Чӣ гуна Омрико шартбандии худ бар рӯйи Эронро бохт?
Таҳлиле аз Аҳмад Маҳмуд Уҷоҷ, таҳлилгар ва нависанда дар рӯзномаи Ашшарқул авсат
Даргирии пешбинишуда миёни Эрон ва Ғарб ба як шӯхӣ табдил шудааст. Иёлоти Муттаҳида ва Исроил таҳдидҳои худро амалӣ накардаанд ва Эрон бидуни нигаронӣ ба тавсиаи барномаи ҳастаии худ идома додааст. Чаро ин як шӯхӣ аст? Зеро дар воқеияти амр онро мушоҳида кардаем: аз таҳдидҳои президент Буш гирифта то таҳдиди Обама, Тромп ва дар ниҳоят изҳороти Бойден, ки ноябри гузашта эътироф кард, ки Барҷом акнун мурдааст. Бинобар ин, мунсифона аст, ки бигӯем, Эрон содиқтар буда ва Омрико ва муттаҳидонаш дурӯғгӯтар буданд: онон ба Эрон ҳамлаи низомӣ накарданд ва замоне, ки Тромп аз Барҷом хориҷ шуд ва Эрон ғанисозии урани худро афзоиш дод ва ҳазорон сентрифуга насб кард, Омрико ва муттаҳидонаш ҳеч коре анҷом надоданд. Тавлиди миқдори зиёде урани ғанишуда, ки барои сохти бомби ҳастаӣ кофӣ аст.
Дар воқеъ, Омрико аз рӯёрӯӣ бо Эрон иҷтиноб варзидааст. Акнун Эрон дониши фаннӣ ва захоири урани ғанишуда ба андозаи кофӣ барои сохти як бомби атомиро дар ихтиёр дорад. Дар мавриди ин ки чаро Эрон то кунун бомби атомиро насохта метавон ду мавзӯъро зикр кард. Мақоми олии раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дастёбӣ ба бомби атомиро аз назари шаръӣ ҳаром донистаанд. Нуктаи дуввум он ки Эрон намехоҳад пешрафти худро ба хатар биандозад ва ба ҳамин далел тасмим гирифта бо сароҳат посух диҳад ва баҳонае барои тавҷеҳи ҳамлаи низомӣ ба таъсисоташ ба душманони худ надиҳад ва аз барномаи ҳастаӣ барои тақвияти мавқеияти худ дар арсаи байналмилалӣ ва минтақаӣ истифода намояд.
Иҷоза диҳед бипазирем, ки сиёсати Эрон печида ва ҳушмандона будааст. Эрониҳо ҳамвора ҳавоссашон ба таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ будааст. Манзурам аз печидагӣ он аст, ки Эрон ба ҷойи он ки мунтазир бимонад, худ шароити муносибро эҷод мекунад. Манзурам аз ҳушмандона будан он аст, ки Эрон дар ҳар марҳила муҳосиботи дақиқе анҷом медиҳад ва медонад чӣ замоне бояд ақибнишинӣ кунад, то тамоми он чиро, ки ба даст оварда ҳадар надиҳад. Акнун музокирот миёни Эрон ва бо Омрико аз тариқи миёнҷигарии Уммон дар ҳоли анҷом аст ва ду тараф акнун ниёз ба як тавофуқи ҷадид ба ҷойи Барҷомро эҳсос мекунанд.
Дар воқеъ, раҳбарии Иёлоти Муттаҳида мутақоъид шуда, ки шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ эҷоб мекунад акнун байни баду бадтар интихоб кунад. Агар Эрон ба дониш ва маводди мавриди ниёз барои сохти бомб даст пайдо кунад бад аст, аммо агар Эрон бомби атомӣ бисозад бадтар аст. Дар ҳолати дуввум, ҷанге, ки Иёлоти Муттаҳида дар шароити кунунӣ тарафдори он нест оғоз хоҳад шуд. Исрори Вашингтон бар нодида гирифтани Натонёҳу, нахуствазири Исроил ва ҳушдори ӯ дар мавриди иқдоми низомӣ мумкин аст нишондиҳандаи ин бошад, ки Иёлоти Муттаҳида акнун муштоқи иҷтиноб аз рӯёрӯӣ бо бадтарин сенария аст.
Бо ин вуҷуд, пурсиши мубрам дар инҷо бепосух боқӣ мемонад: чаро Омрико шартбандии худ бар рӯйи Эронро бохт? Омрико чӣ гуна бо Эрони муҷаҳҳаз ба силоҳи ҳастаӣ бархӯрд хоҳад кард? Ва дар ниҳоят он ки мавзеъи арабҳо дар қиболи ин таҳаввулот чӣ хоҳад буд?
Нахуст он ки: Омрико замоне, ки як қудрати такқутбӣ буд, бо ҳамлаи низомӣ ба Ироқ ба ҷойи ҳамла ба Эрон, мутаҳаммили шикаст шуд. Бадтар аз он ин ки Омрико дар Ироқ ва Афғонистон бо Эрон ҳамкорӣ кард ва шабакаи шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти Эронро, ки дар ҷаҳони араб барои муҳосираи Исроил ва кишварҳои муттаҳиди Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли эҷод буд нодида гирифт. Ин мавзӯъ боис шуд, ки бисёре дар ҷаҳони араб ба ин натиҷа бирасанд, ки Омрико бо Эрон созиш кардааст.
