якум, гузаштагони мо дар баррасиҳо (илмӣ)-и байналмиллалӣ бештар бо ҳувияти форсӣ шинохта шудаанд. Чӣ аз диди забонӣ, чӣ аз нигоҳи нажодӣ ва чӣ аз лиҳози давлат/миллатӣ.

– Натиҷаи дувум, то омадани низоми коммунистӣ забони расмии Аморати Бухоро, ки манғитиён дар он ҳукумат мекарданд форсӣ буд.

(Забони расмии хонигарии Қӯқанд ва Хива низ форсӣ буд, гарчанде забони чағатоӣ, ки гӯё забони кӯҳнаи узбакии имрӯз аст, истифода мешуд. Ҳамчунин то омадани Англис, форсӣ забони расмии ҷуғрофиёи имрӯзи Ҳиндустону Покистону Бангола буд)

– Натиҷаи сеюм, яке аз аввалин сиёсатҳое, ки ҳукумати коммунистӣ (бо кӯмаки пантуркистҳо) дар ин минтақа татбиқ кард, пурра барҳам додани хатти форсӣ ва ҳатто аз байн бурдани номи форсӣ аз забони расмии тоҷикон буд.

– Натиҷаи чаҳорум, новобаста аз ҳуҷумҳои маънавии пантуркистҳо ва сиёсати давлати коммунистӣ фарзандони ин мардум ҷонбозӣ карданд ва то андозае тавонистанд, ки аз ҳувияти худ ҳимоят кунанду ҳастии худ дар ин қаламравро собит кунанд.

(Сиёсати турксозии Осиёи Миёна қотеъона буд ва бо дастгирии русҳо амалӣ мешуд, ки хеле пештар аз ин давра оғоз гардида буд. Вагарна имкон надошт, ки ин мардумро бо ин ҳама таъриху тамаддуну дастоварду маҳсул надиду нашинохт).

Дар ин навишта хонанда метавонад ба пурсиши устод Лоиқ, ки дар иқтибоси китоби зиндаёд академик Масов “Таърихи тоҷикон бо мӯҳри комилан сиррӣ” навишта буд: “Ба Худо он ҳама доди торихро тани танҳо таҳаммул наметавон кард. Аммо чӣ метавон кард?” посух пайдо кунад.

 

Оғози баҳс

Баҳси якум, форсӣ ва аҳаммияти тамаддунӣ / фарҳангии он

Агар ба давлати Сомониён баргардем, мебинем, ки дар он замон фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддунии эронӣ (тоҷикӣ) вуҷуд дошт ва ҳатто чанд аср баъд ҳам. Бибинед, ки масалан Ибни Сино, ки имӯз туркон даъвои он мекунанд, як замон дар Бухоро табибӣ мекард ва як замон дар Ҳамадон вазирӣ. Ва ҳатто нисбат ба туркон дидгоҳи хубе ҳам надошт ва эшонро бо чашми ҳақорат менигарист.

Гарчанде ба мавзуъ рабти мустақим надорад, вале имрӯз ки баҳси турксозии Сино доғ гаштааст, зикри ин “воҷиб” аст, ки Шайхурраис дар охири “Илоҳиёт” – аш дар китоби Шифо менависад (тарҷумаи маъно): “туркон ва зангиён ва касоне, ки дар заминҳои носозгор, ки парварандаи қариҳа (истеъдод) ва ақли салим нестанд, зиндагӣ мекунанд, аз фазилат дуранд ва маҷбур ба хидмати аҳли мадинаи фоизила мебошанд”.

Маълум мешвад, ки Сино худро аз мардуми шаҳри фозила медонист ва турконро аз заминҳои носозгор, ки қудрати парвариши ақли салимро надоштанд. Ва ҷои баҳс нест, ки мардуми бумитари ин қаламрав аз турку тоҷик иборат буд, ки агар турк набудӣ ҳатман тоҷик бояд бошӣ.

Аслан, масъалаи аз худии худ ифтихор кардану мардуми худро як гардан боло донистан (албатта бо динишу фазлу хираде, ки доштанд) дар ашъори гузаштаи мо борҳо дида мешавад. То ҳадде, ки эшон ҳатто ҳақорату гапҳои сахт низ дар баробари ин ҳамсоягони пуррӯро раво дидаанд.

Масалан Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар дарбори Салчуқиён соҳиби ҷоҳу мақом буд, вале ин ки ҳукумат туркӣ буд ва ӯ дар хидмати туркон, азоби виҷдон мекашид. Билохира ба нуқтае расид, ки тамоми карру фарро канор гузорад ва бо ин гапи “қоғазпеч” аз дарбор бадар гардад:

Ман онам, ки дар пои хукон нарезам

Мар ин қимматӣ дурри лафзи дариро

Дар ашъори Саъдӣ метавон хонд, ки:

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

(ё: Араб дидаву турку тоҷику рум)

Ё Мавлоно Балхӣ:

Турку тоҷику араб гар ошиқанд,

Ҳамраҳанд аз рӯи маънӣ дар савоб.

