Худнобоварӣ – адами эътимод ба нафс

Худнобоварӣ – адами эътимод ба нафс

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як масъалаи бисёр муҳимме, ки воҷиб аст дар бораи он сӯҳбат бишавад, масъалаи худнобоварӣ, худбохтагӣ аст; беморие, ки мутаассифона дар чанд асри ахир мо мусалмонҳо на танҳо ба сурати фард-фард, балки ҳамчун ҷомеа ва уммат дучори он шудаем.

Ин бемории музмин ва саратон ба дараҷае дар вуҷуди мо реша давонда, ки дигар ин бовар дар мо аслан намонда, ки яке аз мо метавонад рӯйи пои худаш биистад. Агар бибинем, кишвари ҳамсоя корҳояшро худаш анҷом медиҳад, мегӯем, ҳатман косае зери нимкоса ҳаст, қатъан як абарқудрат ба ӯ иҷоза дода ва ба истилоҳ, чароғи сабз нишон дода, ки ин корҳоро кунад ва монеъи ӯ нест. Ин худбохтагӣ аст, худнобоварӣ аст, ба худ бовар надоштан аст.

Ин вожа як вожаи қуръонӣ аст. “Хусрони нафс”, ки Қуръон мегӯяд, ҳамон худбохтагӣ аст яъне худро бохтан. Як ҳолати руҳӣ дар инсон, ки вақте дучори он шуд, ин бовар ва ин фикр дар ӯ пайдо мешавад, ки ӯ чизе надорад. Агар як бемор дар бемории худ, худашро бибозад, мӯътақид шавад, ки маразаш хатарнок аст ва дигар муолиҷа барои ӯ суде надорад, агарчӣ як гриппи хеле соддае ҳам бошад, ин бемор баъид аст хуб шавад, чун худаш мӯътақид шуда, ки ман хуб намешавам, ман мемирам. Агар ин фикр дар як бемор пайдо шавад, ки ман мемирам; ман хубшуданӣ нестам; ин доруҳоро беҳуда ба ман медиҳанд; ин уколҳоро беҳуда ба ман мезананд; ман мурданӣ ҳастам, эҳтимоли шифо дар ӯ заъиф аст. Ва баръакс, агар як бемор мӯътақид шавад, ки бемории ман чизе нест ва воқеан мӯътақид бошад ва имон дошта бошад, ки ман хуб мешавам, эҳтимоли он ки беҳбуд пайдо кунад ҳаст, ҳарчанд як бемории бисёр хатарнок бошад, масалан саратон. Таҷриба инро собит карда.

Албатта ин фақат ихтисос ба беморӣ недорад. Як тими миллии футбол, масалан тими миллии Тоҷикистон вақте бо Бразил бозӣ мекунад, агар аз аввал худашро бибозад, бигӯяд, мо дар муқобили Бразил корае нестам, мо куҷо ва Бразил куҷо, ӯ дигар аз нерӯи худаш наметавонад истифода кунад, худашро аз даст медиҳад. Чӣ ҷумлаи олие дорад ҳазрати Алӣ! Аз ӯ пурсиданд, чӣ гуна бар ҳар рақибе дар майдони ҷанг ғалаба меёфтӣ?, гуфт:

بتمكن هيبتي في قلوبهم

Ва бино бар ривояти дигар, гуфт:

ما لقيت رجلا إلا أعانني على نفسه

Ман дар майдони ҷанг бо ҳар касе, ки рӯ ба рӯ шудам, худаш дар мағлуб шудани худаш ба ман кӯмак кард, яъне нерӯяшро аз даст дод, чун Алиро ҳама шинохта буданд, ки Алӣ ҳеч вақт бо ҳеч кас рӯ ба рӯ нашудааст, ки шикаст бихӯрад. Хулоса, мегӯяд, бо ҳар ки рӯ ба рӯ шудам, худаш манро кӯмак дод, барои ин ки худашро мебохт, эътиқод ва имон ба худашро аз даст медод.