Бо ин вуҷуд, воқеият ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида мӯътақид буд, либерализм барои сарнагунии низоми сиёсии Эрон пас аз табдил шудани кишварҳои минтақа ба демократияҳои аз навъи демократии ғарбӣ кофӣ хоҳад буд. Замоне, ки проекти либерал фурӯ пошид, Обама ба ин натиҷа расид, ки Эрон шибҳинизомиёни худро контрол мекунад ва ин амр боис шуда буд, то бо Теҳрон аз дари гуфтугӯ ворид шавад, дар ҳоле, ки кишварҳои арабӣ контроле бар шибҳинизомиёни суннӣ эъмол намекарданд. Ин назарияи аҳмақонаи омрикоӣ мубтанӣ бар ин фарз буд, ки режимҳои арабии миёнарав Доъиш ва соири гурӯҳҳои мушобеҳро сохтаанд, дар ҳоле, ки воқеият он аст, ки терроризм натиҷаи сиёсатҳои аҳмақонаи Вашингтон, ки мунҷар ба бурузи хушунат аз сӯи шибҳинизомиёни суннӣ шуд.
Нуктаи дуввум он ки: вазъияти геополитики минтақаӣ ва байналмилалӣ тағйир кард. Ҷанги Украина ба Эрон ин фурсатро дод, ки ҳимояти Русияро дар изои ҳимояти низомии Эрон тазмин кунад. Ин ба он маъно буд, ки наметавон аз тариқи Шӯрои амнияти Созмони Милал иқдоме алайҳи Эрон анҷом дод ва аз машрӯъияти байналмилалӣ бархӯрдор шуд. Илова бар ин, рақобат байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба Эрон ин имконро додааст, ки равобити худро бо Чин густариш диҳад ва ҳамчунин бо тан додан ба миёнҷигарии Пекин чиниҳоро ба ифои нақшҳои аслӣ дар минтақа ҷазб кунад ҳамон тавр, ки бо наздик шудани ахири Эрон ва Арабистони Саудӣ ин мавзӯъро мушоҳида кардем.
Эрон бар ин бовар аст, ки додани имтиёз дар марҳилаи феълӣ аз бурузи таҳдидоти ҷиддитар дар оянда ҷилавгирӣ мекунад. Эрон ин тактикаро дар чорчӯби стратегияи густурдатари тақвияти дастовардҳояш то замоне, ки имтиёзоте дар ихтиёр дорад истифода мекунад, ки метавонад манофеъи мавриди ниёзро дар ихтиёраш қарор диҳад.
Эрон ҳамчунин мутаваҷҷеҳ шуд, ки арабҳо аз дарёфти кӯмаки Омрико ва муттаҳидонаш ноумед шудаанд ва аз ин мавқеият ба нафъи худ истифода кард. Ин худ зарбаи бузурге ба Ғарб аст. Рақибони чинии онон ҷойгоҳи худро дар минтақаи меҳварӣ барои тиҷорати ҷаҳонӣ ва таъмини энергия тақвият кардаанд. Муттаҳиди онон Исроил акнун бо таҳдиди ҳамлаи атомии Эрон мувоҷеҳ аст ва арабҳо низ монанди Туркия бар сохти барномаҳои ҳастаии сулҳомези худ ва касби дониш ва фанноварӣ барои хеш пофишорӣ хоҳанд кард. Ин ба маънои поёни муоҳидаи манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ бо тамоми паёмадҳои мухарриби он аст. Давлати Бойден дар мувоҷеҳа бо ин вазъият чорае ҷуз ширкат дар гуфтугӯ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ғанисозии бештари Эрон пеши рӯйи худ намебинад.
Бо ин вуҷуд, давлати феълии Омрико намехоҳад таваҷҷӯҳи худро ба минтақае маътуф кунад, ки акнун онро дар авлавият қарор надодааст. Дар иваз, авлавиятҳои ниҳоии Омрико шикаст додани Русия ва муҳосираи Чин дар уқёнуси Ором аст. Аз он ҷое, ки Эрон нисбат ба ин мавзӯъ огоҳӣ дорад, музокиротро фурсате мебинад, то дастовардҳояшро ба ҳадди аксар бирасонад ва тазмин кунад, ки Иёлоти Муттаҳида ҷангро танҳо гузина намедонад.
Дар инҷо ба назар мерасад мавзеъи арабҳо бо тағйироте, ки дар минтақа дар ҳоли анҷом аст ҳамсӯ мебошад. Дар воқеъ, арабҳо мутақоъид шудаанд, ки ҷанг ба нафъи онон нест ба вежа аз замоне, ки сиёсатҳои арабӣ дар пайи баҳори арабӣ ноком монданд. Дигар ҳеч чиз ононро даври якдигар ҷамъ намекунад ва авлавият акнун рӯёрӯӣ бо чолишҳои душвортар аз гузашта аст. Барои он ки ин кишварҳо аз ҷанг иҷтиноб варзанд, бояд барои он омода бошанд. Музокирот бо Эрон метавонад ба онон фазои танаффусе бидиҳад ва ба онҳо иҷоза диҳад, то рӯйкарде барои тавсиаи зарфияти низомии худ ва эҷоди иттиҳодҳо ва манофеъи тиҷорӣ эҷод кунанд, ки тавозуни қувваҳоро барҳам мезанад.
Aawsat
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн