Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳим аст?
Бахши дуввум
Осиёи Миёна дар сиёсати хориҷии Русия
Осиёи Миёна ба унвони ҳамсояи Русия ва ҳаёти халвати ин кишвар, аз аҳамияти фавқулодае дар сиёсати хориҷии Маскав бархурдор аст. Аҳдофи Русия дар Осиёи Миёна дар қолаби се ҳавзаи сиёсӣ-амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қобили дастабандӣ аст.
а) Сиёсӣ-амниятӣ; ҷароими созмонёфта ва ба таври мушаххас, қочоқи маводди мухаддир яке аз муҳимтарин таҳдидҳои амниятӣ дар Осиёи Миёна аст. Қароргирии Осиёи Миёна дар наздикии Афғонистон – ба унвони конуни тавлиди маводди мухаддир, сабаби табдили ин минтақа ба масири идеал барои интиқоли ин мавод ба Русия ва Аврупо шудааст. Аз ин рӯ Маскав барномаҳои мухталифе ҳамчун густариши барномаҳои омӯзишӣ ва таҷҳизи марзбонон ва нируҳои маҳаллиро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст. Пайдоиши ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм дар Осиёи Миёна, осебпазирии амниятии ҷиддӣ барои Русия эҷод кардааст. Заъфи иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар канори саркӯби сиёсии режимҳои ҳоким ва тавсиаи равобити рӯ ба рушди ҷунбишҳои исломӣ нақши муассире дар ин масъала доштааст. Густариши терроризм дар Осиёи Миёна метавонад таҳдидҳои амниятии ҷиддиро барои Маскав ба дунбол дошта бошад. Ҳузур ва густариши нуфузи нируҳои хориҷӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ба унвони минтақаи хориҷи наздик, аз ҳассосиятҳои зиёде барои Русия бархурдор аст.
Бо истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, илова бар Русия, кишварҳои мухталифе монанди ИМА, Чин, Эрон, Туркия ва Арабистон ҳузур дар ин минтақаро ба таври ҷиддӣ дунбол карданд.
Дар ин миён ҳузури ғарб, бахусус Амрико ва созу корҳое монанди НАТО бо таваҷҷуҳ ба вазни ҷаҳониашон ва рӯйкарди начандон дӯстона нисбат ба Русия, бештарин ҳассосиятҳоро дар миёни мақомоти Кремл эҷод кард.
б) Иқтисодӣ; аҳдофи иқтисодии сиёсатҳои хориҷии Русия шомили ҳавзаҳои энержӣ, иртиботот, сармоягузорӣ ва тиҷорат аст. Русия барои пешгирӣ аз нуфузи ғарб дар ҳавзаи энержии Осиёи Миёна, ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии гуногуне бо ҷумҳуриҳои минтақа доштааст. Ин кишвар нақши таъинкунандае дар минтақа дорад ва ҳар гуна талош барои барқарории иртиботи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Миёна, дар амал ба Русия хатм мешавад. Русия бо баҳрабардорӣ аз мавқеияти худ, ба унвони як кишвари тронзитӣ барои таъмини энержии Аврупо, мувофиқатномаҳои мухталифе бо кишварҳои Осиёи Миёна дар заминаи энержӣ имзо кардааст. Русия бо таваҷҷуҳ ба пешинаи зерсохтҳои иқтисодӣ дар даврони Шӯравӣ ва вобастагиҳои ношӣ аз он мекӯшад, ин вазъиятро ҳифз кунад. Сармоягузории Русия дар Осиёи Миёна бештар дар тавлиди манобеи энержӣ, бахусус нафту гози табиӣ мутамаркиз шудааст. Тиҷорати энержӣ миёни Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар даврони пасошуравӣ рӯ ба афзоиш буда ва нақши муҳиммеро дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии онҳо доштааст. Аз ҷумла муҳимтарин ҳавзаҳои таомули иқтисодии Русия бо Осиёи Миёна марбут ба нируи кор аст, ки ба ҷанбаи ҳаётии равобити Русия ва Осиёи Миёна табдил шудааст. Бароварди арқоми дақиқи ин нируҳо душвор аст, аммо ба эҳтимоли зиёд, беш аз 4 миллион муҳоҷири кории Осиёи Миёна дар Русия фаъолият мекунанд. Маболиғи ирсолии ин коргарон нақши бузурге дар ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дорад.
