Хушбахтӣ ва бадбахтии уммат аз уламост
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Манзурам аз оқил чӣ касест?
Манзур аз ақл чист?
Оқил кист?
Як вақт ҳаст манзур аз ақл он чизе аст, ки инсонҳо доранд дар муқобили ҳайвонот, ки бо ин ҳисоб, одамҳо ҳама оқиланд яъне аз ин неъмат бархӯрдор. Манзури ман ин нест.
Як вақт низ мурод аз он ақли назарӣ дар муқобили ақли амалӣ аст, ки ин ҳам манзури банда нест. Ин баҳс ҷояш дар фаласафа аст, ки феълан коре ба он надорем.
Балки манзури банда аз ақл ва касе, ки онро дорад (оқил) касе аст, ки ҳар чизеро дар ҷойи муносиби худаш мегузорад. Якчунин инсонеро гоҳе ҳаким меноманд ва корашро ҳикмат ва ё ҳакимона ва гоҳе одил низ мехонанд. Манзури банда ин аст, ҳоло ба ҳар вожае, ки дилатон хост таъбир кунед: ҳаким, одил, оқил. Ҳадаф маъност, на лафз.
Хуб, вақте мурод аз оқил ин бошад, он вақт аблаҳ зидди он аст, яъне касе, ки ашёро дар ҷойи муносибаш намегузорад. Ҳоло яке ду мисол бизанам, то манзурам равшантар бишавад.
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода як замон ёдам ҳаст дар як суханронӣ, барои фаҳмондани ин матлаб мисоли бисёр баҷое зада буд. Гуфт, муллоро агар ба як маросими ҷашну сурур (масалан тӯй) даъват кунанд ва аз ӯ бихоҳанд амри маъруф кунад, ӯ ҳадиси ғаму андӯҳ бихонад ва ҳамаро гирёнад. Ҳадис комилан дуруст аст, вале ин мулло онро дар ҷойи худаш нагузошта. Ҳадиси ғаму андӯҳро бояд дар маросими азо хонд, на тӯй. Ва баръакс ба як маросими азо, ки давъат кунанд, ӯ ҳадисе ба ин маъно барои мардум бихонад, ки мусалмон бояд шодмон бошад ва бихандад. Ҳадис комилан саҳеҳ аст, вале ҷояш ин ҷо, ки нест, ҷояш ҷашну сурур аст. Кори ӯ оқилона нест, аҳмақона аст.
Мавлоно барои фаҳмондани ин матлаб ҳикоятеро дар Маснавӣ меоварад. Мегӯяд, шахсе дар халоҷой дар ҳоли истинҷо буд ва ин дуоро мехонд:
اَلَّلهُمَّ اَرِحْنِیْ رَائِحَهَ الْجَنَّه
Яъне аз Худо бӯйи биҳишт таманно мекард. Шахсе аз беруни мустароҳ шунид ва гуфт, вирдро хуб овардаӣ, вале сӯрохи дуоро гум кардаӣ:
Он яке дар вақти истинҷо бигуфт,
Ки маро бо бӯйи ҷаннат дор ҷуфт.
Гуфт шахсе: хуб вирд овардаӣ,
Лек сӯрохи дуо гум кардаӣ.
Имом Ғаззолӣ ва иллати ақибафтогии мусалмонон
Аз миёни донишмандони исломӣ шояд касе ба андозаи Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ ба эҳёи тафаккури исломӣ ва баёни иллати ақибафтодагии ҷомеаҳои мусалмон напардохта, махсусан дар китоби “Эҳёи улуми дин”-аш. Аз номи китобаш ҳам пайдост: зинда кардани андешаи исломӣ. Гӯ ин ки андешаи мусалмонон дар бораи дин мурдаааст, дар бораи Қуръон мурдааст, дар бораи паёмбарӣ мурдааст, дар бораи фиқҳ ва аҳкоми исломӣ мурдааст, дар бораи эътиқодоти исломӣ ва хулоса, дар бештари маорифи исломӣ мурдааст. Ва ҳаққан ва инсофан Имом Ғаззолӣ тавониста зинда кунад, вале то ҳанӯз, ки наздик ба ҳазор сол аз он мегузарад, ҷомеаи мусалмонон ӯро камо ҳаққуҳу даркаш накардаанд. Ва бо ин ки китоби ӯро мехонем, вале рафтори мо ба гунае аст, ки ингор ҳанӯз мурдаем.
