Хашму ғазаби худро чӣ гуна маҳор кунем?
Гоҳе пеш меояд, ки ба шиддат асабонӣ ҳастем ва диламон мехоҳад бо ҳама касу ҳама чиз ҷангу мушоҷираву даъво кунем ва гоҳе ҳам пеш меояд, ки бидуни ҳеч далеле, ҳамаро дар оғуш кашему меҳрубонӣ кунем.
Хуб, ин ду намуна аз аксуламалҳо ва вокунишҳои табиии мо инсонҳост. Аввалӣ, бархоста аз истрессу изтироб ва дуюмӣ бархоста аз муваффақиятҳои хубу матлуб аст.
Вақте истрессу изтироб пайдо мешавад, рӯзи аввал аслан мутаваҷҷеҳи он намешавем, намефаҳмем; аммо баъд аз як муҳаррики ночизу кучак, он мисли оташфишон амал мекунад ва фаъол мешавад.
Ин ҳис тавозун ва оромиши дарунии моро барҳам зада ва дар натиҷа, ҳисси хушбахтиро аз мо мегирад.
Агар як вақт, эҳсос кардед, ки дар ҳоли асабонӣ шудан ҳастед, камтар сабру таҳаммул кунед, чанд то нафаси амиқ кашед ва бубинед, ки чӣ қадар ҳолатон беҳтар мешавад.
Бо ҳамин тамрини сода метавонем асабоният ва хашми худро маҳор кунем ва дар натиҷа, зиндагии шоду беҳтару зеботаре дошта бошем.
Қаламонлайн