Шайхурраис Буалӣ Сино – I
Машоҳир ва номоварон
Бахши аввал
Осмони дониши муслимин гоҳ шоҳиди тулӯи офтоби тобоне будааст, ки на танҳо дар ҷуғрофиёи паҳновари фарҳанги фохири исломӣ дурахшида, балки бо партави фазлу фазилати хеш, фарҳанги ҷаҳониро низ равшан сохтааст. Файласуф ва ҳакими беназири Эронзамин ҳуҷҷатулҳақ ва имомулҳукамо Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино маъруф ба Шайхурраис, аз зумраи он дурахшандагон мебошад.
Вилодат ва табор
Ӯ дар ҳудуди соли 370 ҳ.қ (1) дар рустои Афшана аз тавобеъи шаҳри Бухоро вилодат ёфт. Падараш Абдуллоҳ аз аҳолии Балх ва мардони бокифояти он диёр буд, ки дар аҳди давлати Амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Бухоро, пойтахти Сомониён кӯч кард ва бархе аз маносиби девониро дар дастгоҳи Сомониён бар ӯҳда гирифт. Дере напоид, ки масъулияти сомондиҳии молии яке аз манотиқи муҳимми Бухоро мавсум ба Хурмайсан (2) ба ӯ вогузор шуд. (3)
Чанде баъд дар рустои Афшана муҷовири Хурмайсан бо Ситорабону издивоҷ кард ва дар ҳамонҷо иқомат гузид. (4) Худованд неъмати хешро бар Абдуллоҳ, ки ҷавоне покдил буд комил кард ва Ҳусайнро ба ӯ ҳадия намуд. Осори ҳушмандӣ чандон дар вуҷуди Ҳусайн мавҷ мезад, ки падараш дар аввалин фурсати мумкин ба тарбият ва таълими ӯ ҳиммат гумошт.
Хӯшачинӣ аз хирмани дониш
Падар нахуст ӯро ба муаллиме донишманд супурд, то Қуръон ва усули дин биёмӯзад, сипас ба фарогирии сарф, наҳв, баён ва бадеъ пардохт ва дар андак замоне тасаллуте хиракунанда бар адабиёт ёфт. Дар ҳамин замон буд, ки бародараш Маҳмуд низ ба дунё омад. (5)
Ҳусайн 10-сола буд, ки аз улуми муқаддамотӣ фароғат ёфт чунон ки дар шарҳи ҳолаш, ки худ барои Абӯубайди Ҷузҷонӣ, шогирди вафодораш тақрир кард, омадааст:
“Пеши омӯзгори Қуръон ва омӯзгори адаб рафтам ва ба 10-солагӣ расидам ва Қуръон ва бисёре аз адаб барои ман фароҳам шуда буд, то ҷое, ки аз ман дар шигифт буданд.” (6)
Пас аз чанде Шайхурраис ба касби дониши фиқҳ дар маҳзари Исмоили Зоҳид пардохт ва аз чигунагии истихроҷ ва истинботи аҳком аз манобеи динӣ огоҳӣ ёфт ва бо шеваҳои тарҳи пурсиш, доман задан ба баҳсу ишкол он гуна ки расми фақеҳон аст, ошно гашт:
“Ман саргарми фиқҳ будам… Ва аз боҳуштарин пӯяндагони ин роҳ будам ва бо роҳҳои мутолиба ва вуҷуҳи эътироз ошно шуда будам.” (7)
Падари Ибни Сино, ки аз нубуғ ва истеъдоди саршори фарзанди худ ба ваҷд омада ва аз самими ҷон шукргузори Худованд буд, ба шукронаи ин неъмат, Абӯабдуллоҳ Нотилиро, ки устоди нуҷум, ҳандаса ва мантиқ буд, ба манзил даъват намуд. Ибни Сино дар фарогирии ин улум ба вижа мантиқ, ба тарзи шигифтоваре истеъдоди худро буруз дод, ба гунае ки гоҳе ҷойгоҳи устоду шогирд тағйир мекард. Нотилӣ пеш аз он ки Бухороро тарк гӯяд, ба падари Бӯалӣ тавсия намуд, ӯро аз ҳар коре ҷуз касби дониш ва маърифат, боздорад. (8)
Дере нагузашт, ки Ибни Сино ба дониши пизишкӣ гароид ва дар камтарин замон дар ин ришта забардаст шуд:
“Сипас ба илми пизишкӣ гароидам ва китобҳоеро, ки дар он замон гирд овардаанд хондам ва илми пизишкӣ аз донишҳои душвор нест ва ночор ман дар камтарин замоне дар он забардаст шудам, то он ки пизишкон оғоз карданд пеши ман тиб бихонанд ва беморонро парасторӣ кардам.” (9)
Он чӣ дар зиндагии Шайхурраис камтар мавриди таъкиди пажӯҳандагони торих қарор гирифтааст, алоқаи фаровони ӯ ба дониши фиқҳ аст.
