Хатари олими дарборӣ ва ё муллои дарборӣ будан

Хатари олими дарборӣ ва ё муллои дарборӣ будан
Мавлоно дар “Фиҳи мо фиҳӣ” фармояд:
“Бо подшоҳон нишастан аз ин рӯй хатар нест, ки сар биравад, ки сарест рафтанӣ, чӣ имрӯз ва чӣ фардо, аммо аз ин рӯ хатар аст, ки эшон чун дароянд ва нафсҳои эшон қувват гирифтааст ва аждарҳо шуда, ин кас, ки бо эшон сӯҳбат кард ва даъвии дӯстӣ кард ва моли эшон қабул кард, лобуд бошад, ки бар вифқи эшон сухан гӯяд ва раъйҳои бади эшонро аз рӯи дилнигоҳдоштӣ қабул кунад ва натавонад мухолифи он гуфтан, аз ин рӯ хатар аст, зеро динро зиён дорад; чун тарафи эшонро маъмур дорӣ, тарафи дигар, ки он асл аст, аз ту бегона шавад, чандон ки он сӯ меравӣ, ин сӯ, ки маъшуқ аст, рӯ аз ту мегардонад ва чандон ки ту ба аҳли дунё ба сулҳ дармеойӣ, ӯ аз ту хашм мегирад:
مَنْ أَعَانَ ظَالِماً سَلَّطَ اللهُ عَلَیْهِ
(“Ҳар кас золимеро ёрӣ кард, Худованд ҳамон золимро бар вай ҳоким гардонад.” (Ҳадиси набавӣ)) он низ, ки ту сӯи ӯ меравӣ, дар ҳукми ин аст; чун он сӯ рафтӣ, оқибат ӯро бар ту мусаллат кунад.”
(“Фиҳӣ мо фиҳӣ”, саҳ.9)
* * *
Мавлоно мегӯяд, ҳамнишинӣ бо ҳокимони ситамгар хатараш дар ин нест, ки шояд гарданатро бизананд, на, сари одам билохира рафтанист, ки агар имрӯз наравад, фардо қатъан меравад, яъне хоҳӣ мурд. Балки хатари ҳамнишинӣ бо онҳо ва дар хидмати онҳо будан дар ин аст, ки ту маҷбурӣ мутобиқи майли онҳо рафтор кунӣ, мутобиқи майлу хоҳиши онҳо фатво бидиҳӣ агар олими динӣ ҳастӣ, мутобиқи майлу иродаи онҳо гом бардорӣ ва дар ҳар қадамат мулоҳизаи онҳоро бикунӣ. Ин аст хатар! Ҳарфе назанӣ, магар мутобиқи иродаи онҳо бошад. Коре накунӣ магар онон бихоҳанд. Ва чи басо ба коре даст бизанӣ, ки бар хилофи хостаи Худо бошад. Ин аст хатари ҳақиқӣ! Ва ин, зарару зиёнаш ба дини туст, ба охирати туст, охирататро бо ин кор сӯхтаӣ.
(Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрон ҷузъи даҳ кишвари пешрафта дар соҳаи илму фанноварӣ
Тоҷикистон ва истиқлоли фарҳангӣ

Матолиби пурбоздид