Шодӣ ва шодмонӣ дар хонавода
Мактаби инсоният
Аз чӣ роҳҳое метавон шодмониро дар хонавода эҷод намуд?
Нишоту шодмонӣ яке аз ниёзҳои табиии инсон аст, ки нақши муассире дар тақвияти иродаи ӯ дорад ва корҳои бузург ва барномаҳои сангинро барои вай осон мекунад. Аз тарафи дигар, гоҳе руҳи одамӣ хастаю бемор мешавад ва барои рафъи беморӣ ва афсурдагии он, ниёз ба доруе ба номи шодӣ дорад.
Дар ривояте ворид шудааст: “Ҳамоно дилҳо хаста мешаванд, ҳамон гуна ки баданҳо хаста мешаванд. Ба василаи суханони ҳикматомез ва матолиби судманд худро аз хастагӣ берун биёваред”.
Ҳамчунин дар ривояти дигаре омадааст: “Шодӣ боиси боландагии руҳ ва эҷоди нишот мешавад”.
***
Роҳҳои эҷоди шодмонӣ
Мусбатнигарӣ
Мусбатнигарӣ мавзӯест, ки равоншиносон ба он таваҷҷӯҳи зиёде нишон дода, аз он ба унвони “Равоншиносии мусбатандешӣ” ном бурдаанд.
Дар ривоёт низ аз ин вежагӣ ба номи “ҳусни занн” – (хушгумонӣ) ёд гардидааст. Тафаккури мусбат ва хушбинии маъқул, рамзи хушбахтӣ ва нишот дар зиндагии фардӣ ва хонаводагӣ ва низ омили таслим нашудан дар баробари авомили манфӣ ва бӯҳронзост.
Арзиши мусбатандешӣ вақте маълум мешавад, ки бидонем умеду нишот, дар сояи хушбинӣ ҳосил мешавад.
Алӣ(а) мефармояд: “Хушгумонӣ аз беҳтарин сифоти инсонӣ ва пурбортарин мавоҳиби илоҳист”.
Хушбинӣ ақсоми гуногуне дорад, ки яке аз онҳо хушбинӣ нисбат ба аъзои хонавода аст. бояд рафтору гуфтори аъзои хонавода баростӣ ва дурустӣ фаҳмида шавад.
Дар муқобили ин сифат, бадбинӣ қарор дорад, ки аз назари Қуръон, гуноҳ ба шумор меравад: “Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре гумонҳо бипарҳезед, ки баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12).
Агар зану шавҳар ба ҳамдигар хушбин бошанд, фазои хонавода дур аз изтироб хоҳад буд. Мутаассифона бархе бонувон ва мардон, на танҳо оромишу шодмониро вориди хонавода намекунанд, балки бо сӯизанну бадгумонии хеш, ҳарими хонаводаро дар остонаи фурӯпошӣ қарор медиҳанд, ки натиҷаи он, афсурдагии аъзои хонавода хоҳад буд.
Идома дорад…
Қаламонлайн