Гаага дар интизори Эмомалӣ Раҳмон аст
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ шикоят дар бораи ҷиноёти ҷангӣ ва алайҳи башарият, алайҳи Раҳмонро баррасӣ хоҳад кард
Ахбори минтақа
Гаага, 10 апрели соли 2025 — Эътилофи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва вакилони мудофеъ, ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (ICC) бо шикояти расмӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷиноятҳои зидди башарият муттаҳам кардааст. – Дар ин бора Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), 11 апрел дар твиттераш хабар дод.
Ба гуфтаи Кабирӣ, ин натиҷаи “4 сол кори пурмашаққати вакилону фаъолони холис” буд. Ӯ ба ҳар нафаре, ки дар ин раванд ширкат доштанд, изҳори сипос намуда, қайд кард, ки “Миллат ин рӯзро мунтазир буд”.
Кабирӣ дар саҳифаи X (собиқ Твиттер) навишт: “Дигар миллат не, ӯ ҷинояткор муаррифӣ хоҳад шуд.”
Дар ҳоле, ки ҷузъиёти ин шикоят ҳанӯз ифшо нашудааст, манобеи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) мегӯянд, дар он мавориди зиёди ҷиноятҳои зидди башарият, саркӯб, таъқибу шиканҷаи Эмомалӣ Раҳмон сабт шудааст.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар Лоҳа (Гаага) парвандаҳои наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҷангиро баррасӣ мекунад. Агар ин шикоят қабул шавад, он метавонад барои Осиёи Марказӣ як намунаи муҳиме эҷод кунад.
(Манбаъ: ozodandishon)
Қаламонлайн