Дар ҳар мавриде чунин аст. Як донишомӯз ё донишҷӯ агар мӯътақид бошад, ман чизе намешавам, ӯ дигар чизе нахоҳад шуд. Аммо агар мӯътақид бошад, ки ман чизе хоҳам шуд, ман чунину чунон хоҳам шуд ва хулоса ҳар миқдор эътиқодаш ба худаш бештар бошад, эҳтимоли тараққӣ дар ӯ бештар аст.

 

Ҳикояти масҷиди меҳмонкуш

Мавлоно Балхӣ ҳикояти омӯзандае дар Маснавӣ дорад маъруф ба ҳикояти масҷиди меҳмонкуш. Хулосаи он чунин аст, ки дар атрофи шаҳри Рай масҷиде буд, ки сокинони худро мекушт. Ҳар кас шаб ба он масҷид медаромад, ҳамон шаб аз тарс мемурд ва ҳеч кас ҳам намедонист, иллати ин қазия чист. То ин ки шабе як марди ғарибае омад ва аз одамҳо суроғи он масҷидро гирифт. Мардум бо ҳайрат аз ӯ мепурсиданд, бо ин масҷид чӣ кор дорӣ?

Гуфт, мехоҳам имшаб дар он масҷид бихобам. Мардум гуфтанд, магар аз ҷонат сер шудаӣ?

Ӯ гуфт, ман наметарсам, аз кушта шудан воҳимае надорам. Ҳар кор карданд, гӯш накард ва рафт дар онҷо хобид. Одами шуҷоъ ва далере буд.

Нимаҳои шаб, ки шуд, садоҳои ҳавлноке баланд шуд: Эй ту, кӣ ҳастӣ, ки омадаӣ инҷо? Алъон хафаат мекунем, алъон рез-резат мекунем!

Мард аз ҷо баланд шуд ва гуфт: Ту кӣ ҳастӣ? Садояшро баландтар кард, ки ҳар кӣ ҳастӣ, биё, биё, ҳар коре мехоҳӣ бикун!

Барҷаҳиду бонг барзад, к-эй киё,

Ҳозирам, инак, агар мардӣ, биё!

Ногаҳон деворҳо фурӯ рехтанд ва тилисмҳое, ки дар онҷо буд шикаст ва ганҷҳое, ки дар онҷо мадфун буд пеш пойи ин мард фурӯ рехт.

Дарзамон бишкаст з-овоз он тилисм,

Зар ҳамерезид ҳар сӯ қисм-қисм…

Баъд аз он бархост он шери атид,

То саҳаргаҳ зар ба берун мекашид.

Сайидҷамоли Афғонӣ баъд аз овардани ин ҳикояти Маснавӣ мегӯяд, ғарб он масҷиди меҳмонкуш аст. Одамҳои заъиф, ки ба инҷо биёянд, худро мебозанд ва мемиранд. Мегӯяд, бояд мисли ин марди бебок буд, фарёд кашид ва ин тилисми дурӯғинро шикаст.

Албатта, худи Сайидҷамол ҳамин корро кард ва мисдоқи боризи он марди далер ва шуҷоъ аст. Дар он замоне, ки мубориза бо Англистон ба зеҳни касе наметавонист хутур кунад, фарёди мубориза бо сиёсати истеъмори Англистонро баланд кард ва барои аввалин бор ин ҳолати худбохтагиро аз мардум гирифт ва рӯйи худи исломи мардум такя кард.