Ё Ҷомӣ:

Гуфт: ӯ турк асту ман тоҷик

Лек дорем хешии наздик

Дар он замон мафҳуми миллат дар шакле, ки имрӯз таъриф дода мешавад, шинохта намешуд, вале аз ин мисраҳо дида мешавад, ки тоҷик дар баробари арабу румиву турк, ки аз шинохтатарин мардуми замон буданд як миллат ё қавми ташаккулёфта ва пур аз фазлу дониш буд.

Дар он давра ҳавзаи ягонаи форсӣ вуҷуд дошт ва соҳибони ин забон байни тоҷик ва эронӣ фарқ намегузоштанд, балки ин ду мафҳумро баробармаънои ҳам қарор медоданд.

Тохтутозҳои туркӣ/муғулии чандсадсола ба ин фазои фарҳангӣ / тамаддунии шаклгирифта хисорот ворид сохт ва онро то андозае титу пареш кард. Баътар, “Бозии Бузург” оғоз гашт, ки натиҷааш тақсим кардани ин минтақа байни Инглис ва Рус гашт ва сиёсати иҷборан аз байн бурдани ин забон дар заминҳои Ҳиндустон шуруъ шуд. (сиёсате, ки баъдтар ҳукумати комунистҳо дар осиёи миёна анҷом дод)

Имрӯз, хатту забони форсӣ дар Эрон расмист ва марокизи фарҳангӣ ва тарҷумонияш бе ҳамто, вале худи эрониҳо бо зиёд олуда будани он бо калимоти арабӣ ва мазҳабии охундҳои ҳукуматдор гиламанданд ва орзуи “тоҷикитар” сохтани онро доранд.

(Ин мавзуъ баррасӣ мехоҳад, вале бо чанд эроние, ки дар инҷо во мехурам ҳаваси забони аз нигоҳи онҳо порситари моро мехуранд ва орзуи дидани Тоҷикистонро доранд)

Аз дигар ҷониб, насли нави Эрон (ва мардуми ом) ба фазои имрӯзи Тоҷикистон ва нақши Хуросон дар таърихсозӣ ва густариши тамуддуни ориёӣ / форсӣ ошно нестанд. Ин гурӯҳ эрониён дар тангои “эронӣ” будан гир мондаанд ва фикр мекунанд, ки ин тамаддун, ин фарҳанг ва ин мардум ғайр аз “эронӣ” таърифи дигар надоранд.

Аммо дар Афғонистон вазъи форсӣ ва тоҷикон харобтар аз ин аст, ки мо мебинем. Даҳсолаҳост, ки хурдсозии забони форсиву тамаддуни тоҷикӣ ва бузургсозии паштунҳо мушоҳида мешавад. Гарчанде, дар замони ҷумҳурият садои бархе аз пешвоёни тоҷик шунида мешуд, вале баъди “муомилаи ҳукумат” ба “толибон” тамаддуну фарҳангу забони тоҷикон дар бархурд бо “тамаддуни” паштунволӣ/панҷобӣ ҳолати рӯ ба раҳми Худоро дорад.

Вазъи тоҷикони Узбакистон маълум аст. Ҳавзаҳои тоҷикии Самарқанду Бухоро чун дарёи Арал ва тағйирёбии иқлим дар ҳоли хушкидананд, ва яхи пантуркизм дар ҳоли об шудану пур кардани онҳо. Самарқандро пойтахти фарҳангии туркон сохтанд ва дар он 4 ноҳияи дигар бо биноҳои баландошёна дар ҳоли сохтусоз қарор доранд, ки бо мардуми туркзабон пур карда хоҳанд шуд ва шунидани лафзи ширини Самарқандӣ дар Регистон то рафт камтар хоҳад гардид.

(Инро аз ронандаи таксие дар Самарқанд (аслан муаллими донишгоҳ ё мактаб буд) шунидам, ки мегуфт яке аз сабабҳои бунёди ноҳияҳои нав дар шаҳр, овардани мардуми ғайритоҷики бештар ва шаҳрро ба пойтахти фарҳанги воқеъии туркӣ табдил додан аст).

 

Аммо Тоҷикистон…

Толибонбезории тоҷикони Афғонистон, динзада шудани мардуми Эрон ва турксозии тоҷикони Узбакистон, Тоҷикистонро ба маркази умед ва орзуҳои ин мардум, ки як замон қаламрави ягонаи тамаддунӣ доштанд, гардонидааст.

