Чаҳор хубӣ ва чаҳор ҳушдор
Чаҳор хубӣ ва чаҳор ҳушдор аз Имом Алӣ(а)
Имом Алӣ (а) ба фарзандаш Имом Ҳасан (а) фармуд:
“Писарам! Чаҳор хубӣ ва чаҳор ҳушдор аз ман ба хотир бисупор, ки то ба онҳо амал мекунӣ, зиён намебинӣ:
1) Арзишмандтарин бениёзӣ ақл аст;
2) Бузургтарин фақр бехирадӣ аст;
3) Тарсноктарин танҳоӣ худписандӣ аст;
4) Гиромитарин арзиши хонаводагӣ ахлоқи некӯст;
5) Писарам! Аз дӯстӣ бо аҳмақ бипарҳез, чаро ки ӯ мехоҳад ба ту нафъе расонад, аммо дучори зиёнат мекунад;
6) Аз дӯстӣ бо бахил бипарҳез, зеро он чиро, ки сахт ба он ниёз дорӣ, аз ту дареғ медорад;
7) Аз дӯстӣ бо бадкор бипарҳез, ки бо андак баҳое туро мефурӯшад;
8) Аз дӯстӣ бо дурӯғгӯ бипарҳез, ки ба сароб монад: дурро ба ту наздик, ва наздикро бароят дур менамоёнад.”
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 38)
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: