Чаро Омрико хостори оташбас дар Ғазза шуд?

Таҳлили хабарӣ

Чаро Омрико хостори оташбас дар Ғазза шуд?

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”

Ин ки рӯзи сешанбе (дирӯз) ожирҳои хатар дар Ҳифо ба дунболи вуруди ду паҳподи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ин шаҳри ишғолӣ ба садо даромад ва шаҳракнишинони исроилӣ ба самти паноҳгоҳҳо ҳуҷум бурданд, таҳаввуле бисёр хатарнок маҳсуб мешавад ва бистарро барои рӯёрӯии тамомаёр дар ин ҷабҳа фароҳам мекунад, зеро умқи Фаластини ишғолӣ, чӣ дар ҷануби он (Ғазза) ва ё дар шимолаш (минтақаи Ҷалил) дигар амн нест ва таҳаммули паёмадҳои ношӣ аз он, барои режими саҳюнистӣ ғайримумкин шудааст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки нуфузи ду паҳподи Ҳизбуллоҳ аз ҷануби Лубнон ба Ҳифо, бо се таҳаввули бузург дар ҷабҳаи шимолӣ ҳамроҳ будааст:

Аввал: падофанди ҳавоии Ҳизбуллоҳ муваффақ шуд як паҳподи пешрафтаи исроилии Hermes-900-ро, ки ду рӯз пеш ба ҳарими ҳавоии Лубнон нуфуз карда буд, сарнагун кунад.

Дуввум: артиши Исроил эътироф карда, ки Ҳизбуллоҳ дар рӯзи сешанбе (дирӯз) 50 мушак барои бомбборони пойгоҳҳои низомии Исроил ва шаҳраки Кассермин дар Ҷулон шиллик кард, ки мунҷар ба оташсӯзиҳои азим шудааст.

Севвум: ягони подфанди ҳавоии Ҳизбуллоҳ фош кард, ки мушакҳои пешрафтае дар ихтиёр дорад, ки метавонад бо ҳавопаймоҳои исроилӣ монанди F-16 ва F-15 муқобила кунад ва монеъ аз нуфузи онҳо ба ҳарими ҳавоии Лубнон шавад.

Ташдиди таниш дар ин ҷабҳа, бо афзоиши ҳамалоти яманиҳо ба новҳои омрикоӣ ва исроилӣ дар се баҳр (Араб, Сурх ва Медитарона) ва уқёнуси Ҳинд ҳамзамон шудааст, ки яке аз далоили аслии вазъияти феълии Омрико маҳсуб мешавад, ки ба сурат “девонавор” ба дунболи дастёбӣ ба “оташбас” дар борикаи Ғазза аст, то ин оташбас, дасти артиши Исроилро барои ҳамлаи фарогир ба Лубнон ба умеди нобудии Ҳизбуллоҳ боз бигузорад.

Шиллики паҳподҳо ба самти Ҳифо ва муваффақияти онҳо дар нуфуз ба сомонаҳои дифоъии Исроил, ки қарор аст бисёр пешрафта бошанд, паёми таҳдиде ба раҳбарони низомӣ ва сиёсии Исроил аст ва таъйидкунандаи ин воқеият аст, ки ин шаҳр ва дигар шаҳрҳои ишғолии Фаластин дар тирраси ҳамалоти муқовамат қарор доранд ва ин ки ҳар гуна густариши ҷанг ва таҷовуз ба ҳарими Лубнон ва идомаи ҷанги наслкушӣ алайҳи Ғазза ба маънои тахриби комили ин шаҳрҳои ишғолӣ хоҳад буд.

Муқовамат то ин лаҳза аз мушакҳои нуқтазан ва сангини худ, ки теъдодашон дар зарродхонаи таслиҳотии он зиёд ва тибқи арзёбиҳои Исроил болиғ бар 200 ҳазор мушак аст истифода мекунад. Шояд нокомии Натонёҳу дар иҷрои таҳдидҳои худ барои бозгардондани Лубнон ба “асри ҳаҷар”, ба далели огоҳии ӯ аз бузургии посухи муқовамати исломии Лубнон ва хатари он барои мавҷудияти режими Исроил бошад.

