Чаро Омрико ва Исроил дарки яксоне аз Эрон надоранд?

Таҳлили хабарӣ

Чаро Омрико ва Исроил дарки яксоне аз Эрон надоранд?

Таҳлил

Ба қалами Стивен А. Кук (Steven A. Cook) дар нашрияи Foreign Policy

Вуҷуд надоштани як паймони амниятии расмӣ бо Иёлоти Муттаҳида, Исроилро ташвиқ ба қимор кардан ва пазириши риски афзоиши таниш дар минтақа мекунад.

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, дар аввалин изҳори назари худ пас аз ҳамлаи 7 октябри Ҳамос ба Исроил, эълом кард: “Нерӯҳои дифоъии Исроил билофосила аз тавони худ барои нобудии тавонмандиҳои Ҳамос истифода хоҳад кард. Мо онҳоро нобуд хоҳем кард ва бо қудрат, интиқоми ин рӯзи сиёҳро, ки онҳо бар давлат ва шаҳрвандони исроилӣ таҳмил карданд хоҳем гирифт.”

Ин изҳорот мӯҷиб шуд, то таҳлилҳои мухталифе дар бораи ғайримумкин будани нобудии Ҳамос матраҳ шавад. Нахуствазири Исроил ва мушовиронаш, ба вузуҳ мухолифи ин таҳлилҳо буданд. Онҳо дар рӯзи 13 июл замоне, ки Исроил Муҳаммад Зайф, фармондеҳи низомии Ҳамосро, ки баёнияи амалиёти 7 октябр ба номи вай ва муовинаш Рофеъ Салома дар Хон-Юнус мунташир шуда буд ҳадаф қарор доданд, имкони шикасти Ҳамосро ба исбот расонданд. (Мақомҳои исроилӣ ин ҳафта марги вайро таъйид карданд.)

Пас аз ин иқдом, зоҳиран таваҷҷӯҳи нерӯҳои исроилӣ маътуфи Исмоил Ҳаниа, раҳбари Ҳамос мустақар дар Қатар шуд ва онҳо бо кор гузоштани бомбе дар сохтмони маҳалли иқомати вай дар Теҳрон, Ҳаниаро терур карданд. (Албатта, ба ривояти Теҳрон, Ҳаниа бо шиллики мушак аз берун шаҳид шудааст) Дар фосилаи ҳадаф қарор додани ин ду раҳбари Ҳамос, исроилиҳо бахше аз бандари Ҳадида, таҳти контроли Ҳусиҳои Яманро тахриб карданд ва Фуод Шукр, фармондеҳи низомии Ҳизбуллоҳи Лубнонро низ ҳадаф қарор доданд. Гузоришҳои таъйиднашудае низ аз терури яке аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорон дар Сурия муддати кӯтоҳе пас аз ҳадаф қарор гирифтани Ҳаниа ба гӯш мерасад.

Ҳамаи ин иқдомот хостаи мавриди назари Исроил, яъне пирӯзӣ бар Ҳамосро тақвият мекунад. Ин теорияи Исроил аст, ҳатто агар терурҳои қаблии раҳбарони Ҳамос натавониста бошад ин созмонро ба зону дарбиёварад. Ба ҷойи шахсияти теруршуда, як фарди дигар ҷойгузин шудааст. Бо ин ҳол, Натонёҳу дар конфронси хабарӣ пас аз ҳадаф қарор додани Зайф ва Салома, таъкид кард, ки Ҳамос дар ҳоли шикоф бардоштан ва тазъиф шудан аст.

Ин ривоят таъйиди нигоҳи расмии мақомҳои исроилӣ буд, ки беҳтарин роҳ барои тазмини амнияти Исроил ва бозгардондани гаравгонҳо ба хонаро шикаст додани Ҳамос дар майдони набард медонистанд.

Аммо суол ин ҷост, ки аз ин ба баъд чӣ иттифоқе хоҳад афтод? Алорағми баёнияи пуробутоби Натонёҳу хитоб ба исроилиҳо дар рӯзи чаҳоршанбе мабнӣ бар ин ки ҳар касе, ки Исроилро таҳдид кунад, баҳои сангине хоҳад пардохт, ӯ дар ҳоли анҷоми як қимори пурриск аст. Нерӯҳои исроилӣ мумкин аст битавонанд сарони гурӯҳи Ҳамосро ҳазф кунанд, аммо наметавонанд вазъияти амниятии Исроилро иртиқо бибахшанд. Достоне, ки дар ин замина Телавив метавонад аз он дарс бигирад, терури женерол Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳ нерӯи Қудси Сипоҳ аст, ки дар аввалҳои соли 2020 дар ҳамлаи паҳподи омрикоӣ дар наздики фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Ҳазфи вай ба таври қобили таваҷҷӯҳе доманаи тахриби иқдомоти Меҳвари Муқаваматро тазъиф кард.

Ин имкон вуҷуд дорад, ки терурҳои моҳиронаи Исроил ва намоиши қудрати низомии ин кишвар мӯҷиби маръуб гаштани душманонаш шавад, аммо Телавив наметавонад аз ин масъала итминон ҳосил кунад. Бар асоси гузоришҳо, иттилооти артиши Исроил мӯътақид буд, ки Эрон дар посух ба ҳамлаи моҳи апрели Димишқ даст ба посух нахоҳад зад. Аммо онҳо дар иштибоҳ буданд. Терури Ҳаниа, он ҳам дар қалби Теҳрон пас аз маросими савганди раисиҷумҳури ҷадид, раҳбарони Эронро дар ин андеша фурӯ мебарад, ки агар натавонанд ба шакли маънодоре ба Исроил посух диҳанд, дар анзори ҷаҳонӣ ба шиддат заъиф ҷилва хоҳанд кард.

Дар ҳақиқат ба назар намерасад, ки роҳе барои дурӣ аз афзоиши таниш вуҷуд дошта бошад. Раҳбарии Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ билофосила ваъда дода, ки интиқоми хуни Ҳаниа гирифта хоҳад шуд ва зоҳиран дастури ҳамла ба Исроилро содир кардааст. Посухи Теҳрон мутмаиннан бузург хоҳад буд. Аммо агар иқдоми талофиҷӯёнаи Эрон мунҷар ба кушта шудани исроилиҳо ва ё латма дидани зерсохтҳои ҳаётӣ ё марказҳои низомии ин кишвар шавад, Исроил эҳсос хоҳад кард, ки бояд ба наҳве посух диҳад, ки доманаи садамаи таҳмилӣ ба Эрон густардатар аз латамоте бошад, ки дидааст.

Ҳамон тавр, ки Натонёҳу ҳам дар Вошинтун изҳор дошт, исроилиҳо истидлол мекунанд, ки беҳтарин роҳ барои поён додан ба ҷанг ин аст, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида дар баробари таҳдидоти муштарак муттаҳид шаванд. Алорағми ҳамаи сӯҳбатҳо дар мавриди ӯҳдадории пӯлодин ва ҳимоятҳо аз Исроил, Иёлоти Муттаҳида ва раҳбарони Исроил ин даргириро ба шакли яксоне намебинанд. Ин таҳдид барои исроилиҳо як таҳдиди вуҷудӣ аст. Дар натиҷа давлати Исроил моил ба пазириши риск барои поён додани ҷанг ба нафъи худ аст (бо ин ҳол бисёре аз исроилиҳо мухолифи назари давлат ҳастанд ва аз оташбасе ҳимоят мекунанд, ки мӯҷиби бозгашти гаравгонҳо ба хона шавад.)

Аз сӯйи дигар мақомҳои Омрико мӯътақиданд, ки ба роҳ андохтани ҷанг барои поён додан ба ин мунозеъа, беш аз он ки манфиат дошта бошад, зарарнок аст ва мӯҷиби ба бор омадани талафоти инсонии бештар ва ба хатар афтодани аҳдофи Омрико назири якпорчагии минтақаӣ мегардад; бинобар ин онҳо тарҷеҳ медиҳанд роҳи ҳаллҳои диплумотикро бо ҳадафи танишзудоӣ дунбол кунанд, ҳатто дар шароите, ки тамоми мушаввиқҳо тарафҳои даргириро дақиқан ба масири баръакси чунин рӯйкарде ҳидоят мекунад.

Ноҳамоҳангӣ байни тасаввуроте, ки ду кишвар аз таҳдидот доранд, таниш дар равобити амниятии Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро пуррангтар мекунад: исроилиҳо ба дунболи аҳдофи низомӣ ҳастанд ва тазминҳое мехоҳанд, ки агар онҳо дучори мушкил шуданд, Иёлоти Муттаҳида ба кӯмаки онҳо биштобад. Бо таваҷҷӯҳ ба он чи ҳама дар бораи рокетҳои Ҳизбуллоҳ ва тавони мушакии Эрон медонанд, исроилиҳо мумкин аст комилан ба дардисар биёфтанд. Ин вазъият мусталзими кӯмак гирифтан аз қобилиятҳои мунҳасир ба фарди киштиҳои низомии нерӯи дарёии Омрико дар баҳри Медитарона хоҳад буд, ки мукаммили системи дифоъии тавсиъаёфта, аммо нокофии Исроил хоҳад буд.

Ин бад-он маъно нест, ки Исроил ба сурати омидона талош дорад, то пойи Вошингтунро ба ҷанг бикашонад. Балки нишон медиҳад, ки чӣ гуна моҳияти ғайрирасмии равобити амниятӣ, ки бо сиёсатҳои шадидан эҳсосӣ перомуни равобит миёни Омрико ва Исроил дарҳам омехтааст, исроилиҳоро ба самти қимор кардан ва пазириши риски афзоиши таниш савқ медиҳад. Натонёҳу ва мушовиронаш медонанд, ки ба далоили сиёсӣ, таърихӣ ва ахлоқӣ ҳар раисҷумҳуре дар Омрико худро мулзам хоҳад донист, ки ба кӯмаки Исроил биштобад.

Замони тағйири ин вазъият фаро расидааст. Ба ҷойи қатъи кӯмакҳои Вошингтун ба Телавив, ки таҳаққуқи он баъид ба назар мерасад, беҳтар аст Омрико Исроилро маҳор кунад. Беҳтарин роҳ барои ин кор, бастани як паймони амниятии расмӣ аст. Чунин тавофуқе ба сурати тафсилӣ ӯҳдадориҳои Омрико ва шароите, ки ин кӯмакҳо метавонад дар ҳангоми ниёзи Исроил ироа шавадро таъйин хоҳад намуд.

Исроилиҳо далоили зиёде доранд, ки хоҳони ҳазфи раҳбарони Ҳамос бошанд ва тардиде нест, ки аз зинда будани теъдоди камтаре аз онҳо нисбат ба як моҳ қабл хушнуд ҳастанд, аммо терури пурриски Ҳаниа минтақаро бо як таниши хатарнок мувоҷеҳ карда, ки метавонад пойи Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанг бикашонад. Ин, ба нафъи Иёлоти Муттаҳида аст, ки ба тазмини амнияти Исроил кӯмак кунад, аммо на ба қимати қурбонӣ кардани манофеи худаш.

Foreign Policy

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Одатҳои мо
Дарки лаззатҳои маънавӣ

Матолиби пурбоздид