Хуб, Имом Ғаззолӣ дар ҷой-ҷойе аз ин китоб яке аз иллати ақибафтодагии моро ин медонад (албатта иллатҳои ақибафтодагӣ зиёд аст ва худи Имом Ғаззолӣ ба ҳамаи онҳо ишора мекунад, аммо яке аз онҳо ин аст), ки мо натавонистаем “ашёро дуруст дар ҷойи худаш” гузорем, ҳамон тавре ки мусалмонон дар садри ислом тавониста буданд ин корро бикунанд.
Масалан, истифода аз бурҳони мантиқӣ (ҳамон равиши Арасту) лозим аст ва бояд бошад, аммо дар ҷойи худаш лозим аст хусусан дар масоили фалсафӣ, на ин ки шумо бихоҳед дар масоили таҷрибӣ аз ин равиш истифода кунед, ки ин нораво ва нодуруст аст. Дар масоили таҷрибӣ бояд аз равиши таҷрибӣ истифода кунед, на бурҳони мантиқӣ. Ғаззолӣ рӯи ин масъала бисёр таъкид кардааст, аммо мусалмонон ба умқи гуфтаҳои ӯ пай набурда буданд. Ҳатто донишманде мисли Бӯалӣ Сино бисёре масоили табииро, ки бо равиши таҷрибӣ бояд собит шаванд, кӯшиш карда бо бурҳони мантиқӣ ҳаллу фасл кунад.
Яке аз иллати пешрафти сареъи Урупо пас аз реннесанс ҳамин масъала аст. Фрэнсис Бэкон бо як китоби кучаки худ, як рисолаи кӯтоҳ яъне “Урғунони ҷадид” (Новый Органон), ҳамаро зерӯ рӯ кард. Баъзе донишмандон мӯътақиданд, Бэкон ин назарияро аз Ғаззолӣ гирифтааст. Дар Урупо пеш аз реннесанс он чи роиҷ буд, равиши арастуӣ буд, ҳама чизро мехостанд ба равиши арастуӣ ҳаллу фасл кунанд, ки иштибоҳ буд. Ин масъала ба назаратон шояд кучак ҷилва кунад, аммо хеле муҳим аст.
Албатта ин масъала ба ин маъно ҳам нест, ки аз ин тараф биафтем. Яъне куллан ба равиши бурҳонӣ ва арастуӣ пушт кунем ва бихоҳем ҳама чизро бо равиши таҷрибӣ собит кунем, ки ин ҳам иштибоҳ аст. Масалан, масоили ба истилоҳ метафизикиро шумо бихоҳед бо равиши таҷрибӣ собит кунед. Худоро масалан то замоне ки аз назари илми физика вуҷудаш собит нашавад, имон наёваред. Яъне бихоҳед вуҷуди Худоро бо равиши илми физика, ки таҷрибӣ аст, собит кунед. Ин маҳол аст.
Донишмандони урупоӣ агар дар ин ноҳия яъне дар ноҳияи истифода аз равиши таҷрибӣ муваффақ шудаанд, аммо аз он тараф афтодаанд. Китобҳояшонро мулоҳиза кунед! Мехоҳанд вуҷуди Худо бо равиши улуми таҷрибӣ собит шавад, вагарна хурофа аст. Хуб, ин ҳам иштибоҳ аст. Инсон аз тариқи илми физика ва ё химия ва ё ҳар илми таҷрибии дигар агар бихоҳад Худоро биёбад, ҳаргиз ва абадан чунин худоеро намеёбад. Асосан он касе, ки қарор аст вуҷудаш ба улуми таҷрибӣ собит шавад, ӯ Худо нест.
Ва ё як иштибоҳи дигаре, ки Имом Ғаззолӣ ба он ишора карда ва аз иллати ақибафтодагии мо мусалмонҳо медонад ин аст, ки мегӯяд, мо дар ҷойе, ки қарор аст ақламонро ба кор гирем, меравем суроғи оят ва ё ҳадис, мехоҳем ваҳй онро бароямон баён карда бошад, вагарна “бидъат” аст. Хуб, ин ҳам иштибоҳ аст.
Хулоса, ҳар чизеро бояд дар ҷойи худаш ба кор бурд. Ин аст оқил. Ин ки арз кардам, оқил касе аст, ки ҳар чизеро дар ҷойи муносиби худаш мемонад, ҳамин аст.
Он яке дар вақти истинҷо бигуфт,
Ки маро бо бӯйи ҷаннат дор ҷуфт.
Гуфт шахсе: хуб вирд овардаӣ,
Лек сӯрохи дуо гум кардаӣ.