Ҷанги фарсоишие, ки муқовамати исломии Лубнон онро аз замони ҷанги Ғазза, дар шимоли Фаластини ишғолӣ ба роҳ андохта ва боиси вуқӯъи оташсӯзиҳо ва вайрониҳои моддӣ ва маънавӣ шудааст, то кунун беш аз 200 ҳазор шаҳракнишини саҳюнистро аз Ҷалили ишғолӣ ба манотиқи дурдаст фирорӣ додааст. Ин ҷанг наметавонад мутаваққиф шавад магар ин ки ҷанги наслкушӣ ва поксозии қавмӣ дар борикаи Ғазза мутаваққиф шавад.

Ин вазъият чароии ҳаштумин сафари Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Омрико ба минтақаи Ховари Миёна ба умеди дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза, бо миёнҷигарии кишварҳои арабӣ ба вежа Миср ва Қатарро шаффоф мекунад.

Судури қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал барои оташбас дар борикаи Ғазза, ки бо мухолифати Омрико рӯ ба рӯ нашуд, ҳаргиз наметавонад дар амал пиёда ва иҷро шавад ва дар архиви Созмони Милал, ки мамлув аз даҳҳо қатъномаи мушобеҳ аст қарор дода мешавад. Далоили зиёде барои ин иддао вуҷуд дорад, ки муҳимтарини онҳо ин аст, ки муқовамати Фаластин агарчӣ аз он истиқбол кардааст, вале фиреби чунин қатъномаҳоеро нахоҳад хӯрд ва ҳимояти Омрико аз музокироте, ки дар Дуҳа ва Қоҳира анҷом мешавадро бовар намекунад ба вежа ин ки раисиҷумҳур Бойден миёнҷигарони арабро ташвиқ кардааст, ки раҳбарони муқовамат (Ҳамос ва Ҷиҳод Исломӣ)-ро таҳти фишор қарор диҳанд, то ба шартҳои Исроил тан диҳанд ва агар бо ин шурут мухолифат кунанд, раҳбарони онҳоро Қатар ихроҷ кунад.

Баъд аз куштори урдугоҳи оворагони фаластинии Насирот дар Ғазза, ки артиши саҳюнист онро дар рӯзи шанбеи гузашта муртакиб шуд ва тайи он, муваффақ шуд дар иқдоме намоишӣ, 4 асири исроилиро озод кунад – ҷинояте, ки беш аз 300 шаҳид ва 700 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт – метавон гуфт, ки музокироти Қоҳира ва Дуҳа, ки мавриди ҳимояти Омрико аст дучори фурӯпошӣ шуда ва эътибори он, ба вежа баъд аз он ки мушорикати Омрико ва дастгоҳҳои ҷосусии он ва бандари шиновари он дар барномарезӣ ва иҷрои ин ҷиноят, бо далоиле мувассақ собит шуд, аз байн рафт.

Нуфузи паҳподҳо ба Ҳифо ва шиллики даҳҳо мушак ба шаҳракҳои Ҷулони ишғолӣ, афтодани сарбозони исроилӣ дар каминҳои муқовамат дар Ғазза, ташдиди ихтилофот миёни раҳбарони сиёсии Исроил ва фурӯпошии шӯроии изтирории ҷанги ин режим, ҳамагӣ нишонаҳое ҳастанд, ки таъйид мекунанд поёни ин режими ишғолгар наздик шуда ва пирӯзии ниҳоии муқовамат қарибулвуқӯъ аст ва он чи мо феълан ниёз дорем, сабр, устуворӣ ва беэътимодии бештар ба Омрико ва миёнҷигарҳо ва низ музокироташ аст. Мо мӯътақид нестем, ки ин ҳақоиқ бар фармондеҳони майдонии муқовамат дар борикаи Ғазза, ки бузургтарин дастоварди Фаластин дар таърихро яъне “Тӯфон ал-Ақсо”-ро сабт кардаанд, пӯшида бошад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин дастоварди артиши Исроил пас аз 8 моҳ ҷанг дар Ғазза: қатли омми 274 нафар барои озодии 4 нафар
Сафорати Исроил ба Мактаби байналмилалии Тошканд китобҳои ибрӣ эҳдо кард

Матолиби пурбоздид