Шамхонӣ: Муқаддамоти танбеҳи шадиди Исроил фароҳам шудааст

Шамхонӣ: Муқаддамоти танбеҳи шадиди Исроил фароҳам шудааст

Ахбори байналмилал

Мушовири сиёсии раҳбари Эрон: “Муқаддамоти танбеҳи шадиди режиме, ки ҷуз забони зӯр намефаҳмад фароҳам шудааст”

Мушовири сиёсии раҳбари Эрон, аз фароҳам шудани муқаддамоти танбеҳи Исроил хабар дод.

Дарёдор (адмирал) Алӣ Шамхонӣ, мушовири сиёсии Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба бомбборони мадрасаи “Тобеин” дар Ғазза, дар шабакаи иҷтимоии Х, навишт:

“Танҳо ҳадафи режими Исроил дар куштори намозгузорони мадрасаи “Тобеин” дар Ғазза ва терури шаҳид Исмоил Ҳаниа дар Эрон, ҷангталабӣ ва ба шикаст кашондани музокироти оташбас аст. Фарояндҳои ҳуқуқӣ, диплумотик ва расонаии тайшуда, муқаддамоти танбеҳи шадиди режимеро, ки ҷуз забони зӯр намефаҳмад, фароҳам кардааст”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарки лаззатҳои маънавӣ
Ҳамоҳангӣ бо иқтизои замон

Матолиби пурбоздид