“Вагнер зарбаи худашро ба эътибори Русия ворид кард” 

Таҳлили хабарӣ
“Вагнер зарбаи худашро ба эътибори Русия ворид кард” 
“Шӯриш гурӯҳи Вогнер баландмуддат нахоҳад буд” 
Назари коршинос
Сойти “Асри Эрон”: Шӯриши гурӯҳи низомии “Вогнер” алайҳи давлати Русия ва тасарруфи яке ду шаҳр дар ҷануби ғарбии ин кишвар аз сӯи шӯришиёни муздур ва ниёбатии Русия, бӯҳрони бесобиқае барои Владимир Путин эҷод карда, ки муддат ва паёмадҳояш феълан бар касе равшан нест.
Матни зерин гуфтугӯе аст бо дуктур Маҳмуди Шӯрӣ, коршиноси масоили Русия ва узви собиқи Маркази таҳқиқоти стротежики Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, дар бораи бӯҳрони ношӣ аз шӯриши гурӯҳи “Вогнер” дар Русия:
*****
– Оқои дуктур Шӯрӣ, ба назаратон, шӯриши гурӯҳи “Вогнер” метавонад тӯлонимуддат аз об дарояд?
– Қатъан ин шӯриш наметавонад хеле тӯлонӣ бошад, чун эътибор ва престижи Русия ва ҳамин тавр ояндаи ҷанги Укройн, ба ҷамъ кардани ин моҷаро бастагӣ дорад.
Замонбандии дохилии Русия ҳам ҷуре ҳаст, ки битавонад ин масъаларо ҷамъу ҷур кунад. Вале ба назарам, ин рӯйдод зарбаеро, ки бояд ба эътибори низомӣ ва сиёсии Русия бизанад, задааст; фориғ аз ин ки чӣ гуна мудирият шавад ва поён ёбад.
Ба ҳар ҳол, ин рӯйдод нишон дод, шароит барои Русия бисёр душвор аст ва таҳдидҳо на аз беруни Русия, балки метавонад дар дохили Русия бошад.
Баъд аз оғози ҷанги Укройн интизор мерафт эътирозот нисбат ба ин ҷанг дар ҳавзаи афкори умумӣ ва ҳавзаи расонаҳо ва фазои маҷозии Русия сурат гирад, вале ин тавр нашуд ва алъон шоҳид ҳастем, ки ин эътироз дар ҳавзаи низомӣ сурат гирифтааст.
– Ин шӯриш бар ҷанги Укройн чӣ таъсире метавонад бигузорад?
– Баъид аст таъсире ҷиддӣ рӯйи ҷанг бигузорад, вале ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки русҳо барои сарпӯш гузоштан рӯйи ин мушкили ҳайсиятии пешомада, сатҳи ҷанги Укройнро иртиқо диҳанд, то бозтоби манфии шӯриши гурӯҳи “Вогнер”-ро пӯшиш диҳанд.
Аз он сӯ, укройниҳо ҳам саъй мекунанд аз ин вазъ истифода кунанд ва фишори низомии бештаре ба Русия ворид кунанд. Ҳамин ҳам эҳтимоли ташдиди ҷанг дар Укройнро афзоиш медиҳад.
– Иртиқои ҷанг дар Укройн, яъне истифодаи Русия аз силоҳи атомии токтикӣ?
– Бале, ахиран баҳсҳои зиёде дар бораи ин мавзӯъ аз ҷумла дар худи Русия матраҳ шуда. Таҳлилгарони русӣ ин эҳтимолро ахиран барҷаста кардаанд.
Барҷаста шудани ин эҳтимол мумкин аст то ҳадде мисдоқи фазосозӣ бошад барои тарсондани ғарб. Яъне тафҳими ин нукта ба ғарб, ки агар Русия ба нуқтаи ғайри қобили бозгаште бирасад, дар чунин сатҳе низ иқдом хоҳад кард.
Бархе аз стротежистҳои русӣ тасаввур мекунанд, пурранг кардани чунин эҳтимоле метавонад бар мавзеъи ғарб нисбат ба ҷанги Укройн таъсиргузор бошад. Вале бархе мӯътақиданд, вуруд ба як ҷанги ҳастаӣ ҳатто дар сатҳи токтикӣ, амалан кӯмаке ба тағйири шароити Русия намекунад ва ҳеч бартарии стротежӣ барои Русия эҷод нахоҳад кард.
