Эрдуғон: “Исроил бидуни ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ҳатто 3 рӯз давом намеоварад”

Эрдуғон: “Исроил бидуни ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ҳатто 3 рӯз давом намеоварад”
“Гирякунандагон барои Укройн, имрӯз дасташон дар Ғазза ба хун оғишта аст”
Ахбори байналмилал
Aljazeera
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, имрӯз дар тазоҳурот барои ҳимоят аз Ғазза, ки садҳо ҳазор мардум дар он гирди ҳам омада буданд, гуфт: “Касоне, ки дирӯз ба хотири зулму ситам дар Укройн гиря мекарданд, имрӯз аз Исроил ҳимоят мекунанд ва дастонашон дар Ғазза ба хун оғишта аст”.
Ба гузориши Алҷазира, Эрдуғон бо баёни ин ки мо дар ҳоли омодагӣ барои эъломи Исроил ба унвони ҷинояткори ҷангӣ ҳастем, гуфт:
“Мо танҳо ба лаънат кардани саҳюнистҳо, ки дар навори Ғазза ҷиноётеро муртакиб мешаванд, иктифо нахоҳем кард”.
Вай бо ишора ба ин ки Исроил аз суханони ман, мабнӣ бар ин ки Ҳамос ҷунбиши теруристӣ нест, нороҳат шуд, изҳор дошт: “Бори дигар таъкид мекунам, ҳамон тавр, ки бархе муддаӣ ҳастанд, Ҳамос гурӯҳе теруристӣ нест”.
Эрдуғон бо баёни ин ки Ғарб мадюни Исроил аст, аммо Туркия инчунин нест, гуфт: “Касоне, ки то дирӯз барои Укройн ашки тимсоҳ мерехтанд, аммо акнун дар қиболи рухдодҳои Ғазза мӯҳри сукут бар лаб задаанд”.
Раиси ҷумҳури Туркия бо ишора ба ин ки Ғарб масъули аслии иттифоқоти Ғазза аст, тасреҳ кард: “Ғарб аз куштори кӯдакон дар Ғазза комилан ҳимоят мекунад ва дастонашон ба хуни мардуми Ғазза оғишта аст”.
Вай бо ишора ба ин ки Исроил ва дигар гурӯҳҳо аз созмонҳои теруристӣ дар шимоли Сурия ва Ироқ ҳимоят мекунад, гуфт: “Исроил бидуни ҳимояти кишварҳои ғарбӣ се рӯз давом нахоҳад овард, мо дар ҳоли омодагӣ барои эъломи Исроил ба унвони ҷинояткори ҷангӣ ҳастем, он чи дар Ғазза рӯй медиҳад, дифоъ аз хеш нест, балки куштори фаҷеъ аз сӯйи Исроил аст”.
Эрдуғон бо баёни ин ки масъулони Ғарб аз шунидани фарёдҳои мардуми Ғазза ва дархостҳои дабири кулли Созмони Милал кар шудаанд, гуфт: “Он чи дар Ғазза рӯй медиҳад, танҳо масъалаи мардуми Ғазза нест, балки масъалаи ҳамаи мост, мо набояд дар ҷинояте, ки алайҳи аҳолии Ғазза рӯй медиҳад, шарик бошем, ҳамаи кишварҳо ва мардуми минтақа бояд дар қиболи ин ҷиноят муттаҳид шаванд”.
Вай дар поён бо баёни ин ки руҳи субот ва пирӯзии Ғазза дар таърих сабт хоҳад шуд, гуфт: “Акнун дар Ғазза паноҳгоҳе нест, ки мардум ба он паноҳ баранд, ҳамчунин ҳеч обу барқу ғизое дар ин минтақа вуҷуд надорад”.
Aljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Итоати Худо ва итоати ғайри Худо
Шамъи ин маҳфил биё!

Матолиби пурбоздид