Эрдуғон: Ҳамла ба бемористони Маъмадонӣ ваҳшигарии бесобиқа
Ахбори Фаластин
Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар бомбборони бемористони Ал-Маъмадонии Ғазза вокуниш нишон дод.
Эрдуғон гуфт: Ҳамла ба бемористоне, ки занону кудакон ва ғайринизомиёни бегуноҳро дармон мекунад, охирин намуна аз ҳамалоти Исроил аст, ки аз асоситарин арзишҳои инсонӣ холӣ аст!
Раиси ҷумҳури Туркия изофа кард: Ман аз ҳамаи башарият мехоҳам, ки барои таваққуфи ин ваҳшигарии бесобиқа дар Ғазза иқдом намоянд!
Қаламонлайн