 

Истисбоъ

Фалосифаи мусалмон истилоҳе доранд ба номи “истисбоъ”. Дар баъзе ҳайвонот монанди харгӯш ин гуна аст, ки вақте бо ҳайвони дарандае, ки ӯро шикор мекунад – масалан бо шер – рӯ ба рӯ мешавад, агар шер чашм дар чашмаш биандозад, харгӯш “мустасбаъ” мешавад. “Мустасбаъ” дар луғат яъне “бар ҷой хушкшуда”, “ба ҳолати беҳаракатӣ даромада”, мисли муш он гоҳ ки гурба бибинад масалан. “Мустасбаъ шудан” яъне ҳама чизи худро, ирода ва фикри худро аз даст додан.

Хулоса, вақте ҳайвоне мисли харгӯш бо шер рӯ ба рӯ шавад, «мустасбаъ» мешавад, яъне фикри фирор кардан аз зеҳни ин забонбаста берун меравад; сари ҷойи худаш меистад, балки худаш ба тарафи ӯ меояд. Қудрати фирор кардан аз ӯ салб ва ба замин мехкӯб мешавад.

Инро мегӯянд худбохтагӣ, аз даст додани худ, аз даст додани руҳия ва аз даст додани эътимод ва имон ба худ.

Кор дар дунё қаҳт нест

Марде аз асҳоби Пайғамбари Акрам (с) бисёр фақир шуд ҳатто ноне барои хӯрдан надошт. Занаш ба ӯ гуфт, бирав пеши Пайғамбар, бо ӯ дар миён гузор, кӯмакат мекунад.

Рафт ҳузури Пайғамбар. Хиҷолат кашид ба Пайғамбар чизе бигӯяд. Тасмим гирифт баргардад. Аммо қабл аз он ки баргардад, Пайғамбар Акрам (с) эҳсос кард, ки мавзӯъ чист. Эшон ин ҷумларо ба таври куллӣ ва барои ҳамагон, ки ҳузури эшон буданд, фармуд:

“Ҳар кас аз мо кӯмак бихоҳад, мо ба ӯ кумак медиҳем, вале ҳар кас ба Худо таваккул кунад ва дунболи кор биравад, Худо ба ӯ кӯмак хоҳад кард.”

Бархост ва ба хона омад. Як рӯзи дигар ҳам гузашт, гуруснагӣ бештар ба ӯ фишор овард. Занаш ба ӯ гуфт, бархез ва бирав пеши Пайғамбар. Рӯзи дуввум ҳам рафт, яке ду соат нишаст, боз хиҷолат кашид бигӯяд. Боз Пайғамбар дар зимни суханонаш он ҷумларо такрор кард. Рӯзи севвум ин ҷумлаи Пайғамбар ӯро ба худ овард, гуфт: Эй дили ғофил! Пайғамбар дорад бо ман ҳарф мезанад, ман мухотабаш ҳастам, ба ман мегӯяд, ки агар ту мехоҳӣ аз ман гадоӣ кунӣ, ман ҳозирам ба ту кӯмак кунам, аммо аз ман гадоӣ накун, бирав ба худат такя кун ва ба Худои худат.

Ба фикр афтод, ки коре анҷом диҳад. Бо худ гуфт, кор, ки дар дунё қаҳт нест. Ба ақлаш расид, ки биравад ҳезумкашӣ кунад. Таноб надорам, аз ҳамсоя қарз мекунам, теша надорам, аз ҳамсояи дигар қарз мекунам. Рафт дар биёбон ва як миқдор ҳезум овард ва фурӯхт. Миқдори каме пул ба дасташ омад. Барқи умед дар дилаш пайдо шуд. Фардо рафт миқдоре дигар овард. Чанд рӯз ин корро анҷом дод. Тавонист ресмонро аз пули худаш таҳия кунад, чанд рӯзи дигар тавонист тешаро аз пули худаш таҳия кунад. Муддати дигаре тавонист як маркаб (харе, аспе) барои худаш таҳия кунад. Кам-кам зиндагиаш идора шуд. Баъд аз муддате як рӯз рафт хидмати Расули Акрам (с), Пайғамбар ба ӯ фармуд: Нагуфтам ба ту, ки “ҳар кас аз мо кӯмак бихоҳад ба ӯ кӯмак медиҳем, аммо агар касе аз мо кӯмак нахоҳад ва ба Худо таваккул кунад ва дунболи кор биравад, Худо ӯро кӯмак мекунад.”