(Мавлоно)
Мулк бо куфр боқӣ мемонад, вале бо зулм ҳаргиз!
Гуфтем, оқил яъне касе, ки “ҳар чизеро дар ҷойи муносиби он мегузорад” ва хилофи ӯ аҳмақ аст. Гоҳе инро ба адл низ таъбир мекунанд. Дар таърифи адл гуфтаанд:
العدل وضع الشیء فی محله، والظلم وضع الشیء فی غیر محله
“Адл қарор додани шайъ дар ҷойи муносиби он аст ва зулм, қарор додани шайъ аст дар ғайри ҷояш.” Ба ҳамин ҷиҳат, ба оқил одил низ гӯянд ва ба золим аҳмақ ва аблаҳ.
Усулан, ин як қонун аст, қонуни илоҳӣ, ки дар Қуръони Карим аз он ба “суннати илоҳӣ” таъбир мешавад. Ҷаҳони ҳастӣ бар поя ва асоси он мечархад, вагарна низоми олам ба ҳам мехӯрад. Ҳазрати Паёмбар (с) фармоянд:
بِالْعَدْلِ قامَتِ السَّماواتُ وَالأَرْضُ
“Осмонҳо ва замин бо адолат пойбарҷо ва устувор аст.”
Дар ҷаҳони ҳастӣ ҳар чизе – аз кучактарини ашё то бузургтарини онҳо – дар ҷойи муносиби худ гузошта шуда ва дар ғайри он сурат, низоми олам ба ҳам мехӯрад ва аз ҳам мепошад. Як мисол бизанам, то масъала равшантар бишавад.
Аъзои тани одам ҳар як дар ҷойи муносиби он қарор дода шудааст. Ангуштони даст масалан, ки панҷто ҳастанд, бояд мутафовит бошанд, ки агар ҳама баробар буданд, инсон наметавонист зиндагӣ кунад, зиндагӣ барояш душвор мешуд; тавре ҳастанд, ки шумо ба роҳатӣ ба онҳо чизеро меқапед ва мегиред ва ё бармедоред. Чашми инсон, ки як узви муҳим аст, агар дар ғайри ҳамин ҷойе, ки ҳаст қарор дода мешуд, осеб медид ва дар натиҷа одам зуд кӯр мешуд. Болояш масалан абрӯ (қош) аст, ки ҷилави оби пешониро мегирад. Фарз кунед, агар чашмони одам дар болои сараш қарор дода мешуд. Дар ин сурат, зуд кӯр мешуд, оби борон ба он мерасид ва чизе наметавонист аз он муҳофизат кунад.
Ин қонун дар ҷомеаҳо низ ҳоким аст, ҷомеаҳои башарӣ бар поя ва асоси он рӯйи пойи худ меистанд. Ҷомеа агар бар он поя истода бошад, боқӣ аст, вагарна фурӯ мепошад. Ва фарқе ҳам намекунад исломӣ бошад, кофирӣ бошад, илҳод бошад, фарқе намекунад.
Ҷумлае ҳаст бисёр матин ва дуруст ва ба ҳазрати Паёмбар (с) нисбат медиҳанд, мефармояд:
الملک یبقی مع الکفر ولا یبقی مع الظلم
“Ҳукумат бо куфр боқӣ мемонад, вале бо зулм ҳаргиз!”
Мо гоҳе гӯли ановини зоҳириро мехӯрем. Агар ҷомеаи мо мусалмонҳо ақибмонда аст, беҷиҳат дар дили баъзе аз моҳо ин эътирози беҷо пайдо мешавад, ки агар мо дар дини барҳақ ҳастем, ки ислом аст, пас чаро ақибмондаем, чаро ҷаҳони куфр дар имрӯз пешрафта аст ва мо бадбахту бечора ва ақибмонда?!
Дар ҳоле, ки фаромӯшамон шуда, ки тибқи қонун ва суннати илоҳӣ, касе, ки одилона рафтор кард ва “ҳар чизеро дар ҷойи муносиби худаш қарор дод”, ӯ пойбарҷо ва монданӣ аст, на мо, ки ҳам ба ҳамсаронамон зулм мекунем, ҳам ба фарзандони худ ситам мекунем, ҳам ба ҳамсояҳо ситам мекунем, хулоса зулму ситам на танҳо дар ҳукуматҳои мо, балки дар зиндагии хусусиамон низ ҳоким аст, он вақт таваққӯъ дорем, ки пешрафта бошем. Саноӣ Худо раҳматаш кунад чӣ зебо баён кардааст, мегӯяд:
Чашми дил боз кун зи рӯйи яқин,
Зулми Ҳаҷҷоҷ(у) адли Касро бубин.