Вале худи ин мардум (Тоҷикистон), ки ҳудудан 6 ё 7 фоизи форсизабонони дунёро ташкил медиҳанд, имрӯз аз як тараф дар рӯбарӯи тамуддуни туркӣ, аз дигар тараф дар рӯбарои ҷаҳолати “толиб”-ӣ ва фарҳанги паштуӣ ва аз шарқ бо Чини 1,4 миллиард нуфуса иҳота гардидаанд.

Гарчанде дар бораи бархурди тамаддуни тоҷикӣ бо чинӣ баҳо додан дар ояндаи наздик зуд аст, вале авҷи турксозии фарҳангу тамаддуни ин мардум ва сиёсати зидди тоҷикии паштуну толиб ҷои баҳс надорад.

Новобаста аз ин, имрӯз Тоҷикистон ягона гузина барои пайвастани он ҳавзаи тамаддунии пароканда боқӣ мемонад. Аммо ба гуфти устод Лоиқ тани танҳо чӣ метавон кард?

Чанд моҳи охир, ки фазои иҷтимоии ин мардум аввал бо маснависароиҳои сарояндагони муштараки порсигӯ ва сипас бо байти фироқу дӯстӣ хондани сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон “таркид”, нишони он аст, ки ин риштаи канда гиреҳ гардад ва “тани танҳо” не, балки якҷо бо соҳибони аслии ин тамаддун сиёсати муштарак таҳия ва амалӣ шавад.

Барои мо, ягона холигие, ки ҳоло дар ин миён боқӣ мемонад хаттест, ки ҳамин мақола навиштаву вале аз 130 миллион форсигӯ ҳамагӣ 10 миллион онро хондан метавонанд. Оё ин хат, ки ҳамагӣ 10 миллион хонанда дорад, метавонад бо хати лотинии туркӣ, ки фақат дар Туркия 85 миллион хонанда дорад, истодагӣ кунад? Аслан наметавонад.

Барои муқоиса Ибни Синоро, ки имрӯз туркон даъвои онро мекунанд, дар Google ҷустор кардам. Ҷустори Google бо забони туркӣ барои “Ibn Sina” 11 миллиону 300 ҳазор натиҷа нишон медиҳад, “Абӯалӣ Ибни Сино” бо хатти мо, ки аксарияти ёфтаҳо бо забони русианд ҳамагӣ 302 ҳазор натиҷа дорад. Ранг бину ҳол пурс.

Аз ҷониби дигар ин хат густариши равобит бо кишварҳои ҳамтабор ва таҳияи сиёсати ҳадди ақал фарҳангии ягона, ки тавони тоб оварданро дар баробари таърихдуздии туркон дошта бошад, мушкил мегардонад.

Барои Тоҷикистон имрӯз беҳтарин ва муносибтарин фурсат фаро расидааст, ки садои соҳиби тамаддуни гузашта ва фардои ин мардум ва ин сарзамин буданро баландтар кунад. Ин корро танҳо бо ёфтани риштаи муштарак, ки метавонад гузашта ва ояндаи ин ҳавзаи тамаддунии даридаро дӯзад, анҷом метавон дод. Ва ин ришта ба ҷуз аз хатти форсӣ чизе нест.

Хатти форсӣ метавонад мардуми Тоҷикистонро ба дарёи беканор ва аслии гузаштаи худ пайваст кунад, Тоҷикистонро ҳамчун соҳиби тамаддуни эронӣ дар ин минтақа қавитар созад ва чун кӯҳ дар бархурд бо фарҳанги турконе, ки дар пушти дари мо қарор доранд, устувор гардонад.

Ин масъала оддитар аз он аст, ки сари он баҳс мешавад. Охир айб нест, мардуме ки даъвои Синову, Балхиву Берунӣ мекунанд навиштаҳои аслии онҳоро хондан натавонанд?

Дида мешавад, бисёриҳо ҳазинаи гарон доштани ин масъаларо баҳона мекунанд. Эй мардак! Мо хатти форсиро дар мактаб хондем ва ёд гирифем. Ҳоло ҳам дар макотиб фанни алифбои ниёгон вуҷуд дорад. Ҳамин кофист, ки як қадам фаротар аз мактаб равем.

Қадами якум номи забонро тоҷикии форсӣ кунем, қадами дуюм мардумро форсихон ва қадами сеюм хатро расмӣ. Ба қавли худораҳматии Аловуддин чӣ “ҷои баҳсай ҳамиҷа?”.

Бо сабаби дароз шудани ин навишта “аҳаммияти динӣ ва иқтисодии форсӣ барои Тоҷикистони имрӯз” ба мақолаи баъдӣ ҳавола гардид…

Камолиддин Кабир

Торонто, 3 феврали соли 2025

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ёр то ёр аст
Командир Талибана маулави Мансури: Мы готовы к завоеванию Таджикистана

Матолиби пурбоздид