Пайғамбар бо ин ҷумла коре кард, ки ӯро такякунанда ба қудрат ва нерӯи худаш кард ва ӯ фаҳмид агар дунболи кор биравад, аз ин роҳ метавонад зиндагии худро идора кунад. (Манбаъ: Достони Ростон)

Гуфтем, гоҳе як ҷомеа худашро мебозад, худбохта мешавад ва ба истилоҳ, мустасбаъ мешавад. Яъне миллате худаш худашро ҳеч медонад, таърихи худашро ҳеч медонад, фарҳанги гузаштаи худашро ҳеч медонад, тамаддуни гузаштаи худашро ҳеч медонад, ҳар чизе, ки худаш доштааст чун аз худаш буда мегӯяд ин бад аст, вале чизе, ки мутааллиқ ба бегона аст, масалан ба урупоиҳо, чун аз ноҳияи онҳо омада, мегӯяд ин хуб аст.

Агар миллате худбохта шуд, худаш ва руҳашро бохт, яъне агар истеъмори руҳӣ ва фикрӣ ва фарҳангӣ шуд, бо камоли ифтихор истеъмори сиёсӣ ва истеъмори иқтисодиро мепазирад, яъне сармояҳои моддии худашро бо ду дасти адаб ба ӯ тақдим мекунад ва инро барои худаш як ифтихор мешуморад. Яъне навкарӣ барои бегонаро бо камоли ифтихор мепазирад. Чаро? Чун истеъмори фикрӣ ва фарҳангӣ шудааст.

Дар поёни ёддошт дӯст дорам ин масъаларо хулоса ва баъзе масоилро ҳам феҳриствор мавриди ишора қарор бидиҳам, дигар маҷоле нест ба тафсил баёнашон кунам:

1) Худбохтагӣ яъне тазалзули шахсият, беимонӣ ба худ, гум кардани худ, аз даст додани ҳисси эҳтиром ба зот ва каромати зот, беэътимодӣ ва беэътиқодӣ ба истеъдоди худ аст. Ин ҳис (худбохтагӣ), ҳам барои фард дар баробари фарди дигар рух медиҳад ва ҳам барои як миллат дар баробари миллатҳои дигар;

2) Фақри руҳӣ, фикрӣ ва ахлоқӣ омили аслии азхудбегонагӣ ва худбохтагӣ аст ва рукуду суқути инсон аз ин лиҳоз, хатарноктар аз фақри ҷисмӣ ва моддӣ аст;

3) Аз нишонаҳои худбохтагии фардӣ ва иҷтимоӣ ин туфайлигарӣ аст яъне маръуб ва вобаста ва дунболарави дигарон будан;

4) Умуре мисли илм, фалсафа ва дин ҳамагонӣ аст ва ихтисос ба миллат ва фарҳанги бахусусе надорад, аз ин рӯ агар шумо масалан илму донишеро, ки имрӯза дар Урупо ҳаст бигиред ва ё аз дине пайравӣ кунед, ки оварандаи он як араб бошад ё фалсафаро масалан аз як юнонӣ биёмӯзед, инҳо на танҳо ҷоиз, балки воҷибанд. Асосан, донишмандон, файласуфон ва паёмбарон ба ҳамаи ҷаҳониён таъаллуқ доранд;

5) Ислом фарҳанги як қавм нест, балки худ созандаи фарҳанг ва дорои як силсила андӯхтаҳои маънавӣ ва маърифатӣ аст;

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тафаккур ва қудрату тавоноӣ дар гарави мутолиа ва китобхонӣ
Фақри фарҳангӣ ҳамон ҷоҳилият аст

Матолиби пурбоздид