Ин яке кофару писандида
В-ин мусалмон, вале накӯҳида.
Зулм аз ҳар ки ҳаст нек, бад аст
В-он, ки ар золим аст, нек бад аст.
Ҳар куҷо адл рӯй бинмудааст,
Неъмат андар ҷаҳон бияфзудааст.
Ҳар куҷо зулм рахт афкандааст,
Мамлакатро зи бех баркандааст.
Иттифоқ ва ихтилоф
Ҳар ҷо дидед якдилӣ ҳаст, пас бидонед одамонаш оқил будаанд ва ҳар ҷо дидед одамҳо даст ба гиребонанд, афродаш аҳмақ будаанд.
Манзурам аз иттифоқ якрангӣ нест, аз ихтилоф низ рангорангӣ нест. Инсонҳо рангоранганд ва бояд чунин бошанд, ин ҳайвоноти забонбаста ҳастанд, ки якранганд мисли занбӯри асалҳо. Балки муродам аз ихтилоф даст ба гиребон шудан ва тафриқа аст, ки мазмум аст.
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки сабаби кашмакаш ва ҷанҷоли диндорон худи омӯзаҳои динӣ аст, дар ҳоле, ки дин ҷуз ба ҳамдилӣ ва якдастӣ намехонад ва ба шиддат аз тафриқа манъ мекунад:
وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا ۚ وَاذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنْتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنْتُمْ عَلَىٰ شَفَا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ فَأَنْقَذَكُمْ مِنْهَا
“Ва ҳамагӣ ба ресмон (-и дин)-и Худо чанг зада ва ба роҳҳои мутафарриқ наравед ва ба ёд оред ин неъмати бузурги Худоро, ки шумо бо ҳам душман будед, Худо дар дилҳои шумо улфат ва меҳрубонӣ андохт ва ба лутф ва неъмати Худо ҳама бародари якдигар шудед ва дар партгоҳи оташ будед, Худо шуморо наҷот дод…”
Хуб, пас сабаби ин ҳама ҷанҷолҳо ва кашмакашҳо чист, ки масеҳӣ гиребони яҳудиро мегирад, ки ман ҳаққам ва ту ботил ва мусалмон аммо аз яқаи ҳама аз масеҳиву яҳудиву зардуштиву ғайра мегирад, ки фақат ман дар роҳи ҳаққаму шумо ҳама ботил. Ва худи мусалмонҳо низ дар навбати худ бо ҳам даргиранд; шиъа гиребони сунниро мегирад, ки ба роҳи нодуруст меравӣ ва роҳи ман дуруст аст ва суннӣ шиъаро тақбеҳ мекунад, ки роҳе, ки меравӣ ба “Туркистон” аст ва роҳи савоб ва саҳеҳ ин роҳи ман аст. Ва хулоса, ҳазораҳост, ки башарият аз ҷанҷолу кашмакашҳои пайравони адён дар ранҷ аст ва садҳо ҳазор одам дар ин роҳ хунашон рехтааст.
Қуръони Карим, охирин китоби осмонӣ сабаби ин ҷанҷолҳоро бағй медонад ва ба он тасреҳ кардааст ва чӣ зебо баён мекунад, ки дар қисмати баъдии ёддошт ба он хоҳам пардохт, иншоаллоҳ!
“Бағй” чист?
Гуфтем, сабаби асосии ҷанҷолҳо ва кашмакашҳо байни пайравони адён, ки ман ҳаққаму ту ботил, ба тасреҳи Қуръони Карим “бағй” аст. Қабл аз овардани ин ояти қуръонӣ, аввал лозим аст бидонем “бағй” чист.
Маънои “бағй” иборат аст аз “рафтори золимона бо дигарон таҳти таъсири ҳавои нафс ва хуруҷ аз чорчӯба барои расидан ба хостаи шахсӣ ё гурӯҳӣ”.
