Вақте Туркия кишварҳои халиҷро аз бунбасти тангаи Ҳурмуз наҷот медиҳад
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Тобнок
Туркия аз тарҳи як хатти роҳи оҳан миёни халиҷи Форс ва Урупо парда бардошт. Ин шабакаи роҳи оҳани байналмилалӣ аз савоҳили баҳри Уммон то Урупо эҷод хоҳад шуд, ки “Эҳёи роҳи оҳани Ҳиҷоз” номида мешавад. Масири пешниҳодии ин барнома ба тартиб Уммон, Арабистони Саудӣ, Ӯрдун, Сурия ва дар ниҳоят Туркия ва баҳри Медитарона (Миёназамин) аст.
Дар сурати иҷро, ин роҳи оҳан метавонад халиҷи Форсро аз тариқи хоки Сурия ва Туркия ба шабакаи ҳамлу нақли Урупо муттасил кунад ва кишварҳои халиҷ нафти худро аз он тариқ ба Урупо мунтақил кунанд ва дигар ниёзе ба тангаи Ҳурмуз ва пардохти авориз ба Эрон надошта бошанд.
Қаламонлайн













