Худшиносӣ ва саодат – II

Худшиносӣ ва саодат – II

Сайидюнус Истаравшанӣ

Бахши дуввум

Идомаи матлаб

Чаро одам фикр мекунад, агар ба камоли ниҳоӣ бирасад, саодатманд хоҳад шуд?

Барои ин ки инсон чунин офарида шуда. Бале, ӯ дар ташхиси камол ва ин ки чӣ чизе камоли воқеии ӯст ва чӣ чизе камоли ӯ нест аммо ба назараш камол менумояд ва ба сухани дигар, камолнумост, на камоли воқеӣ, дучори иштибоҳ мешавад. Бале, мутаассифона чунин аст.

Худшиносӣ яъне ҳамин; инки ман “худ”-амро ҳамон тавр ки ҳастам ва чунонки офарида шудаам, бишносам. Ин аст худшиносӣ. Инсон, бо ин ки имрӯз тавониста хеле аз маҷҳулот барояш кашф шавад, чизҳое барояш шинохта шаванд, ки қаблҳо шинохтани он барояш шабеҳи афсона буданд – мисли ин ки кураи моҳ ва ё сайёраи Миррих чӣ гуна ҳастанд ва инсон тавониста ҳатто муваффақ ба сохтани фазопаймое бишавад, ки то Миррих мерасад – вале бо ин ҳама, то ҳол муваффақ ба шинохтани “худ”-аш (маърифати нафс ба истилоҳ) нашуда. “Худ”-и инсон ҳанӯз барои ӯ маҷҳул ва ношинохта аст. Ӯ Миррихро мешиносад, аммо “худ”-ашро ҳанӯз намешиносад ва ба қавли Мавлоно:

Сад ҳазорон фазл донад аз улум,

Ҷони худро менадонад он залум.

Донад ӯ хосийяти ҳар ҷавҳаре,

Дар баёни ҷавҳари худ чун харе.

Як донишманди фаронсавӣ буд ба номи Олексис Корел (Alexis Carrel) китобе таълиф карда ба номи “Инсон мавҷуде ношинохта” (Man, the unknown). Ба форсӣ ҳам тарҷума шуда. Китоби воқеан арзишманд аст. Ӯ муддаист (ва ба ҳақ чунин аст), ки инсон мавҷуди бисёр печида аст ва ҳанӯз маҷҳулу ношинохта, тоза инсон аз назари моддӣ, на аз назари руҳӣ. Бандаи Худо мегӯяд, мо инсонро ҳатто аз назари моддиёт (бадани инсон) нашинохтаем, то чӣ расад ба ҷанбаи руҳиаш.

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти ҷолибе аз Муҳаммад ибни Сирин
Таъкиди президент: Аз аксҳои раиси ҷумҳур сӯистифода накунед!

Матолиби пурбоздид