Табарӣ мегӯяд:
بغياً علـى الدنـيا وطلب ملكها وزخرفها وزينتها أيهم يكون له الـملك والـمهابة فـي الناس فبغى بعضهم علـى بعض وضرب بعضهم رقاب بعض
“(Бо ҳам ихтилоф накарданд магар) барои расидан ба дунё ва дороиҳои дунё, ки моли ӯ бошад ва дар миёни мардум барои вай ҳайбат ҳосил шавад, пас баъзе бар баъзеи дигар ситам карданд ва гардани якдигарро заданд…” (Табарӣ, Ҷомеул-баён фи тафсирил-Қуръон)
Замахшарӣ мегӯяд:
حسدًا بينهم وظلمًا لحرصهم على الدنيا
“(Бо ҳам ихтилоф накарданд магар) ба ҷиҳати ҳасад ба ҳам ва зулму ситам, ба хотири ҳирсашон ба дунё…” (Замахшарӣ, Кашшоф)
Имом Фахри Розӣ гӯяд:
أما قوله تعالى: بَغْياً بَيْنَهُمْ، فالمعنى أن الدلائل إما سمعية وإما عقلية. أما السمعية فقد حصلت بإيتاء الكتاب، وأما العقلية فقد حصلت بالبينات المتقدمة على إيتاء الكتاب فعند ذلك قد تمت البينات ولم يبق في العدول عذر ولا علة، فلو حصل الإعراض والعدول لم يكن ذلك إلا بحسب الحسد والبغي والحرص على طلب الدنيا، ونظير هذه الآية قوله تعالى: وَمَا تَفَرَّقَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلْكِتَـٰبَ إِلاَّ مِن بَعْدِ مَا جَاءتْهُمُ ٱلْبَيّنَةُ
“Ин ки фармуд: “бағйан байнаҳум” ба ин маъност, ки далел ё нақлӣ аст ва ақлӣ. Далели нақлӣ бо додани китоб (-и осмонӣ) ҳосил шуда, аммо далели ақлӣ пеш аз расидани паёми илоҳӣ (китобҳои осмонӣ) ҳосил омада, пас ҳуҷҷат (барои одамҳо хусусан олимҳо) равшан гардида ва дар рӯй гардондани онҳо дигар ҳеч узре боқӣ намонда. Пас агар рӯй бигардонанд ва аз далел ва ҳуҷҷат пайравӣ накунанд, ба сабаби ҳасад, таҷовуз ва ҳирси онҳо ба дунёст. Назири ин оят дар сураи “Байинот” ҳам ҳаст, он ҷо, ки мефармояд: “Касоне, ки ба онҳо китоб дода шудааст роҳи тафриқа ва хилоф напаймуданд магар пас аз он ки онҳоро ҳуҷҷат омад…” (Фахри Розӣ, Мафотеҳул-ғайб)
Ибни Касир мегӯяд:
أي: من بعد ما قامت الحجج عليهم، وما حملهم على ذلك إلا البغي من بعضهم على بعض
“Яъне пас аз он ки ҳуҷҷат бар онҳо тамом шуда ва водор насохт онҳоро бар ин (ихтилоф ва тафриқа) ҷуз бағй (таҷовуз ва ҳасад)-и баъзеи онҳо бар баъзеи дигар…” (Ибни Касир, Тафсири Қуръони Азим)
Дигар муфассирон низ шабеҳ ба ҳамин маъно кардаанд.
Ҳол, агар пурсида шавад, ки магар маъқул аст барои инсон (хусусан як олим) ҳуҷҷат ва далел барояш тамом шавад, аммо ӯ аз он пайравӣ накунад ва саркашӣ намояд?
Бале, мутаассифона чунин аст. Равшантарин намунааш Иблис аст. Шайтон на танҳо боимон буд, балки аз муқаррабони даргоҳи илоҳӣ буд, муаллими фариштаҳо буд ва ба истилоҳ аз эркаҳои Худо ба шумор мерафт, вале бо ин ҳама Худоро нофармонӣ кард. Хуб чаро?
Далелаш бағй аст. Далелаш ин аст, ки Иблис хоҳиши нафсонии худро бар амру фармони Худо тарҷеҳ дод. Худо фармуд, дар баробари Одам таъзим кун, аммо худбартарбинии Иблис, худро як сару гардан аз Одам бартару болотар донистани ӯ ва кибру ғурураш иҷоза надод дар баробари Одам сари таъзим фуруд оварад. Худо ба ӯ дастур медиҳад, фармонаш медиҳад ва амраш мекунад, аммо вай аз амри Худо сарпечӣ мекунад:
قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسْجُدَ إِذْ أَمَرْتُكَ ۖ قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ
“Худои Мутаол ба Иблис фармуд: чӣ чиз туро монеъ аз саҷда (-и Одам) шуд, ки чун туро амр кардам нофармонӣ кардӣ? Посух дод, ки ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ ва ӯро аз хок офаридаӣ.” (Сураи Аъроф, ояти 12)
Тамоми бадбахтӣ, дар “уламо” аст
Арз шуд, ки иллати асосии кашмакашҳо байни пайравони адён, ки ман ҳаққаму ту ботил, ба таъкиди Қуръон “бағй” аст. Ва гуфтем бағй яъне “рафтори золимона бо дигарон таҳти таъсири ҳавои нафс ва хуруҷ аз чорчӯба барои расидан ба хостаи шахсӣ ё гурӯҳӣ”, ҳасад ба ҳам ва зулму ситам ба хотири ҳирс ба дунё.