Он бузургвор дар айни ин ки ба фарогирии шохаҳои гуногуни илм мепардохт, аз мутолеа ва таъаммул дар фиқҳ лаҳзае ғофил намешуд ва фақоҳат пайваста дар нигоҳи ӯ манзилати вижа дошт.
Таъбире, ки шахси Шайхурраис бад-ин мақула дорад гӯёи чунин ҳақиқате аст: “Ва бо ин ҳама, дар фиқҳ фурӯ мерафтам ва бар он менигаристам.” (10)
Касби ҳикмат
Аз он ҷо, ки Шайхурраис ба тарзи зотӣ нисбат ба ҳамаи мақулот дидгоҳе файласуфона дошт, тамаркузи ӯ бар фалсафа ва ҳикмат ва таъсиси мактаби фалсафии Машшоъро бояд амре мавриди интизор қаламдод намуд. Ӯ аз 16-солагӣ ба шакли ҷиддӣ ва шабонарӯзӣ мутолеаи фалсафаро оғоз намуд:
“Ва хондани мантиқ ва ҳамаи аҷзои фалсафаро аз сар гирифтам ва дар ин муддат ҳеч шабро то поён нахуфтам ва ҳеч рӯзро ҷуз он коре надоштам ва ҳар чӣ буд бар ман ошкор шуд.” (11)
Талошу саъйи камназири Шайхурраис дар фарогирии дониш басе таҳсинбарангез аст. Бо ин ҳама, вақте ба масъалаи душворе бармехӯрд, ба масҷиди ҷомеъ паноҳ мебурд ва намоз мехонд ва дар баробари Худованд пешонии бандагӣ ба хок мениҳод, то даре аз хазонаи илми бемунтаҳояшро ба рӯйи ӯ бигушояд.
Ин муҷоҳидати илмӣ гоҳ то нимаҳои шаб идома меёфт ва ҳар гоҳ хоб бар чашмонаш сангинӣ менамуд, шарбате “ҳушафзо” (чунон ки худаш бад-он ишорат дорад) менӯшид, то бо нишоти бештаре мутолеаро пай гирад.
Нӯшидани ҷуръае шарбат ҳини мутолеа, дастовези бархе аз торихнигорони зоҳирбин шудааст, то шайхи муваҳҳид ва диндоре ҳамонанди Ибни Синоро, ки ба ҳангоми мувоҷеҳа бо масоили душвори илмӣ ба масҷиди ҷомеъ паноҳ мебурд ва намоз мегузорд, ба боданӯшии зоилкунандаи ақл муттаҳам кунанд, бо он ки Шайхурраис дар фарозҳои мутаъаддиде аз осори гаронсанги худ ин амали нописандро тақбеҳ намудааст. (12)
Замоне ки Ибни Сино бунёни илмӣ ва фикриаш инсиҷом ва истеҳкоми лозимро пайдо намуд, ба мутолеа ва андеша дар соҳати мобаъдуттабиъа (метофизик ё фалсафаи илоҳӣ) рӯй овард.
