Эй инсон, худатро бишнос

Эй инсон, худатро бишнос

Маърифатнома

“Яке аз қадимтарин дастурҳои ҳакимонаи ҷаҳон, ки ҳам ба василаи анбиё ба башар иблоғ шудааст ва ҳам ҳакимони бузурги ҷаҳон онро ба забон овардаанд ва эътибори худашро ҳамеша ҳифз карда ва балки тадриҷан арзиши он бештар кашф шудааст, ин ҷумлаи маъруф аст, ки:
Эй инсон! Худатро бишнос!
Дар ахбор ва аҳодиси мо ин таъбир мукаррар омадааст, ҳам аз Расули Акрам ривоят шуда ва ҳам ба таъбироти мухталиф дар калимоти амирулмӯъминин Алӣ (а) омадааст, ки:
مَنْ عَرَفَ نَفْسَهُ فَقَدْ عَرَفَ رَبَّهُ
Ҳар кас худро бишносад, парвардигори худро шинохтааст…
Суқрот, ки дар ҳудуди ду ҳазору панҷсад сол пеш мезиста, сухани муҳимме, ки аз ӯ боқӣ монда ҳамин аст, ки:
Худатро бишнос!…
Гондӣ гуфт:
Ман аз мутолиаи Упонишодҳо, яъне қадимтарини китобҳои мазҳабӣ ва ирфонии Ҳинд, се дастур фаро гирифтам ва онҳо дастуруламали ман дар зиндагӣ шуд. Яке ин ки дар ҷаҳон фақат як шиносоӣ вуҷуд дорад ва он шиносоии “худ” аст. Дуввум ин ки ҳар кас худро шинохт, Худоро шинохтааст ва ҷаҳонро. Ва севвум ин ки дар ҳамаи дунё як нерӯ, нерӯи тасаллут бар хештан ва як некӣ, дӯст доштани дигарон вуҷуд дорад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Фалсафаи ахлоқ)
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоиши чашмгири қарзи хориҷии Тоҷикистон
Зӯҳду тақвои Алӣ(а) дар ҳукуматдорӣ

Матолиби пурбоздид