Ва аммо он оят, ки масъалаи мазкурро баён дошта:
كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ
“Мардум ҳама як гурӯҳ буданд (сипас ихтилоф карданд), баъд, Худо паёмбаронро барангехт ҳамчун навиддиҳанда ва бимкунанда ва ҳамроҳи эшон китоб фурӯ фиристод ба ростӣ ва дурустӣ, то миёни мардум дар он чи ихтилоф карданд ҳукм кунанд. Ва дар он ихтилоф накарданд магар ҳамон касоне, ки он (китоб) ба эшон дода шуда буд, (он ҳам) аз паси ҳуҷҷатҳои рӯшане, ки ба онҳо расида буд, (ихтилофашон) аз рӯйи бағй буд…” (Сураи Бақара, ояти 213)
Дар ин оят, аз ду навъ ихтилоф миёни башар сухан меравад:
1) Ихтилофи башар қабл аз фиристода шудани паёмбарон;
2) Ихтилофи онҳо пас аз фиристода шудани паёмбарони илоҳӣ.
Мефармояд, ибтидо башар “уммати воҳида” яъне як гурӯҳ буданд ва ихтилофе миёни онон набуд, аммо ба тадриҷ, ки иҷтимоашон печидатар шуд – яке раис шуд, яке маръус, яке сарватманд шуд ва яке камбағал ва ғайра — ин печида шудан боис гардид, то миёнашон ихтилоф пайдо бишавад ва ин, табиист.
Ин ишора ба ихтилофи навъи аввал аст, ки Худо паёмбаронро барангехт, то миёни башар дар он чи ихтилоф мекунанд, ҳукм ва доварӣ намоянд.
Аммо дар идома, аз ихтилофи навъи дуввум сухан мегӯяд. Мефармояд, пас аз омадани паёмбарон ҳам, навъе ихтилоф миёни башар падид омад. Аммо ин ихтилофи дуввумӣ, мисли ихтилофи аввалӣ нест, ки иллаташ зиндагии иҷтимоӣ бошад, балки ихтилофест, ки худи уламои динӣ ба вуҷуд овардаанд:
“Ва дар он ихтилоф накарданд магар ҳамон касон, ки он (китоб) ба эшон дода шуда буд…”
Албатта сабабаш худи дин нест, ба ҳеч ваҷҳ, зеро дин омадааст, то башарро муттаҳид намояд. Балки Қуръон мегӯяд: сабаби ин ки ин уламо даст ба ихтилоф заданд, бағй аст:
بَغْيًا بَيْنَهُمْ
Яъне, онҳо аз рӯи ҳасад ба якдигар ва бадхоҳӣ ба ҳам, ба ихтилофу душманӣ даст заданд. Бале, бо ин ки вақте мебинед, чунон ба назар мерасад, ки сабабаш масоили динӣ аст, вале агар инсон андаке таъаммуқ кунад ва каме диққат намояд, мебинад, ки худхоҳиҳо, манманиҳо, ҳавопарастиҳо, такаббуру лаҷоҷатҳо, ҳарфи ман дуруст асту ҳарфи ту нодуруст гуфтанҳо ва аз ин қабил ахлоқи зишт ва разила аст, ки онҳоро водор ба ихтилоф ва душманӣ менамояд. Ахлоқи зиште, ки асосан адён омадаанд, то инсонро аз ҳамонҳо бираҳонанд.
Аз ин рӯ, агар пайравони адён (ва ё пайравони дини воҳид) ва ба хусус уламо ва донишмандонаш, агар хештанро бисозанд ва вуҷуди худро аз ахлоқи разила пок намоянд ва дар масоиле, ки мебинанд бо дигарон ихтилофи назар доранд, бо онҳо сари мизи музокира биншинанд ва бо сабру ҳавсала ва довар қарор додани ҳукми ақл ва мантиқ, бо ҳам баҳс бикунанд, ихтилофашон низ бартараф хоҳад шуд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн