“Чароғи нур шав”
(Зуфархон Ҷавҳарӣ)
То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав
Захмҳои синаҳоро марҳами кофур шав
Бар сияҳрӯзон ғами сомони хуршедӣ намой
Шоми ҳиҷрони асиронро чароғи нур шав
Бенавоёнро навобахшӣ кун аз лутфу карам
Дастгири оҷизон бошу асои кӯр шав
Ҷон ба ҷони мустамандони ҳазин пайванд соз
Ҳар кӣ ӯ дарде надорад аз васоқаш дур шав
Дар руфӯи чоки дилҳо камтар аз сӯзан мабош
Бахяандӯзи катони ошиқи маҳҷур шав
Бошадат то чун насими субҳ осори нафас
Дар кушоди ғунчаи дилҳои номасрур шав
Саъйи худро Ҷавҳарӣ масруфи кори халқ дор
Аз футувват дил ба даст ору зи Ҳақ маъҷур шав.
(Зуфархон Ҷавҳарӣ)
Қаламонлайн