в) Фарҳангӣ; дар ин иртибот бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ҳавзаи забон, омӯзиш, расона ва нируи кори хориҷии муқими Русияро метавон ба унвони абзори қудрати нарми Русия дар Осиёи Миёна дар назар гирифт. Забони русӣ забони модарии ҳудуи 145 миллион нафар аст ва 110 миллион нафар низ, онро ба унвони забони дуввум медонанд. Забони русӣ аз зарфияти чашмгире дар Осиёи Миёна бархурдор аст. Ҳамакнун дар ҳавзаҳои мухталифи расонаӣ, омӯзишӣ ва барномаҳои тафреҳӣ ва саргармии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна вобастагии зиёде ба забони русӣ вуҷуд дорад. Ҷойгоҳи муносиби илмӣ ва фанноварии донишгоҳҳои Русия сабаб шудааст, ки ин кишвар мақсади бисёре аз донишҷӯёни Осиёи Миёна бошад.
Донишгоҳҳои Русия дар бисёре аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳузур доранд. Додани кумакҳои таҳсилӣ, ироаи бурсияҳои таҳсилӣ, иҷрои давраҳои муштараки омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ бо донишгоҳҳои минтақа ва табодули устод ва донишҷӯ аз муҳимтарин фаъолиятҳои донишгоҳҳои Русия дар чорчуби пешбурди роҳбурди қудрати нарм дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аст.
Русия ҳузури густардае дар фазои расонаии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дорад.
Қазоқистон теъдоди зиёде рӯзномаи русизабон дорад ва беш аз 30 дарсади барномаҳои радиоӣ ва телевизионии ин кишвар ба забони русӣ пахш мешавад.
Забони русӣ аз арзиши болое дар ҳавзаҳои омӯзишӣ ва расонаии Тоҷикистон бархурдор аст. Теъдоди зиёде аз мардум ба забони русӣ телевизион тамошо мекунанд ва ба торнамоҳо ва сойтҳои русизабон дар интернет дастрасӣ доранд.
Дар Қирғизистон низ аксарияти мардум барномаҳои телевизиониро ба забони русӣ тамошо мекунанд ва рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои чопшуда ба забони русӣ, шуморагони болотаре нисбат ба рӯзномаҳои қирғизӣ дар ин кишвар доранд.
Расонаҳои русӣ дар Туркманистон бисёр маҳбуб ҳастанд. Конолҳои федератсияи Русия бахусус коноли “1” ва ҳамчунин конолҳои саргармӣ, монанди ТНТ, СТС ва бастарҳои интернетӣ монанди Одноклассники, Вики хоҳони зиёде дар байни ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ доранд.
Дар Узбекистон, бар хилофи ҷумҳуриҳои дигар, ба таври пайваста фазои иттилоотии русизабон, бахусус дастрасӣ ба матбуоти русӣ коҳиш пайдо кардааст.
Неруи кории зиёде аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бахусус се кишвари Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Русия машғули кор ҳастанд. Ин масъала афзун бар вобастагии иқтисодӣ, таъсири фарҳангӣ ба ҳамроҳ дорад ва абзори муносибе барои густариши фарҳанг ва забони русӣ дар ин кишварҳост. Ба унвони намуна дар Осиёи Миёна, ханаводаҳое, ки яке аз аъзояшон дар Русия кор мекунад, русгаротар аз дигарон ҳастанд ва худи коргарон низ ба навъе тарвиҷгари фарҳанги русӣ дар кишварашон ба шумор мераванд.