Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар арсаи байналмилал
Чин – сеюмин шарики тиҷории Тоҷикистон
Бар асоси нишондодҳо, Чин ҳамчунон ба унвони яе аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ин матлаб дар нишасти сафири Чин дар Тоҷикистон, Ҷи Шумин ва Усмонзода – мудири Маркази мутолеоти стротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст.
Дар ин мулоқот Усмонзода, Чинро яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дониста гуфтаааст: Саҳми Чин дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 18/5 фоизро ташкил медиҳад ва аз назари ҳаҷми мубодилаи тиҷорӣ, ин кишвар, мавқеияти сеюмро дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон, Русия ва сипас Қазоқистон мебошад ва Чин ҳам дар мақоми сеюм қарор дорад.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн