Чаро арабҳо барои раиси режими саҳюнистӣ “фарши қирмиз” паҳн карданд?!

Таҳлили хабарӣ
Чаро арабҳо барои раиси режими саҳюнистӣ “фарши қирмиз” паҳн карданд?!
Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм
Мушорикати подшоҳон, руасои ҷумҳур ва шоҳзодагони араб дар Конфронси байналмилалии обуҳавоӣ дар Дубай, ки рӯзи панҷшанбе (30 октябр) бо ҳузури Исҳоқ Ҳертзуг, раиси режими Исроил баргузор шуд, амре накӯҳида аст ба вежа ин ки ин иҷлос ҳамзамон бо ҷанги наслкушӣ ва поксозии қавмиятӣ дар навори Ғазза тавассути артиши Исроил баргузор шудааст; ҷанге, ки ба шаҳодати ҳудуди 20 ҳазор ғайринизомии бедифоъ ва захмӣ шудани ду баробари ин рақам ва вайрон шудани дастикам ниме аз хонаҳо дар навори Ғазза мунҷар шудааст.
Ба хубӣ медонем, ки Конфронси обуҳавоӣ, ҳам байналмилалӣ аст ва ҳам давраӣ ва ба масоили зистмуҳитӣ ва тағйироти иқлимӣ марбут мешавад, аммо паҳн кардани “фарши қирмиз” зери пойи раиси режими Исроил ва дидори ӯ бо шуморе аз сарони араб аз ҷумла Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар ва Муҳаммад бен Зоид, раиси Аморот, дар бурҳаи кунунӣ – аз назари мо – иҳонат ба хунҳои шуҳадо ва кӯдакон дар навори Ғазза ва ба беш аз 2 миллион фаластинӣ аст, ки ба зӯр аз навори Ғазза овора шудаанд ва ҳамаи асбоби зиндагӣ аз ҷумла об, барқ, энержӣ ва ғизо ба рӯйи онҳо қатъ шудааст.
Дар ҳоле, ки Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, Конфронси Дубайро дар эътироз ба ҳузури раиси Исроил, таҳрим ва ҳайати кишвараш ба риёсати Алиакбар Меҳробиён, вазири энержӣ, онро тарк мекунад, аз ин рӯ беҳтар буд мушорикаткунандагони араб на танҳо ин гуна мавзеъгирӣ мекарданд, балки фаротар аз он, ҳар гуна робитаашонро ба таври кулл бо кобинаи ишғолгар қатъ мекарданд ва сафоратхонаҳояшонро дар пойтахти кишварҳояшон, ҳамонанди кишварҳои ғайримусалмон монанди Боливӣ, Чилӣ, Колумбиё ва Офриқои ҷанубӣ мебастанд.
Гурдонҳои муқовамат аз ҷумла Ҳамос, ки муборизонашон диловарона бо таҷовузи ахири Исроил ба навори Ғазза муқобила мекунанд ва бо пойдорӣ ва нуфуз дар беш аз 50 шаҳрак ва минтақаи ишғолӣ дар атрофи Ғазза бо куштани беш аз 1400 исроилӣ – умдатан сарбоз ва шаҳракнишин – ва низ бо захмӣ кардани беш аз 3 ҳазор нафар аз онон, пирӯзии таърихии бесобиқаеро рақам задаанд, мушорикати раиси Исроилро дар Конфронси обуҳавоӣ ба шиддат маҳкум кардаанд.
Дар баёнияи Ҳамос, ки дар маҳкумияти ин конфронс мунташир шуда, омадааст: дар ҳоле Исҳоқ Ҳертзуг дар ин конфронс ширкат кардааст, ки режим ва артиши ишғолгар дар ҳоли иртикоби қатли оммҳои ҳавлнок ва ҷанги наслкушӣ алайҳи миллати Фаластин ба хусус дар навори Ғазза ва нобудии маҳаллаҳои маскунӣ, бемористонҳо, масоҷид, калисоҳо, донишгоҳҳо ва мадорис аст. Ҳамос дар ин баёнияе, ки дар он “хашмашро фурӯ нишонда”, гуфтааст: “Агарчӣ ин конфронс байналмилалӣ аст, аммо эй кош Аморот аз ӯ (раиси Исроил) даъват ба амал намеовард!”
Мавзӯъи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки Омрико, ки бо эҷоди пули ҳавоӣ барои таъмини муҳиммот ва таслеҳоти Исроил ва эъзоми 2 ҳазор низомӣ барои тақвияти ҳамла ва тасвиби кӯмаки 14 миллиард долларӣ ҷиҳати таъмини молии ҳазинаҳои ҷанг, амалан дар ҷанги наслкушӣ дар навори Ғазза мушорикат дорад, барои ҷанги золимона алайҳи ҷунбишҳои муқовамат ва мушаххасан Ҳамос барномарезӣ мекунад, то бештар пойтахтҳои арабӣ ба хусус Дуҳа ба рӯйи Ҳамос баста шавад. Ба гуфтаи яке аз масъулони қатарӣ, Омрико аз Қатар хостааст, дафтари Ҳамосро дар Дуҳа таътил кунад ва ин тафоҳум, тайи моҳи гузашта дар ҷараёни дидори Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Омрико ва шайх Тамим дар Дуҳа ҳосил шудааст.
Ин ҷанги Омрико алайҳи гурӯҳҳои муқовамат, ки ба таҳрики режими ишғолгар анҷом мешавад, натоиҷи маъкусе барои минтақа ва Омрико ва манофеъаш хоҳад дошт ва дар айни ҳол, ба нафъи меҳвари рӯ ба рушди русӣ-чинӣ хоҳад буд ва баъид нест Қатар, ки аз ҳузури Ҳамос дар хокаш ба унвони барги барандае барои эъломи тамоюзи сиёсӣ ва миллиаш аз дигар кишварҳои араби халиҷи Форс ба вежа кишварҳои созишкор истифода кардааст, дар сурати таслим шудан ба диктаҳои Омрико, аз бузургтарин бозандагон шавад.
Дар ҳоли ҳозир, таърих дар заминаи расад ва баррасии мавозеъи ба вежа режимҳои арабӣ, бисёр фаъол амал мекунад; мавозеъе, ки умдатан дар тазодд бо арзишҳои арабӣ, исломӣ ва инсоният аст ва алайҳи ҷунбишҳои муқовамат тавтиачинӣ мекунад, ки дар ҳоли муқобила бо ҷангҳои поксозӣ ва наслкушӣ ҳастанд ва бо тақдими даҳҳо ҳазор шаҳид, ба намояндагӣ аз миллатҳои арабӣ ва исломӣ, аз амокини муқаддас дифоъ ва тарҳҳои яҳудисозии амокини муқаддас аз ҷумла Қудси ишғолиро хунсо мекунанд.
Ҷанги Ғазза – бо ҳар поёне, ки ба эҳтимоли зиёд, мусбат ва шикасти бузург барои кобинаи ишғолгар хоҳад буд – муқаддимае барои фурӯпошии режимҳои шарик (дар ҷиноят алайҳи фаластиниён) хоҳад шуд, ҳамонанди марҳилаи пас аз некбат (таъсиси режими саҳюнистӣ) дар соли 1948.
Раъюл-явм
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зарурати ваҳдат ва якпорчагии уммати исломӣ
Музокироти оташбас ба бунбаст расид

Матолиби пурбоздид