“Пас, ба ҳикмати илоҳӣ пардохта ва китоби мобаъдуттабиъаро хондам ва аз он чӣ дар он буд чизе намефаҳмидам ва андешаи возеъи он (Арасту) бар ман пӯшида монд, то он ки 20 бор аз нав хондам ва дар ёдам монд ва бо ин ҳама онро намефаҳмидам.” (13)
Аммо лутфи илоҳӣ тақдири нек барои Шайхурраис рақам зад, ба ин тартиб, ки дар бозори китобфурӯшон марде китоберо ба қимати ночизе бар ӯ арза кард. Шайхурраис нигоҳе ба китоб андохт ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар мавзӯи мобаъдуттабиъа (метофизик) аст. Бо ин гумон, ки аз он чизе дарнамеёбад, аз хариданаш имтиноъ кард, аммо бо исрори фурӯшанда, ки мегуфт ба баҳои он ниёзманд аст, китобро харид. Вақте ба хона баргашт, фаҳмид китобе дар шарҳу басти мабонии фалсафаи илоҳӣ аз Абӯнасри Форобӣ аст. Бо таваккул бар Худо, мутолеаро оғоз намуд ва ба тадриҷ анвори маъориф ва файзи раббонӣ ба рӯйи ӯ гушуда шуд:
“Ва дар ҳамон замон ағрози ин китоб бар ман гушода шуд, бад-он ҷиҳат, ки дар дили ман омода буд ва аз он шодӣ кардам ва рӯзи дигар моли бисёр ба тиҳидастон садақа додам, сипос Худойро!” (14)
Аз иноятҳои дигари Парвардигор ба Ибни Сино ин буд, ки Амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ дучори бемории сахте гардид, ба гунае, ки пизишкон аз дармони ӯ дармонданд. Овозаи Ибни Сино дар табобат мӯҷиб шуд ӯро ба болини ин фармонраво фаро хонанд. Ӯ ба кӯмаки табибони дигар ба дармонаш пардохт ва пас аз он аз муқаррабони Амир Нӯҳ ибни Мансур ба ҳисоб омад. (15) Аз баракоти ин ошноӣ, роҳ ёфтани Шайхурраис ба китобхонаи бузург ва машҳури дарбори Сомонӣ буд.
“Ба саройе андар шудам, ки хонаҳои бисёр дошт ва дар ҳар хонае сандуқҳои китоб буд, ки рӯйи ҳам анбошта буданд, дар як хона китобҳои тозӣ (арабӣ) ва шеър, дар дигаре фиқҳ ва бад-ин гуна дар ҳар хонае китобҳои донише.” (16)
Ибни Сино дар он китобхона аз китобҳое ёд мекунад, ки то он замон ба чашм надида буд, аз ин рӯ китобҳоеро, ки ниёз дошт мутолеа намуд ва баҳраҳои фаровон бурд, ба гунае, ки мегӯяд:
“Чун ба 18-солагӣ расидам, аз ҳамаи ин донишҳо фориғ омадам.” (17)
Идома дорад…
* * *
Пайнавишт:
(1) Дар торихи вилодати Шайхурраис чанд ривоят зикр шудааст: 363, 370, 373 ва 357, аммо саҳеҳи он соли 370 ҳ.қ аст. Барои огоҳии бештар р.к ба: Пури Сино, Саъиди Нафисӣ, с.73, Файласуфи олам, дуктур Ҷаъфар Оли Ёсин, с.26.
(2) Хурмайсан, мураккаб аз хур (ба маънои хуршед) ва майсан (ба маънои миҳан) аст.
(3) Номаи донишварони Носирӣ, ҷамъе аз муаллифон, ҷ.1, с.89, Фарҳанги Эрони бостон, с.83.
(4) Татиммату сувонил ҳикма, Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ, с.38.
(5) Ахборул ҳукамо, Алӣ ибни Юсуфи Қифтӣ, с.269-275.
(6) Пури Сино, Саъид Нафисӣ, с.63.
(7) Ҳамон, с.63.
(8) Дурратул ахбор ва лумъатул анвор, Муншии Яздӣ, с.29-39.
(9) Ҳамон, Нафисӣ, с.64.
(10) Ҳамон, с.64.
(11) Ҳамон, с.64.
(12) Барои огоҳии бештар р.к: ба Фалсафаи сиёсии Ибни Сино, Абулфазли Шакурӣ, с.104-113.
(13) Пури Сино, Нафисӣ, с.64.
(14) Пури Сино, Нафисӣ, с.65.
(15) Ахборул ҳукамо, с.269-278.
(16) Пури Сино, Нафисӣ, с.65.
(17) Ҳамон, с.65.
Қаламонлайн