Хирад ва оянданигарии Нӯшервон
Ҳикоёте аз Гулистон
Овардаанд, ки Нӯшервони Одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто фиристод, то намак орад.
Нӯшервон гуфт:
– Намак ба қимат биситон то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.
Гуфтанд:
– Аз ин қадар чӣ халал ояд?
Нӯшервон гуфт:
– Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад, бар ӯ мазиде (илова) кард, то бад-ин ғоят расид.
Агар зи боғи раият малик хӯрад себе,
Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.
Ба панҷ байза, ки султон ситам раво дорад,
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.
(Манбаъ: Гулистони Саъдӣ, боби аввал, Дар сирати подшоҳон)
Қаламонлайн