Шикасти иттилоотӣ ва амниятии дигар барои саҳюнистҳо

Нуфузи размандагони фаластинӣ ба дохили Исроил

Шикасти иттилоотӣ ва амниятии дигар барои саҳюнистҳо

 Ахбори байналмилал

Манобеи расонаӣ (субҳи рӯзи панҷшанбе, 6-июн) аз нуфузи теъдоде аз размандагони муқовамати Фаластин ба сарзаминҳои ишғолӣ ва даргирии онҳо бо низомиёни артиши режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин

Артиши режими саҳюнистӣ дар ин бора эълом кард, ки як ҳодисаи амниятӣ дар марзи Ғазза ва сарзаминҳои ишғолӣ рух додааст.

Радиои артиши режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки як гурӯҳ аз размандагони фаластинӣ ҳудуди ду соат қабл муваффақ ба нуфуз ба сарзаминҳои ишғолӣ дар наздикии гузаргоҳи Карам-Абусолим дар Рафаҳ шуданд.

Артиши режими саҳюнистӣ аз даргирӣ миёни низомиёни худ ва размандагони фаластинӣ дар ин минтақа хабар дод.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин эътироф кард, ки дар ин даргирӣ ду низомии он захмӣ шуданд.

Созмони назорати режими саҳюнистӣ интишори ҷузъиёти ин шикасти иттилоотиро мамнӯъ эълом кардааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздошти мудири собиқи садо ва симои Эрон дар Фаронса
Се шарти Ҳаниа барои баррасии ҷиддии пешниҳодоти оташбас

Матолиби пурбоздид