Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаи теруристии Кирмонро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаи теруристии Кирмонро маҳкум кард

Ахбори байналмилал

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои шуҳадо ва мардуми Эрон, ҳодисаи теруристии Кирмонро маҳкум кард.

Дар пайи вуқӯи ҳодисаи теруристии Гулзори шуҳадои Кирмон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли паёме ба Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, зимни маҳкумияти шадиди ин иқдоми теруристӣ, маротиби таслияти амиқ ва ҳамдардии худро ба ҳамтои худ, мардуми шарифи Эрон ва хонаводаҳои шуҳадои ин фоҷеа, иброз ва аз Худованди Мутал барои маҷрӯҳон шифои оҷил масъалат намудааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, матни паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба шарҳи зерин аст:

“Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи теруристӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ҳамдардӣ ва таслияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони ҷонбохтагон иброз менамоям.

Аз Худованди Мутаол барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша теруризмро дар ҳама гуна зуҳуроташ шадидан маҳкум намуда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид мекунад.”

Рresident.tj

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Интиқом барои истиқлол
Панҷ нукта дар бораи ҳодисаи теруристии Кирмон

Матолиби пурбоздид