Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳимтар аст?

Таҳлили хабарӣ

Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳим аст?

Тоҷикистон ва рақобати Русия ва Амрико дар ин кишвар

Манофеи ҳар кадом аз кишварҳои Русия ва Амрико дар Тоҷикистон чист?

Амрико дар Тоҷикистон ба дунболи чӣ аст?

Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳим аст?

Минтақаи Осиёи Миёна ба далели бархурдорӣ аз манобеи энержӣ ва ҳамчунин мавқеияти хос, ба унвони масири иртиботии миёни шарқу ғарб ва ҳамчунин қароргирӣ дар ҳавзаи коридори шимол-ҷануб, аҳамияти вижае дар сиёсати хориҷии қудратҳои бузург ва аҳдофи жеополитикии онҳо дорад.

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ин минтақа табдил ба арсаи рақобати қудратҳои минтақаӣ ва ба таври вижа Русия, ба унвони меросдори Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд.

Осиёи Миёна дар сиёсати хориҷии Иёлати Муттаҳидаи Амрико

Падидор шудани давлатҳои мустақил дар Осиёи Миёна дар соли 1991, дар ибтидо муҷиби ғофилгирии Иёлоти Муттаҳида шуд. Ин минтақа, ки аҳамияти ҳошияӣ барои Иёлоти Муттаҳида дошт, ба суръат ба маконе барои рақобати қудратҳои бузург барои тасаллут бар манобеи энержӣ ва тасбити нуфузи минтақаӣ табдил шуд.

Ҳарчанд дастрасӣ ва тасаллут бар манобеи ҳидрокарбон аҳамияти қобили таваҷҷуҳе барои Иёлоти Муттаҳида дорад, аммо наметавон онро танҳо далели мудохилаи Амрико дар Осиёи Миёна донист. Дар ҳақиқат, талош барои контроли манобеи энержӣ ва хутути интиқоли энержӣ, абзорест барои ҳифзи султаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва на як ҳадафи ҷаҳонӣ. Метавон гуфт, ИМА бо ҳузури ҷиддӣ дар минтақае монанди Осиёи Миёна ва тасбити нуфузи жеополитики худ, дар садад аст, аз шаклгирии ҳар гуна чолиш ва рақобати воқеӣ барои жеҳмунии (гегемония) ҷаҳонии худ ҷилавгирӣ ва онро муҳофизат кунад.

Сиёсати ИМА дар Осиёи Миёна аз давраи истиқлоли ҷумҳуриҳои минтақа дар соли 1991 то ҳамалҳои террористии 11-сентябри соли 2001 бар се авлавият тамаркуз кард: таъмини амнияти меросии силоҳҳои куштори ҷамъии Шӯравӣ; кумак ба кишварҳои минтақа барои дифоъ аз ҳокимият, истиқлол ва якпорчагии сарзаминашон дар баробари Русия ва муқобила бо инҳисори Русия бар хутути лӯла ва масирҳои тронзити нафту гози Осиёи Миёна барои итминон аз истиқлоли минтақа аз Русия.

Иёлоти Муттаҳида дар ин давра бо радди рӯйкарди жеополитикӣ дар Осиёи Миёна, талоши дарозмуддатеро барои ҳимоят аз эҷоди ҳукуматҳои демуротик, иқтисоди бозори озод ва якпорчагии иқтисодии минтақа оғоз кард. Ҳамлаи 11-сентябр чархише дар рӯйкарди Амрико ба минтақаи Осиёи Миёна буд. Ин рухдод сабаби ба вуҷуд омадани навъе халаи амниятӣ дар ин минтақа шуд ва таҳдидҳои асосиро барои манофеи Амрико ба вуҷуд овард. Метавон гуфт, дар ин давра, мавзӯи амният дар рӯйкарди Амрико дар баробари кишварҳои Осиёи Миёна нисбат ба дигар ҳавзаҳо аз авлавият ва аҳамият бархурдор шуд, ҳарчанд ҳануз нигарониҳо дар бораи рушду тавсиаи иқтисодӣ, ҳуқуқи башар ва тасҳили ҳамгароии иқтисодии минтақа вуҷуд дошт. Баъд аз 11-сентябр, сиёсат ва дидгоҳи Вашингтон нисбат ба таомул бо минтақа ба таври чашмгире тағйир кард. Ҳарчанд алоқамандӣ барои пайгирии дастури кори дарозмуддат ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии даҳаи гузашта барқарор буд, аммо мулоҳизаҳои низомӣ ва амниятӣ ба авомили муҳимме дар мушорикати Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Миёна табдил шуд.

Бо хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Осиёи Миёна, Вашингтон ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои минтақаро дар чорчуби барномаи 5+1 идома дод. Аввалин нишасти ин барнома дар аввалин сафари Ҷон Кери – вазири хориҷаи вақти ИМА ба Осиёи Миёна дар ноябри соли 2015 дар Самарқанд анҷом шуд. Дар ин сафар, панҷ ҳавзаи ҳамкорӣ, шомили мубориза бо терроризм, беҳбуди фазои касбу кор, зарфиятҳои ҳавзаи ҳамлу нақл, таваҷҷуҳ ба ҳавзаи энержии таҷдидпазир ва масоили обу ҳавоӣ дар қолаби барномаи 5+1 мавриди тавофуқ қарор гирифт. Илова бар ин, Вашингтон дар чорчуби ин барнома ба дунболи муаррифии худ ба унвони як шарики мутмаин ва бидуни нигоҳи манофеъмеҳвар дар миёни ҷумҳуриҳои минтақа ва ҷойгузин барои Чин ва Русия буд.

Хуруҷи ИМА, табдили Русия ва Чин ба унвони танҳо таъминкунандагони амнияти Осиёи Миёнаро ба дунбол дорад, ки матлуби Вашингтон нест. Дар ин замина, бархе таҳлилгарони рус, далели аслии нақши рӯ ба рушди Русия дар Осиёи Миёнаро тазъифи қобили таваҷҷуҳи мавзеи руқабои аслии минтақаии он донистаанд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шинохти инсон
Шӯхи боданӯш

Матолиби пурбоздид