Далоили мухталифе ҳам матраҳ мекунанд. Аз ҷумла ин ки Русия мумкин аст натавонад паёмадҳои як ҳастаии токтикиро бипазирад. Ин баҳсҳо дар адабиёти таҳлилгарони сиёсии Русия бо ҷиддият матраҳ мешавад. Мумкин аст то ҳадде раҷазхонӣ бошад ва то ҳадде ҳам мисдоқи тавсия ба мақомоти сиёсии Русия бошад.
– Агар Русия бихоҳад аз силоҳи атомии токтикӣ истифода кунад, шаҳри Киевро ҳадаф қарор медиҳад?
– На, ин баҳс матраҳ аст, ки Укройнро нахоҳад зад. Он тавр, ки таҳлилгарони Русия мегӯянд, бештар ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки яке аз кишварҳои Урупои шарқӣ ба вежа Лаҳистон (Полша)-ро бо силоҳи атомии токтикӣ бизанад.
– Дар ин сурат, ки кор ба ҷанг бо НАТО мекашад.
– Бале. Ба ҳар ҳол, Русия наметавонад Укройнро бо силоҳи атомӣ бизанад, чун олудгиҳояш домангири нерӯҳои Русия хоҳад шуд.
Паёмадҳои манфии истифода аз силоҳи атомӣ, ҳарчанд токтикӣ, монеъи истифодаи Русия аз ин силоҳ дар хоки Укройн мешавад. Албатта таҳлилгарони русӣ бештар ба “кишварҳои Урупои шарқӣ” ишора мекунанд, вале эҳтимоли ин ки Лаҳистон (Полша) ҳадафи силоҳи атомии Русия бошад, беш аз соири кишварҳои шарқи Урупост.
– Эҳтимоли суқути Путинро чӣ қадр медонед бо таваҷҷӯҳ ба ин шӯриш ва тӯлонӣ шудани ҷанг?
– Шароит дар саҳнаи амалиётии ҷанг, лаҳза ба лаҳза тағйир мекунад ва воқеан намешавад дар бораи ояндаи дур изҳори назар кард.
Бояд сабр кунем ва бибинем авзоъ чӣ тавр пеш меравад. Беҳтар аст зиёд дур наравем. Қаблан пешбинӣ мешуд эътирозоте дар фазои сиёсӣ ва маҷозии Русия алайҳи ҷанг матраҳ шавад, аммо чандон ин тавр нашуд. Вале баъд аз шӯриши феълӣ, эҳтимолан бештар бо эътирозоти сиёсӣ дар ҷомеъаи Русия мувоҷеҳ хоҳем шуд.
Бинобар ин, эҳтимолан сахтгирии нерӯҳои амниятии Русия бо мухолифони сиёсии Путин шадидтар хоҳад шуд, то шӯриши гурӯҳи “Вогнер” ба як мавҷи мухолифат дар Русия табдил нашавад.
– Пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, то ба ҳол чунин вазъе дар Русия падид омад буд?
– Дар соли 1991 алайҳи Горбачев кудатои нокоме сурат гирифт. Дар соли 1993 ҳам маҷлиси Русия ба тӯп баста шуд. Аммо ин ки як гурӯҳи низомии қобили таваҷҷӯҳ даст ба тамарруд ва шӯриш бизанад ва контроли яке ду шаҳри Русияро дар ихтиёр бигирад, падидае бесобиқа дар даврони пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум аст.
– Ниҳоятан фикр мекунед Укройн чӣ истифодае метавонад аз ин шӯриш бикунад?
– Бале, Укройн ҳатман ин воқеаро як пирӯзӣ барои худаш талаққӣ мекунад ва ба ҳамроҳи ғарб саъй мекунад истифодаи сиёсӣ ва низомии лозимро аз ин моҷаро ба амал оварад. Аммо таъсири амалиаш ҳамон аст, ки гуфтам: ташдиди даргирии низомӣ дар Укройн. Ин шӯриш мумкин аст майли Русия ва Укройн ба афзоиши сатҳи даргирӣ дар ҷангро афзоиш диҳад.
Сойти Асри Эрон
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Беобрӯии бузург; ё ғофилгирии Путин
Подполковники милитсия ба ҷурми одамрабоӣ дастгир шуд

Матолиби пурбоздид