Хохоми аршади яҳудӣ: “Исроилро тарк хоҳем кард!”

Хохоми аршади яҳудӣ: “Исроилро тарк хоҳем кард!”

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории садо ва симои Эрон ба нақл аз Алмаёдин, Исҳоқ Юсуф, хохоми аршади яҳудиён таҳдид кард: “Агар маҷбур шавем, ки ба артиши Исроил мулҳақ шавем, ҳамагӣ инҷоро тарк хоҳем кард.”

Ин хохоми яҳудӣ таъкид кард: “Афроди қабилаи Ловӣ аз пайвастан ба артиши Исроил муъоф ҳастанд ва таҳти ҳеч шароите набояд ин кор сурат гирад ва онҳо дар сурате, ки маҷбур ба мулҳақ шудан ба артиш шаванд, Исроилро тарк хоҳанд кард.”

Бино бар маноебъи исроилӣ, баёнияи хохоми аъзами Исроил шоки бузурге дар Исроил эҷод кардааст.

Хохоми аршади сарзаминҳои ишғолӣ дар суханоне гуфт: “Ҷавононе ҳастанд, ки ба хидмати нерӯҳои захираи артиш дармеоянд ва ба ҳамин иллат фурсати омӯхтани Тавротро пайдо намекунанд. Бояд дарк кунанд, ки бидуни Таврот ва талабаҳои мадориси динӣ, Исроил побарҷо нахоҳад буд ва артиши мо низ ҳеч пирӯзӣ касб нахоҳад кард. Ҳамаи инҳо ба баракати омӯзишҳои Таврот аст. Дастовардҳои сарбозони мо ба баракати омӯхтани Таврот аст. Мо бояд бо тамоми ифтихор инро бигӯем; мо Таврот мехонем ва Таврот аз мо муҳофизат мекунад.”

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дархости муҳимми Ҳамос аз уммати исломӣ
Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Матолиби пурбоздид